Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достони як зани афғони сокини Бохтар


Осифаи Ғуломсафдар
Осифаи Ғуломсафдар

Як шаҳрванди Афғонистон, ки ҳудуди 18 сол боз дар Тоҷикистон бидуни ягон ҳуҷҷат зиндагӣ дорад, аз Ашрафғанӣ Аҳмадзай барои дидорбинӣ бо аҳли оилааш кумак хостааст.

Осифаи Ғуломсафдар, зани 38-солаи афғон, ки 18 сол ба ин сӯ дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад, аз Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури тозаинтихоби Афғонистон дархости кумак кардааст.

Осифа, ҳамсари як сокини вилояти Бохтари вилояти Хатлон, мегӯяд, ҳоло беш аз ҳама дидори модарашро мехоҳад. Аммо сафар ба Ватан барояш номумкин аст, зеро ҳуҷҷате надорад. Бист сол пеш вай як ҷавони гурезаи тоҷикро дӯст дошт ва бо вуҷуди мухолифати наздиконаш бо ӯ издивоҷ кард. Вақте гурезаҳои тоҷик ба Ватан баргаштанд, ӯ низ бо шавҳараш Ҳасан ба Тоҷикистон омад.

“Шавҳарамро дӯст дошта арӯсӣ кардам, вале пайвандонамон розӣ набуданд ва борҳо афғонҳо шавҳарамро латту кӯб карданду ҳуҷҷатҳояшро даронданд. Вале вақте гурезаҳо баргаштанд, ман ҳам баргаштам, ки афғонҳои худамон дар бандар ҳуҷҷатҳоямро низ гирифтанд. Ҳоло ҳам ҳуҷҷат надорам,” - нақл кард ӯ.

Осифа бо кумаки ҳукумати ноҳияи Бохтар барои 7 фарзандаш, ки аз ҳама хурдияш 3 сол дорад ва калонияш 20-сола аст, зоднома (шаҳодатномаи таваллуд) гирифт, аммо худаш санаде надорад, чун мақомот намедонанд, ин санадро бар пояи кадом ҳуҷҷат омода кунанд. Осифа ба Радиои Озодӣ мегӯяд, ҳарчанд ба идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва сафорати Афғонистон муроҷиат кард, ки вай зодаи маҳаллаи Ализохони Кобул аст, ба ӯ бовар намекунанд ва дар сафорати Афғонистон ҳатто нахостаанд, арзашро шунаванд.

Осифаи Ғуломсафдар
Осифаи Ғуломсафдар

Солҳои зиёд Осифа фироқи модар ва дурӣ аз хешонашро дар фазои пур аз муҳаббате, ки шавҳараш офарида буд, гӯиё ҳис намекард. Аммо чанде пеш шавҳараш, ки дар бозор аробакашӣ мекард, фавтид ва вазъи Осифа бадтар шуд. Вай мегӯяд, ҳар лаҳза симои модар пеши назараш меояд: “Писарам, ки калон шавад ва агар зинда бошам, орзу дорам, ба дидани падару модар раваму онҳоро дар оғӯш бигирам. Ҳама пайвандонамро ёд мекунам, вале аз Худованд талаб дорам, дидори модарамро насиб гардонад.”

Вай мегӯяд, қасди бозгашти ҳамешагӣ ба Афғонистонро надорад, чун шавҳараш дар ин ҷо ба хок супурда шудааст ва фарзандонаш низ дар ин ҷо бузург гардидаанд, аммо ягона мақсади ӯ дидори модараш аст: “Мани камбахт аз тоҷикҳо ҳеч озоре надидаам ва ҳамеша кӯмакам мекунанд. Ҳафт фарзанд дорам, ки зодгоҳашон ин ҷост. Писаронам дар хонаи кӯдакони Қубодиён ҳастанд, ки дер-дер ба наздашон меравам. Ростӣ, дар ид натавонистам пешашон равам, чун роҳ дур аст ва роҳхарҷӣ надорам.”

Вазъи зиндагии хонуми Осифа ва фарзандонаш хеле бад аст. Ба иллати камбизоатӣ писари калонияш таҳсил накардааст ва аммо соли равон фарзандони хурдияш, ки ҳуҷҷати расмӣ гирифтанд, ба мактаб рафтанд. Вақте дар хонаи онҳо будем, барои фарзандонаш аз гӯшти хайркардаи сарватмандони деҳа шӯрбо, ғизое бо гӯшт, сабзию пиёз омода карда буд, вале рӯи дастархонашон пораҳои нон кам дида мешуд, чун халтаи ордашон тамом шуда нонашон низ камтар будааст. Аммо ин мушкилест, ки ин зани афғон борҳо рӯбарӯ мешавад ва онро аз тақдиру насибаш медонад.

XS
SM
MD
LG