Ирода Ахмедова мегӯяд, вақте гурбачаи зардинапашмеро тахминан ним сол пеш дар як ҳолати ҳақир ҳамроҳ бо модараш дар канори кӯчае дар Душанбе дид, пояш шикоф буд.
- Зиёд фикр накард. Гурбачаву модарашро ба духтур бурд, муолиҷа кард ва дар хонаи худ ҷой дод. Ҳоло ин ҷонвар бузург, ба қавли Ирода Ахмедова, “мисли як гурбаи зебои зотӣ” шудааст.
Ирода Ахмедова хонаи худро ба паноҳгоҳи воқеии ҷонварони хиёбониву раҳошуда табдил додааст. Дар хонааш ҳамроҳи ӯ 11 гурба ва боз дар як манзили берунишаҳриаш чор саги бепарастори дигар маскан гирифтаанд.
Ин сагчаҳо бо кӯмаки сайёҳони аврупоӣ ба Душанбе бурда шуданд ва як зани хайрхоҳе аз Ҳолланд барои ба Аврупо бурдани онҳо ҳазор евро маблағ ирсол кард. Баъди ин ду сагчаи гуруснаву раҳошудаи тоҷикӣ тавонистанд зиндагии навро дар шароити серу пур ва солими Аврупо идома диҳанд.
Ин зан мегӯяд, азбаски дар Тоҷикистон паноҳгоҳҳои касбиву махсуси нигаҳдории ҷонварони хиёбонӣ вуҷуд надорад, ӯ ба ин ҷонварон дар зери боми хонаи худ ҷой дод. Хонум Ирода мегӯяд, ҳеҷ гоҳ чашм ба ҷонварони мӯҳтоҷи ёрӣ пӯшида наметавонад. Ҳатман ба хона оварда онҳоро парасторӣ мекунад ва аз паи пайдо кардани соҳибони нав мешавад. Мардум, маъмулан, ҷонварони тозаву солим ва хушсуратро дӯст медоранд. Шонси соҳиби хона шудани сагу гурбаи бемору маъюб хеле ночиз аст.
Ҳамин масъала як гурӯҳи ташаббускорро водор кард, ки барномаи навро бо ҳадафи ёриву кӯмак ба ҷонварони хиёбонӣ пиёда кунанд. Чанд журналист ва фаъоли ҷамъиятӣ зери шиори “Онҳо ҳам ҳақи зиндагӣ дар Душанберо доранд” муттаҳид шуда, даст ба амал заданд. Ҷонварони хиёбониро аз кӯчаву паскӯчаҳо ҷамъ карда, дар як паноҳгоҳи худсохт ҷой доданд.
Ба ҷонварон зулм мекунанд...
Баъди нигоҳубину муолиҷаи ҷонварон барои онҳо соҳибе ҷустуҷӯ мешавад ва баъди паноҳгоҳро тарк кардани ҷонварон, ҷои онҳоро дигарон мегиранд. Фаъолон мегӯянд, ки ҷонварони хиёбонӣ дар ҳолати сангин қарор доранд ва дар бисёр ҳолатҳо, маҳз инсон гунаҳгори ба чунин ҳол гирифтор шудани онҳо мебошад.
Гулнора Амиршоева, сармуҳаррири нашрияи «Вечёрка» мегӯяд, муносибати бисёриҳо ба ҷонварони хиёбонӣ чунон бад аст, ки ӯ ба ҳайси як сокини ин кишвар дигар наметавонист хомӯш бошад. Рӯзноманигори тоҷик барои рафъи ин масъала аз миёни журналистону фаъолони дигар дӯстдорони ҷонваронро гирд овард, дар шабакаҳои иҷтимоӣ барномаҳои видеоӣ дуруст кард ва мушкили ҷонваронро матраҳ кард.
Як бахши муҳими кори гурӯҳи ташаббускор ба насли хурдсол равона шудааст - онҳое, ки ба қавли Амиршоева, “нисбати ҷонварон зулмро раво мебинанд, бераҳм ҳастанд. Онҳоро мекушанд, думашонро мебуранд, мезананд ва ҳатто оташ мезананд”.
Яке аз натиҷаҳои кори дуҳафтаинаи гурӯҳи фаъолон – таъсиси паноҳгоҳи хурди муваққатӣ ё макони махсуси нигаҳдории ҷонварони раҳошуда аст. Дар паноҳгоҳ дар баробари нигоҳубини сагҳо ғизои саривақтӣ ва муолиҷаи тиббӣ таъмин карда мешавад. Дар ин маконҳо асосан сагҳои дорои бемориҳои сангин ваё қурбони хушунат нигаҳдорӣ мешаванд. Аксҳои ин ҷонварон дар гурӯҳҳои фейсбукӣ паҳн ва бо ин роҳ барои муолиҷаашон маблағ ҷамъоварӣ мешавад ва ҳамзамон барояшон соҳиб ҷустуҷӯ мекунанд.
Саргузаштҳои талхи Акая ва Рижик
Як парастори ин паноҳгоҳ мегӯяд, ҳар бошандаи ин муассиса саргузаштҳои талхе пушти сар кардааст. Сагчае бо номи Акаяро, ки ба гуфтаи байтор омехтаи навъи алабай ва овчаркаи қафқозӣ аст ва бузургҷуссаву серпашм мебошад, базӯр аз марг наҷот доданд. Ӯро ба паноҳгоҳ оварданд, шустанд, доруву дармон ва захми зиёди баданашро табобат карданд.
Сагчае бо номи Рижик ё Зардакро дар як кӯчаи Душанбе яке аз фаъолони ҳифзи ҳуқуқи ҷонварон дар ҳолати тарсидаву захмӣ пайдо кард. Мегӯянд, аз инсон метарсид ва ин тарс дар чашмонаш хеле рӯшан дида мешуд. Рижикро нигоҳубин карданд, хӯрок доданд, байторе саломатиашро барқарор кард ва ҳоло ин саги меҳрубон дубора ба зиндагии маъмулӣ баргаштааст.
Фаъолон мегӯянд, ки кӯчаҳои пойтахт – макони будубоши аксар ҷонварони хиёбонӣ барояшон ноамн ва хатарнок аст. Чанд сол пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоии бо тиру туфанг нобуд кардани селаи сагҳои хиёбонӣ нашр шуд ва боиси баҳсу интиқодҳои шадид гардид. Гулнора Амиршоева мегӯяд, хадамоти поккории кӯчаҳои шаҳр дар ҳоле аз силоҳ истифода мекунад, ки чунин муқаррарот дар қонун вуҷуд надорад. Ӯ гуфт: «Онҳо баҳона пеш меоранд, ки қарори раиси шаҳрро доранд. Аммо дар он қарор калимаи «куштан» ва «парондан» тамоман навишта нашудааст. Он ҷо ибораи «ба тартиб даровардан» вуҷуд дорад. Худи қарор дуруст аст, аммо тарзи иҷрои он масъалаи дигар аст», мегӯяд Гулнора Амиршоева.
Дар муқобил бархе онҳое, ки аз сагҳои ҳорӣ осеб дидаанд, мегӯянд, ки бояд ҷонварони бесаробони ваҳшӣ бераҳмона нобуд карда шаванд, то ки ба инсон таҳдид накунанд. Онҳо аз ҳодисаҳои зиёд ҳамлаи сагҳои девона ба кӯдакону калонсолон мисол меоранд, ки баъди ин зиндагиашон хароб шуд.
Баҳсҳо дар ин замина хомӯш намешаванд. Вале ҳомиёни ҳуқуқ бо такя ба таҷрибаи кишварҳои аврупоӣ ва ғарбӣ мегӯянд, ки ҳуқуқи ин ҷонварон бояд ҷиддан дар сатҳи қонун ва маблағгузории кори паноҳгоҳҳо ҳимоя шавад.
"Паноҳандагии" сагҳои тоҷик дар Аврупо
Зимнан, дар Интернет ахиран як ҷуфти саёҳони ҳолландӣ видеоблогеро аз сафари худ ба Тоҷикистон ҷой доданд. Дар ин навори видеоӣ саҳнаи дар канори як шоҳроҳи кӯҳистоние пайдо шудани халтае бо ду сагбачаи хурде нишон дода шудааст, ки дар ҳолати тарсидаву гурусна қарор доштанд. Ин сагчаҳо бо кӯмаки сайёҳони аврупоӣ ба Душанбе бурда шуданд ва як зани хайрхоҳе аз Ҳолланд барои ба Аврупо бурдани онҳо ҳазор евро маблағ ирсол кард. Баъди ин ду сагчаи гуруснаву раҳошудаи тоҷикӣ тавонистанд зиндагии навро дар шароити серу пур ва солими Аврупо идома диҳанд.
Шӯҳрат Ӯлмас, як мутахассис ва мураббии сагҳо мегӯяд, ки муҳаббат ва эҳсоси шафқат нисбат ба ҷонварон бояд аз хурдсолӣ тарбият шавад. Шӯҳрат, ки як мактаби таълими сагҳоро таъсис додааст, мегӯяд, писари шашсолаи худи ӯ аллакай 11 сагро тарбият ва омӯзиш додааст. Вай мегӯяд, то кӯдак дарк накунад, ки сагу гурба ҳам як ҷондор аст, қудрати эҳсосро дорад, дӯсту мушфиқи инсон аст, ҳеҷ гоҳ наметавонад нисбати ҷонварон муносибати дуруст дошта бошад.
Бархе дигар ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, ки шояд муносибати начандон гарми сокинони Тоҷикистон ба ҷонварони хонагӣ ба одатҳои гузаштаҳо рабт дорад. Дар бисёр хонаводаҳои мардуми суннатии Тоҷикистон ҳамзистӣ бо сагу гурбаро ғайри қобили қабул медонанд, наздик шудани ҷонварро ба ғизову ошхона ва макони хобу зисти инсон маҳкум мекунанд ва ҳатто бархе инро «ҳаром» меноманд.
Айни замон, нафарони зиёде ба ҷонвари хонагӣ танҳо аз назари манфиат баҳо медиҳанд ва мегӯянд, ҳамзистии гурба ба хотири тоза кардани хона аз мушу хазанда, саг ба хотири ҳимояти инсон ва манзил аз бадхоҳон зарур асту бас. Вале нафарони бисёр кам ба хотири дӯстдориву муҳаббат мехоҳанд дар хона ҷонваре дошта бошанд. Чунин муносибат, ба қавли фаъолон, боиси ташаккулёбии фаҳмиши нодуруст дар зеҳни кӯдакон мешавад.
Ҳоло бо роҳандозии тарҳи ёрӣ ба ҷонварони хиёбонӣ фаъолон мехоҳанд таваҷҷӯҳи сокинон ва ба вижа насли хурдсолро ба ҳуқуқи ҷонварон дигар кунанд, то ки мардум дарк кунад, ки дар баробари инсон, ҷонварон ҳам ҳақи зиндагӣ дар Душанберо доранд.