Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ришваро дар ҷомеа ҷой нест!


Дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ як шаҳрванди кишвар бо иттиҳоми ришватситонӣ аз ҷониби кормандони раёсати Ожонсии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шудааст.

Сардори раёсати ин ожонсӣ дар Бадахшон Юсуф Назришоев изҳор дошт, ки боздоштшуда Бахтиёр Рӯзиматов ҳангоми ришваситонӣ ба кормандони раёсат худро ваколатдори калони фаврии Хадамоти амнияти миллӣ дар ноҳияи Рӯшон муаррифӣ карда, гуфтааст дар хадамоти амниятӣ фаъолият мекардааст. Дар ҳамин ҳол мардуми инҷо низ вайро бо ин мақом дар ноҳия мешинохтанд.

Гуфта мешавад,ки Бахтиёр Рӯзиматов ҳангоми тафтиши фаъолияти хоҷагидории касалхонаи ноҳия ба ҳайси ваколатдори калони хадамоти амнияти бо ишора ба мавҷудияти камбуд дар хариди маводди сӯхтӣ аз муовини сардори касалхона ришва талаб карда, ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 500 сомонӣ боздошт гардидааст ва ин амал дар навори видеоӣ низ сабт шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан низ аз ҷониби ин шахс кӯшиши маҷбур намудани як сокини ноҳия ба гирифтани қарзи бонкӣ ва талаб кардани ҳаққи худ аз ин маблағ ҷой доштааст.

Аммо Тоҷиннисо Фазлоншоева, сардори хадамоти матбуотии раёсати кумитаи миллӣ дар Бадахшон, корманди хадамоти амнияти миллии ноҳия будани Б. Рӯзиматовро рад карда гуфт, ки ин шахс ҳанӯз се рӯз қабл аз боздошт бо хоҳиш ва аризаи худ сафи хайъати шахсии раёсати минтиқаро тарк кардааст.

Ин ҳам барои нахустин бор аст, ки дар Бадахшон як шаҳрванд бо иттиҳоми ришватситонӣ боздошт шудааст. Ҳуқуқшинос Аловоуддин Меҳмонов мегӯяд, ки таййи солҳои ахир ришсатситонӣ дар минтақа густариш пайдо кардааст, аммо дар роҳи ҷилавгирӣ аз он то ба ҳол иқдомоти ҷидди сурат нагирифтааст: «Хусусан 5-6 соли ахир дар ноҳия ришватситонӣ густариш ёфтааст. Ин падидаи зишт дар сохторҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотхои ҷамъиятӣ ҳам вуҷуд дорад, аммо ошкор намудани ришватситонӣ осон нест ва дар ин самт то имрӯз кори муассире бурда нашудааст».

Дар ҳамин ҳол додситонӣ ва ниҳодҳои навтаъсиси раёсати Ожонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва шуъбаи мубориза алайҳи ҷинояткории вилоят муборизаи муташаккилона алайҳи ҷиноёти корупсионӣ, аз ҷумла ришватситониро, аз авлавиятҳои аҳдофи фаъолияти хеш эълом доштаанд.
XS
SM
MD
LG