Бештари ин мошинҳо истеҳсоли Чин ва танҳо 10 дарсади онҳо истеҳсоли давлатҳои дигар будааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин ҳама мошинро аслан тоҷирони афғонӣ ба фурӯш баровардаанд.
Замира Худоёрбекова, як масъули гумрук дар Бадахшон, мегӯяд: «Тавассути гузаргоҳҳои марзӣ ахиран аз Афғонистон ба бозори мошини вилоят сабукравҳои сохти Ҷопон ва кишварҳои Аврупо ворид шудаанд. Ин мошинҳо ҳарчанд қаблан ҳам истифода шудаанд, вале ҳамоно дар ҳолати хуби техникӣ қарор доранд ва аз ин рӯ ҳамеша харидор пайдо мекунанд».
Дар ҳамин ҳол Ҷонон Алифбеков, як ронандаи бадахшонӣ, баланд шудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолиро ба афзоиши воридот ва ба шароити кӯҳистон мутобиқати бештар доштани ин утумубилҳо, инчунин афзоиши таваҷҷуҳи муштариён ба онҳо марбут медонад.
Як тоҷири афғонӣ бо исми Шукруллоҳ, ки дар шаҳри Хоруғ, маркази ВМБК, ба тиҷорати мошинҳои сабукрав машғул аст, мегӯяд, барои вуруд кардани утумубилҳои хориҷӣ ба Точикистон заминаи мусоиди гумрукӣ мавҷуд аст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки то имрӯз тавассути гузаргоҳи марзии Қизиларт аз Қирғизистон ҳамагӣ 4 мошин ворид шудааст.