Шояд камтар касоне аз корбарони Интернет огаҳӣ дошта бошанд, ки шабакаи ҷаҳонӣ рӯзи 4-уми апрел ҷашн дорад.
Сафири тозатаъини ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм дар нахустин нишасти матбуотиаш бо журналистон дар Душанбе гуфт, ки таҳаввулот дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро пайгирӣ мекунад.
Малика Соҳибназарова, духтари 23-солае, ки рӯзи 1 март аз ҷониби дӯстписараш Хуршед Азизов шадидан латукӯб шуд, се рӯз баъди ҳодиса мегӯяд, ки «худаш гунаҳгор буд» ва аслан намехоҳад, ки Азизов барои ин ҳодиса пушти панҷара равад.
Ирода Ахмедова мегӯяд, вақте гурбачаи зардинапашмеро тахминан ним сол пеш дар як ҳолати ҳақир ҳамроҳ бо модараш дар канори кӯчае дар Душанбе дид, пояш шикоф буд.
Чанд журналист ва фаъоли ҷамъиятӣ зери шиори “Онҳо ҳам ҳақи зиндагӣ дар Душанберо доранд” муттаҳид шуда, даст ба амал заданд. Ҷонварони хиёбониро аз кӯчаву паскӯчаҳо ҷамъ карда, дар як паноҳгоҳи худсохт ҷой доданд.
Ду овозхони попи тоҷик бо таронаи нави худ сокинони Тоҷикистонро бо рӯзи ошиқон ё Валентин табрик карданд.
Рӯзи 14 феврал бисёр ҷонибдорони таҷлили Иди ошиқон ё Валентин барои азизони худ гулу тӯҳфа тақдим карданд. Бозори тоҷирони тоҷик дар ин рӯз гарм буд
Дар Тоҷикистон соли 2018 духтарон умдатан пироҳанҳое ба бар мекардаанд, ки омехтаи усулҳои миллӣ ва аврупоӣ аст. Либосҳои мунаққаши миллӣ умдатан барои ҷашнҳо будаанд.
Ҳамида Рӯзиматова, раҳбари ширкати таблиғотии "Абрис" аст. Ӯ ду сол пеш раҳбарии ин корхонаро ба ӯҳда гирифт. Ин ширкат, ки 25-сол боз фаъолият дорад, замоне ба дасти Ҳамида гузашт, ки дар бӯҳрони шадиди молӣ қарор дошт.
Пратипҳа Метҳа, раиси дафтари Бунёди рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон гуфт, ки бадрафторӣ бо занон ҷиноят аст ва касе ҷиноят кардааст, бояд ҷазо бигирад. Метҳа ин нуктаро дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ баён кард.
Пратипҳа Метҳа, раиси дафтари Бунёди рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон гуфт, ки бадрафторӣ бо занон ҷиноят аст ва касе ҷиноят кардааст, бояд ҷазо гирад. Метҳа ин нуктаро дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ баён кард.
Вакилони парлумони Қирғизистон рӯзи 30 октябр Жаниш Рустенбековро ба вазифаи сафири ин кишвар дар Тоҷикистон тасдиқ карданд. Ин тағйирот ду ҳафта баъди он сурат мегирад, ки дар парлумон бархе депутатҳо аз кори Ниёзов танқид карданд.
Мирослав Ниёзов, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон базудӣ тарки мақом мекунад. Дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ Ниёзов ба саволҳо дар робита бо интиқоди кораш дар ин мақом, вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва масоили дигар изҳори назар кард.
Бонки Ҷаҳонӣ иддао дорад, ки сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар пайи беҳбуди вазъи иқтисодии сокинон то 20 дарсад коҳиш ёфтааст. Аммо мақомот омори 27-дарсадии камбизоатонро пеш меоранд.
Бархе аз сокинони Душанбе гуфтанд, ки занону духтарони тоҷик бояд чӣ гуна бошанд.
Дар Тоҷикистон агар синни духтар аз 30 гузашту шавҳар накард, ба найрангу фиреб рӯ ба рӯ мешавад, таҳқир мешунавад ва аз атрофиён дилсӯзӣ мебинад, ки мегӯянд, “бечора шавҳар наёфт. “
Дар ин шабу рӯз таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба Туркия нигаронида шуда буд, ки дар он ҷо интихоботи ғайринавбатии президенти ва порлумонӣ баргузор шуд.
Ёфтҳои бештар