Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Саркашӣ аз артиш" – сабаби баста шудани чанд масҷид дар Хатлон? ВИДЕО


Сокинони ҷамоати Навобод дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ хабар доданд, ки мақомот ба хотири даъвати ҷавонон ба артиш ба дари панҷ масҷид муҳр задаанд. Мақомот мегӯянд, барои тарс додани мардум чунин нақшае доштанд, вале онро амалӣ накардаанд.

Яке аз сокинони деҳаи Пушкини ҷамоати Навобод ба шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби 5 май намози таровеҳро дар хонаи яке аз ҳамсояҳо хонданд. Ба қавли ӯ, "рӯзона ба масҷиди деҳа то бист нафар меомад. Шаби аввали таровеҳ ҳафтод нафар ҷамъ шуд."

Ҳамсуҳбати мо гуфт, дари масҷидҳоро охири моҳи апрел бастанд. Дар ҷамоати Навободи ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ панҷ масҷид сабтином шудааст.

Имом гуфт, дари масҷидҳоро кушодаанд

Масҷиди деҳаи Пушкин. Аксро сокинон ба Радиои Озодӣ фиристоданд
Масҷиди деҳаи Пушкин. Аксро сокинон ба Радиои Озодӣ фиристоданд

Қиёмиддин Зайниддинов, имоми масҷиди деҳаи Пушкин, 7 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дари масҷидҳоро кушодаанд. Вале ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи онки чаро масҷидҳо то ин дам баста буданд, ҷавоб надод ва гӯширо гузошт.

Дар зимн, сокинони деҳаи Пушкин ба Радиои Озодӣ аксеро фиристоданд, ки дар он ба дари масҷид муҳр зада шудааст. Дар поёни нома насаби Қиёмиддин Зайниддиновро навиштаанд. Дар нома гуфта шудааст, ки "бо фармони раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хотири пурра набудани ҳуҷраҳои масҷид, тоза набудани он ва саркашӣ кардани ҷавонон аз сарбозӣ масҷид муваққатан баста мешавад".

Ду ҳафта пеш як гурӯҳ аз сокинони ноҳияи Нуробод низ гуфтанд, ки мақомот дари масҷидҳоро ба рӯяшон баста ва гуфтаанд, аввал ҷавононро ба артиш фиристед, баъд барои намозхонӣ иҷозат аст. Ҳарчанд мақомоти ноҳияи Нуробод инро рад карданд, чанд сокини ноҳия ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки рӯзи 26-уми апрел ҳадди ақал дари ду масҷиди ҷомеъ баста буд.

Ҳушдори мақомот

Убайдуллои Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, рӯзи 7-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд нақшаи даъвати баҳорӣ ба артиш пурра иҷро нашудааст, аммо дари масҷидҳоро набастаанд.

Раиси ҷамоати Навобод Саидмурод Камолзода ба Радиои Озодӣ гуфт, ба мардум ҳушдор дода буданд, ки агар нақшаи даъват иҷро нашавад, ҳангоми таровеҳ масҷидҳоро мебанданд. Ӯ гуфт, азбаски нақшаи даъват дар ҷамоати онҳо беш аз 90 дар сад иҷро шуд, ба бастани дари масҷидҳо иқдом накарданд.

Раиси ҷамоат: "Мо мардуми табармусалмонем"

"Мехоҳанд, ки оромӣ бошад ва кайф карда, дар хонаҳояшон хоб раванд. Ба мактабу бозор раванд. Аммо намефорад, хидмати сарбозӣ кунанд, марзҳоро муҳофизат намоянд. Мо дар Сибир, ҷое ки 50-60 дараҷа сард аст, хидмат кардем. Моро ҳеч бало назад. Чӣ мешавад, ки ба ватани худ хидмат кунанд?" – гуфт ӯ дар суҳбати телефонӣ.

Раиси ҷамоат афзуд, ҳатто худи ӯ ба мардум ҳушдор додааст, ки "барқро хомӯш ва обро қатъ мекунем. Мо табармусулмонем-ку."

Дар гузашта мақомот барои даъвати ҷавонон ба артиш асосан ваъдаи тақсими замин ё кумаки молӣ дар маъракаи арӯсиро медоданд. Аммо баъзе аз ҷавонон шикоят карданд, ки баъди бозгашт аз сарбозӣ ваъдаи мақомот фаромӯш шудааст.

Даъвати баҳории ҷавонон ба артиш рӯзи якуми апрел оғоз шуд ва то охири моҳи май идома мекунад.

XS
SM
MD
LG