Мақомоти ноҳияи Вахш ба баҳсҳо дар мавриди худкушии пурсарусадои як омӯзгори ҷавон, нуқта гузоштанд. Шаҳнозаи Анварии 26-сола, авоили моҳи май даст ба худкушӣ зада буд.
Мақомот мегӯянд, ду ҷавоне, ки моҳи майи соли ҷорӣ мехостанд, ба бинои ШКД-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамла кунанд, эътироф кардаанд, ки ба хотири қасос ин амалро анҷом додани буданд.
Пизишкон дар ҷануби Тоҷикистон ба сокинони вилояти Хатлон ҳушдор додаанд, ки дар рӯзҳои гармо аз эҳтиёт кор бигиранд ва нагузоранд, ки нурҳои офтоб ба саломатии онҳо асар кунад.
Марги як сокини ноҳияи Қубодиён аз гирифторӣ ба таби хунин (лихорадка) ва марги ду сокини ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) бо гумони олудагӣ ба ин беморӣ дар як моҳи ахир, мояи нигаронии сохторҳои беҳдошти вилояти Хатлон шудааст.
Сардори раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон дар як нишасти хабарӣ дар Қӯрғонтеппа гуфт, ки мақсади аслии хешовандони полковник Ҳалимов - пайвастан ба ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар Афғонистон буд
Додситонии ноҳияи Восеъ таҳқиқи парвандаи "ба худкушӣ расидани" Рҷаббӣ Хуршедро анҷом дода онро ба додгоҳ ирсол намуд.
Идораи оташнишонии вилояти Хатлон тасдиқ кард, ки сӯхтори хонаи додраси Додгоҳи ноҳияи Панҷ Тоҷиддин Қурбониён, ки моҳи июн расман ба гирифтани ришва муттаҳам ва аз вазифа сабукдӯш шуд, қасдан оташ зада шуд ва дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз гардид.
Тоҷиддин Қурбониён, додраси Додгоҳи ноҳияи Панҷ, расман ба гирифтани ришва муттаҳам шуд.
Барои нахустин бор Додситонии вилояти Хатлон дар робита ба таркиши рӯзи 12-уми март дар шаҳри Қӯрғонтеппа изҳори назар кард.
Шариф Шербеков, марди узбактабори 60-сола аз деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиён аст, ки муддатест танҳо зиндагӣ мекунад ва мардум низ аз ӯро "марди танҳо" ном мебаранд.
Шариф Шербеков, марди узбактабори 60-сола аз деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиён тайи чанд соли ахир танҳо зиндагӣ мекунад ва мардум низ аз ӯро "марди танҳо" ном мебаранд. Ҳама аҳли хонавода ба хотири рафтан ба Сурия ва Ироқ, ӯро тарк карданд.
Додситонии ноҳияи Восеъ алайҳи Зафар Пиров, шавҳари Раҷаббӣ Хуршеди ҳаждаҳсола, бо иттиҳоми “ба худкушӣ расондан” парвандаи ҷиноӣ боз карда, ҳодисаро таҳқиқ дорад.
Додситонии ноҳияи Восеъ алайҳи Зафар Пиров, шавҳари Раҷаббӣ Хуршеди ҳаждаҳсола, бо иттиҳоми “ба худкушӣ расондан” парвандаи ҷиноӣ боз карда, ҳодисаро таҳқиқ дорад. Ин моддаи қонуни ҷиноӣ аз панҷ то ҳашт соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Вакилони маҷлиси вилояти Хатлон аз тағйири номи шаҳри Қӯрғонтеппаву Сарбанд ва ноҳияи Бохтар пуштибонӣ карданд. Номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар иваз шуда, ноҳияи Бохтар исми Кушониёнро хоҳад гирифт. Шаҳри Сарбанд номашро ба Леваканд табдил медиҳад.
Дар пайи хуруҷи бемории домана дар хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидови ҷамоати “Бохтариён”-и ноҳияи Бохтар 5 зану кӯдак бистарӣ шуданд. Бо тасмими мақомоти беҳдоштӣ, пизишкон хона ба хона гашта, сокинонро аз назари эҳтимоли гирифторӣ ба ин беморӣ ташхис мекунанд.
Дар пайи тасдиқи гирифтории 5 сокини Бохтар ба домана ва эҳтимоли олудашавии даҳҳо тани дигар, табибон дар Хатлон хона ба хона гашта вазъи сиҳҳатии сокинонро мавриди санҷиш қарор медиҳанд.
Маҳина Абдуллоева ҳар вақт, ки аз хона берун мешавад, лаҳзае рӯ ба рӯи симчӯби нимасӯхтаи миёни деҳа манъ мешавад. Ӯ ба симчуб менигарад ва зери лаб чизе мегӯяд. Симчӯби нимасӯхта, ҳайкали тираи ҷанг дар саҳифаи зиндагии Абдуллоева аст
Саргузашти Маҳина Абдуллоева - як сокини солхӯрдаи деҳаи Чӯянчии ноҳияи Шаҳритус, ки дар солҳои нооромӣ чанд тан аз наздиконаш, аз ҷумла шавҳар ва писарашро аз даст додааст.
Абдуҷалил Сангинов -- як олими зироатпарвар дар Қӯрғонтеппа, дар рӯзҳои душвори ҷанги дохилӣ тавонист тухмиҳои нодири пахтаро ҳифз кунад.
Тобистон ва тирамоҳи соли 1992 шаҳри Қӯрғонтеппа маркази ҷанги шаҳрвандӣ буд. Сокинони онро дар он рӯзҳо ҳар лаҳза марг таҳдид мекард. Ҳама дар фикри наҷоти ҷони худу наздиконашон буданд.
Ёфтҳои бештар