Ҳаққи зиндагӣ, амният ва ҳарими хусусии зиндагӣ аз бахшҳоест, ки дар Эъломияи Ҳуқуқи Башар ба он аҳамияти аввалиндараҷа қоиланд. Дар гузориши ахири Мартин Шейнин, устоди ҳуқуқ аз Донишгоҳи аврупоии ҳуқуқ, ки аз номи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ рӯзи ҷумъа ба нашр расид, бар ин нукта ишора шудааст, ки набуди назорат ва масъулияти сиёсиву ҳуқуқӣ барои фаъолияти ғайриқонунии ниҳодҳои кашф замина фароҳам овардааст.
Бино ба ин гузориш, ниҳодҳои кашф дар анҷоми амалиёти муштарак, дар бозпурсиҳо ширкат меҷӯянд ва ё худашон ба таври мустақил бозпурсиҳо анҷом медиҳанд ва маълумот ҷамъоварӣ мекунанд. Онҳо чунин маълумотро метавонанд барои идомаи кор аз ниҳодҳои ҳамсони дигар низ бигиранд ё худашон ба чунин ниҳодҳо бифиристанд.
Ин кор аз як тараф метавонад, барои фаъолияти хусусии ниҳодҳо судманд бошад, аммо аз сӯи дигар ҳуқуқи инсонҳоро нақз ва дар баъзе маврид ҳаёти онҳоро ба хатар рӯ ба рӯ кунад. Фаъолияти чунин ниҳодҳо гоҳо ғайриқонунӣ ва ё бо дастури пинҳонии мақомоти ҳукуматӣ анҷом мегирад. Дар гузориши Шӯрои ҳуқуқи башар гуфта мешавад, ки дар чунин ҳолатҳо чунин кор заминае нақзи ҳуқуқи башарро фароҳам меорад.
Аз Абдулкарими Лоҳиҷӣ, ноиби раиси Федерацияи Ҳуқуқи Башар дар Порис мепурсам, то куҷо чунин амал ба муқаррароти ҳуқуқи башар мутобиқат мекунад?
Абдулкарими Лоҳиҷӣ: "Он чизе, ки назари Шӯрои Ҳуқуқи Башар будааст, ин аст, ки ҳарими зиндагии хусусии шахсиятҳои иҷтимоӣ, шахсиятҳои сиёсӣ ҳам мисли ҳамаи афрод ва инсонҳо мавриди ҳимоят қарор бигирад ва дар расонаҳои хабарӣ, чӣ рӯзнома, чӣ интернет ва чӣ радио ва телевизион масоили хусусии зиндагӣ матраҳ нашавад"
Аз сӯи дигар Абдулкарими Лоҳиҷӣ мегӯяд, агар маълумот на зиндигии хусусӣ, балки фаъолиятҳои сисёсиву иҷтимоии инсонҳоро дар бар бигирад, дар он сурат пахши маълумот аз сӯи ниҳодҳои кашф ё иттилоотӣ нақзи ҳуқуқ дониста намешавад:
Абдулкарими Лоҳиҷӣ: "Вале агар марбут ба фаъолиятҳои иҷтимоии онҳо, марбут ба изҳори назарҳои онҳо дар масоили сиёсӣ-иҷтимоӣ, ақидаҳои сиёсии онҳо бошад, ин мухолифи ҳуқуқи башар нест ва бо мавозини ҳуқуқи башар мутобиқат дорад"
Дар гузориши Шӯрои Ҳуқуқи Башар омадааст, ки кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой Чину Русия , Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистон байни худ дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоиталабӣ ва тундгароӣ созишномаи ҳамкорӣ имзо кардаанд ва ниҳодҳои кашфи ин кишварҳо маълумоти сиррӣ ё маҳрамонаро байни худ додугирифт мекунанд, ки он боиси нигаронист.
Дар гузориш омадааст, ин кишварҳо бояд қонунҳое ба тасвиб расонанд ва замонат диҳанд, ки маълумоти сиррӣ дар бораи инсонҳо махфӣ нигаҳ дошта мешавад ва ҷосусон ба он дастрасӣ нахоҳанд дошт.
Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқшинос ва узви ҳайати мушовираи вакилони мудофеи шаҳри Душанбе мегӯяд, баъд аз ҳамлаи террористии 9-уми сентябри соли 2001 ба Амрико ин кишварҳо барои ҳамкорӣ бар зидди терроризм тавофуқоти ҳамкорӣ доранд ва касе наметавонад замонат диҳад, ки ин тавофуқот бар зарари ҷониби дигаре нест: "Ҳар як амал дар бораи додугирифти маълумот ва ҳар созише, ки ба даст меояд, он созишҳо аз паси худ боз маҳдуд кардану поймол кардани ҳуқуқҳои дигар нафаронро ҳам думбол мекунад. Албатта, мо ҳоло гуфта наметавонем, ки ин созиш дар мадди аваал, агар барои бехатарии минтақа ва бехатарии ҷомеъа дар ин минтақа равон карда шуда бошад, аз тарафи дигар дигар ҳуқуқҳоро поймол ва ё вайрон намекунад."
Аммо дар қонунҳои Тоҷикистон чӣ тавр? Оё ифшои маълумот аз сӯи ниҳодҳои кашфи Тоҷикистон тибқи қонуни ин кишвар раво дониста мешавад? Вакил Юсуфов дар посух мегӯяд, маълумот аз маълумот фарқ дорад: "Мо бояд маълумотро аз маълумоти дигар фарқ кунем ва бифаҳмем, ки маълумот ба чӣ ҳадаф ифшо шудааст. Маълумот ба шаъну эътибори шахс дахолат дорад ё не? Агар аз ифшо ё пахши маълумот эътибори шахсӣ коста шавад, гап дар бораи чизи дигар меравад. Вале агар эътибор коста нашавад, ба шаъну эътибори шахс иртибот надошта бошад, он ҳеҷ хатаре надорад ва нақзи ҳуқуқ дониста намешавад."
Вақтҳои ахир миёни кишварҳои мухталиф истифода аз нармафзорҳои дорои маълумоти сиррӣ низ мушоҳида мешавад. Масалан, Амрико, Канада, Чин, Олмон Исроил ва баъзе кишварҳои дигар аз тариқи интернет ин шеваро ба кор мебаранд, ки хатари дастраси ҷосусон шудани чунин маълумоти сиррӣ аз имкон дур нест.
Гоҳо кайфияти заъифи чунин нармафзорҳо барои ифшои маълумоти сиррӣ метавонад хатарҳое дар пай дошта бошад. Бо назардошти имконоти фании қарни кунунӣ коршиносон ниҳодҳои зидахлро ба эҳтиёткорӣ даъват кардаанд, то ифшои маълумот боиси нақзи ҳуқуқи касе нашавад.
Бино ба ин гузориш, ниҳодҳои кашф дар анҷоми амалиёти муштарак, дар бозпурсиҳо ширкат меҷӯянд ва ё худашон ба таври мустақил
Маълумоти марбут ба зинадгии хусусӣ бояд таҳти ҳимоят бошад...