Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додраси Додгоҳи Панҷ ба гирифтани ришва муттаҳам шуд. САДО


Тоҷиддин Қурбониён, додраси Додгоҳи ноҳияи Панҷ, расман ба гирифтани ришва муттаҳам шуд. Мақомоти Додгоҳи вилояти Хатлон гуфтанд, ки алайҳи Қурбониён бар асоси моддаи 319-и қонуни ҷиноӣ, яъне "гирифтани пора аз ҷониби афроди мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав дар намуди пул ва коғазҳои қиматнок" парванда боз шуда, худи ӯ ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат дар озодист.

Як додраси Додгоҳи ноҳияи Панҷ ба ришвагирӣ муттаҳам шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:40 0:00
Линки мустақим

Саидзода моҳи октябри соли гузашта ба 11 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар Идораи мубориза бо фасоди вилояти Хатлон мегӯянд, ки Тоҷиддин Қурбониён рӯзи 22-юми июни имсол бо иттиҳоми гирифтани "пора" боздошт шуда, сипас, ба шарти тарк накардани маҳалли зист аз боздошт раҳо шуд. Як манбаъ дар ин ниҳод рӯзи 14-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷиддин Қурбониён дар чанд ҳолати гирифтани ришва муттаҳам мешавад, аммо дар ҳолати ахир аз ӯ 10 ҳазор сомонӣ ё каме беш аз ҳазор доллар гирифта шудааст. Ин мусоҳиби мо ҷузъиёти бештарро ироа накард, аммо гуфт, ин маблағро асосан “барои дахолат ба парвандаи як сокини ноҳияи Панҷ” гирифтааст.

Бинои Додгоҳи вилояти Хатлон
Бинои Додгоҳи вилояти Хатлон

Рустам Мирзозода, раиси додгоҳи вилояти Хатлон, низ рӯзи 13-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, тафтиши қазияи Қурбониён идома дорад ва дар сурати ниҳоӣ шудан дар тарозуи додгоҳ гузошта хоҳад шуд. Ин нахустин тасдиқ ва шарҳи расмӣ дар бораи қазияи муттаҳам ба фасод шудани Тоҷиддин Қурбониён аст.

Ду ҳафта пеш раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо як фармони худ Тоҷиддин Қурбониёнро “ба далели риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ва содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад” аз мақоми додраси Додгоҳи ноҳияи Панҷ озод кард. Вале дар ин фармон дақиқ гуфта нашуда буд, ки ӯ дар фасоди молӣ даст дорад.

Худи Тоҷиддин Қурбониён ба занги телефонии Радиои Озодӣ ҷавоб дод, аммо гуфт, ба сабаби беморӣ наметавонад дар бораи қазияаш суҳбат кунад. Ӯ аз ин бештар ҳарф назад ва ҳам нагуфт, ки оё ин иттиҳом нисбат ба ӯ то куҷо ҳақиқат дорад ва барои бозбиниаш талош хоҳад кард, ё не.

Искандар Саидзода
Искандар Саидзода

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, боздошту барканории баъзе аз додрасҳо ва он ба иттиҳоми гирифтани “пора” эътимоди бе ин ҳам то ҳадде костаи мардум ба адолати додгоҳӣ дар кишварро камтар хоҳад кард. Тайи тақрибан ду соли ахир чанде аз додрасҳои минтақаҳои кишвар бо иттиҳоми риоя накардани қонунҳо ҳангоми баррасии парванда ва кирдори пастзанандаи додрасҳо аз мақомҳояшон барканор ва бархеи онҳо ба зиндон маҳкум шудаанд.

Аз ҷумла, моҳи январи имсол бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон раиси додгоҳи ноҳияи Нуробод Ғайбулло Мирзозода аз мақомаш барканор шуд. Дар фармони Эмомалӣ Раҳмон сабаби барканории раиси додгоҳи ноҳияи Нуробод “риоят накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо” ва “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” гуфта шудааст.

Дар гузашта низ чандин ҳолатҳои барканор кардани судяҳо барои риоя накардани қонун, аз мақомашон иттифоқ афтода буд. Аз ҷумла, соли гузашта раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Хуршед Сангинзода ва додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ Искандар Саидзодаро барои ришваситонӣ аз мақомҳояшон барканор карда буд.

Бинои Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон
Бинои Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон

Мақомот гуфта буданд, ки Искандар Саидзода – додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакиро бо иттиҳоми гирифтани 111 ҳазор доллар пора дастгир кардаанд. Ӯ дар ивази ришва нисбат ба ду нафар ҷазои ғайриҳабсӣ, яъне ҷаримаро татбиқ кардааст. Саидзода моҳи октябри соли гузашта ба 11 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳоло дар Тоҷикистон наздик ба 500 додрас фаъолият доранд.

Тоҷикистон дар гузоришҳои байналмилалӣ дар радифи кишварҳои фасодзадатарин номбар шуда, барои он интиқод мешавад, ки дар роҳи мубориза бо фасод танҳо бо таъқиби “моҳичаҳои хурд”-е, чун омӯзгорону табибон ё кормандони ҷамоатҳову коммисариатҳои низомӣ маҳдуд шуда, мансабдорони баландпоя ва бонуфузашро кор намегирад.

Дар соли 2007 дар Тоҷикистон ба хотири тақвияти мубориза бо фасод Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод ташкил шуд. Ҳоло, бино ба хабарҳо, ҳафт корманди ин ниҳод, аз ҷумла бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуда, тафсилоти бештари қазияашон ошкор нашудааст.

XS
SM
MD
LG