Вай дар ин мақом Байтуллоҳ Маҳсуд, раҳбари пешини Толибонро, ки зоҳиран дар як ҳамлаи нируҳои амрикоӣ кушта шудааст, иваз кард. Аммо мақомоти кашфи Покистон дар Исломобод ба ин таъйинот шак доранд ва онро як навъ талоши раҳбарони Толибон барои аз ҳам напошидани гурӯҳҳои Толибон дар набуди як раҳбари шинохташуда медонанд.
Мақомоти расмии Покистон ва Амрико мегӯянд, Байтуллоҳ Маҳсуд рӯзи 5-уми август дар ҷараёни ҳамлаи мушакии нируҳои Амрико дар минтақаи қабиланишини Вазиристони Ҷанубӣ дар наздикии марз бо Афғонистон кушта шудааст. Аммо Толибон иддао мекунанд, ки Байтуллоҳ зинда, вале бемор аст. Хабаргузориҳо аз қавли мавлавӣ Фақир Муҳаммад навиштаанд, ки шӯрои Толибон ба иттифоқи раъйҳо Ҳакимуллоҳи 28-соларо раҳбари худ интихоб кардаанд, зеро "Байтуллоҳ ба таври ҷиддӣ бемор аст" ва мехоҳад вориси худро дар зиндагиаш интихоб кунанд.
Ҳакимуллоҳ аз муттаҳидони наздики Байтуллоҳ дониста мешавад. Ҳакимуллоҳро аз Байтуллоҳ ҳам хашинтару бадқаҳртар мегӯянд. Ҳакимуллоҳ то ҳол раҳбари низомии созмони Таҳрики Толибони Покистон буд, ки онро Байтуллоҳ барои иттиҳоди 13 гурӯҳи тундрав дар манотиқи қабиланишин ташкил кард. Ҳакимуллоҳ масъулияти бомбгузориро дар меҳмонхонаи Перл Континентал дар Пешовар бар ӯҳда гирифт, ки дар ин ҳамлаи интиҳорӣ 11 нафар кушта, бештар аз 50 нафар ҷароҳат бардоштанд. Вай ҳамчунин дар паси ҳамлаи ногаҳонӣ ва фоҷеъаоез ба дастаи крикетбозони Шри-Ланка қарор дорад, ки моҳи март дар Лоҳур анҷом ширифт.
Бино ба гузоришҳо, Ҳакимуллоҳ ҳудуди 2000 нафар тундравҳои толиби покистониро дар минтақаҳои Хайбару Хуррам ва Оракзай зери назорати худ дорад.