Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Помир-1"-ро аз яхсел ҳимоя мекунанд


Болои дарёи Ғунд дар маҳалли Деҳбастаи ноҳияи Шуғнон иншооти зидди яхсел бунёд гардид.

Сармуҳандиси шӯъбаи назорати техникии ширкати "Помир энержи" Пулод Мирзобеков изҳор дошт, ки иншооти зидди яхсел 12 километр болотар аз ҳавзи танзими оби неругоҳи барқи обии "Помир-1", бо мақсади таъмини фаъолияти муназзами неругоҳ дар фасли сармо сохта шудааст.

Вай гуфт, ки бар асари сардшавии ҳаво дар авохири моҳи декабр ва яхбандӣ иқтидори ин неругоҳи калонтарин дар Бадахшон

якбора ба андозаи 20 дар сад коҳиш ёфтааст ва сокинони маркази вилоят ва навоҳии гирду атрофро ба мушкилоти бештар рӯбарӯ

кардааст. Сармуҳандис гуфт, яхсел ба ҳавзи танзими неругоҳ дохил шуда, қабати ғафси ях ба вуҷуд овардааст ва монеъи воридшавии миқдори зарурии об ба тоннел мегардад ва хоҳиши ҷилавгирӣ аз ин ҳолат зарурати бунёди иншооти зидди яхселро ба вуҷуд овардааст.

Аз руи мушоҳидаи мутахассисон, ҳамасола дар рузҳои хунуки фасли зимистон болои дарёи Ғунд наздики 5 миллион метри мукааб яхпораҳо дар ҳаракатанд.

Ба гуфтаи сармуҳандис, иншооти зидди яхсел дар маҳалли Деҳбаста таҷрибавӣ буда, дар сурати самарабахш будани он дар оянда имкон дорад, болои дарёи Ғунд якчанд иншооти дигар сохта шаванд.

Иншоотро идораҳои "Барқи Помир" ва "Нақлиёти барқсоз " сохта, дар таҳияи лоиҳаи он мутахассисони соҳаи энержии як ширкати швейсарӣ саҳм гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG