Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаҳои ногуфтаи ҷанг. Саргузашти Маҳина Абдуллоева. ВИДЕО


Маҳина Абдуллоева.
Маҳина Абдуллоева.

Маҳина Абдуллоева ҳар вақт, ки аз хона берун мешавад, лаҳзае рӯ ба рӯи симчӯби нимасӯхтаи миёни деҳа меистад. Ба он менигараду зери лаб чизе мегӯяд ва сокинони деҳаи Чӯянчии ноҳияи Шаҳритус ҳам ӯро мефаҳманд. Симчӯби нимасӯхта, ҳайкали тираи ҷанг дар саҳифаи зиндагии Абдуллоева аст. 25 сол пеш дар ин ҷо яке аз азизонашро куштаанд. Бибии Маҳина мегӯяд, ки танҳо аз пораи ҷелакаш, ки дар симчӯб банд монда буд, фаҳмиданд, ки ӯ дар инҷо кушта шудааст.

"Маҳина Абдуллоева фоҷиаи ба сараш омадаро амри тақдир медонад, бо гузаштааш мехоҳад созиш кунад, аммо наметавонад марги азизонашро фаромӯш кунад..."

Маҳина Абдуллоева худ ва шавҳараш Ғуфронро аз диёри Бурхи Валӣ мегӯяд. Бурхи валӣ яке аз орифонест, ки дар водии Вахё дафн шудааст. Ӯ дар бораи оғози нооромиҳо мегӯяд, ки модараш аз шаҳри Кӯлоб буд ва бинобар ҳамин, ҳар моҳ ба ин шаҳр мерафт. Аввалҳои солҳои 90 наздиконаш ҳар боре ба масҷид мерафтанд, аз оғози як ҷанг сӯҳбат мекарданд. Ӯ низ вақте аз Кӯлоб ба Шаҳритус бо ин хабарҳо бармегашт, мавриди "маломат"-и занҳо қарор мегирифт, ки "меравӣ, дар ба дар мегардиву як хабарро меорӣ."

Маҳина Абдуллоева то замони оғози ҷанг бо 10 фарзандаш зиндагии осоиштае дошт, дар колхоз кор мекард ва ҳеҷ тасаввур намекард, ки рӯзу рӯзгоре чунин балое ба сарашон меояд: "Ду бегоҳ садои тир шуд. Халқ хест, лаби дарё гурехт. Хестем, мо ҳам лаби дарё рафтем".

Абдуллоева бо 17 фарзанду наберагонаш аз тарс деҳаро тарк карданд ва худро то марзи марзи Афғонистон расониданд. Аммо шавҳараш бо неву нестони Маҳина Абдуллоева гӯш надод ва ба хотири хонаву дар ва гову мол, дар деҳа истод ва гуфт, "не, занак, ҳамин ҷо меистам, мани пирро чӣ мегӯянд."

Ғуфрон Шукураков, шавҳари 59-солаи Маҳина Абдуллоева кишоварз буд. Бачаҳояш пинҳонӣ омада аз қишлоқ ба "застава" паноҳгоҳи ҳазорҳо нафар маводи ғизоӣ мебурданд. Писари 17-солааш Абдуқаҳҳор, баъд аз чанд вақт гуфт, ки пеши падар дар хона мемонад ва ба ӯ кӯмак мекунад. Ба нақли Абдуллоева, "гов зоида буду бараву майдаву чайда. Гуфт, оча ман равам, як барраҳоямро нигоҳ кунаму гӯсолаҳоро бинаму бо падарам гашта меоям. Ин дафъа, ки бачаам рафт, дигар наомад."

Ӯ чигуна ба қатл расидани шавҳар ва писарашро нақл мекунад ва ба симчӯби нимсӯхта ишора мекунад, ки дар ҳаминҷо 6-7 нафар ҳамсарашро боздошт карданд ва бо сим дар симчӯб бастанд ва оташ заданд. Дар бораи наҳваи кушта шудани писараш мегӯяд, ки Абдуқаҳҳорро низ дар ҳамин кӯча боздошт карданд ва ба қатл расонданд.

Бибии Маҳина, симчӯби нимасӯхта ва фоҷеаи ҷанг
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:20 0:00

Маҳина Абдуллоева ҳамроҳ бо ҳазорон тани дигар, роҳи Афғонистонро пеш гирифт. Ӯ мегӯяд, шабе, ки гурезаҳо дарёро убур карданд, "моҳтоб гирифтагӣ буд" ва 12 оила тавонистанд аз дасти гурӯҳҳои мусаллаҳ наҷот ёфта ва солим ба онсӯи Ому гузаранд. Ба нақли Маҳина Абдуллоева, бисёр афроде буданд, ки аз хавфи ба дасти силоҳбадастон наафтодан, худро ба дарё андохтанд.

Хонаводаи Маҳина Абдуллоева ва Ғуфрон Шукураков.
Хонаводаи Маҳина Абдуллоева ва Ғуфрон Шукураков.

Сафари Маҳина Абдуллоева ба Афғонистон панҷ сол тӯл кашид, ки як дафтари дигаре аз хотироти ҷанги ин пиразан аст. Дар Афғонистон хона бунёд карданд, ду духтарашро бо ду ҷавони муҳоҷир хонадор кард.

Вале айни замон фоҷиа идома дошт, чун ҳар рӯз дар диёри муҳоҷират чанд нафар ҷон медод -- яке аз беморӣ, дигаре аз зиндаҷудоӣ ва ёди ватан. Ҳарчанд ба гуфтаи Маҳина Абдуллоева, мардуми афғон ба ҳар васила мехостанд муҳоҷиринро таскин диҳанд ва дастгирӣ намоянд, аммо, боз ба хаёли зиндагии оромтар, ба Тоҷикистон баргаштанд.

Маҳина вақте бори аввал аз диёри муҳоҷират ба хоки Тоҷикистон пой гузошт, дуо кард, ки "Худои карим, дигар ғарибиро нишон надиҳад. бимирем дар хоки ватан бимирем, дар ҳамин кулбаи вайронаи худамон бимирем."

Маҳина Абдуллоева фоҷиаи ба сараш омадаро амри тақдир медонад, бо гузаштааш мехоҳад созиш кунад, аммо наметавонад марги азизонашро фаромӯш кунад...

XS
SM
MD
LG