Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарди “Ҳизби куҳансолон” дармон дорад?


Дар остонаи баргузории анҷумани Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) таҳлилгарон фаъолияти ҳизбро дар ҷомеаи кишвар камранг хонда ва мегӯянд, ки мумкин аст дар оянда он ба “ҳизби кисагӣ”-и давлат мубаддал шавад.

Рӯзи шанбеи 2 июл анҷумани навбатии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар ҳоле баргузор мешавад, ки баъди интихоботи парлумонӣ ва аз курсиҳои Маҷлиси намояндагон маҳрум шудани намояндаҳои ҳизб, фаъолияти он дар саҳнаи сиёсии кишвар камранг шудааст. Раҳбари ҳизб низ кампайдо шудааст ва аз ҳар гуна ибрози назари расмӣ дар мавриди ҳаводиси сиёсии кишвар ва вазъияти ҲКТ худдорӣ мекунад.

Талошҳои хабарнигорони Озодӣ барои сӯҳбати ихтисосӣ бо Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҲКТ пас аз бозгашташ аз табобату иқомати тӯлонӣ дар Маскав натиҷае надод ва танҳо ба ҳангоми овоздиҳӣ дар раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосӣ дар рӯзи 22 май бо Радиои Озодӣ сӯҳбати кӯтоҳе дошт. Вай аз ибрози назари фарогир дар бораи вазъияти феълии ҲКТ худдорӣ карда ва танҳо гуфт, ки дар интихоби раҳбари ҳизб дар Анҷумани навбатии Ҳизби коммунист ширкат хоҳад кард.

Шодӣ Шабдолов
Шодӣ Шабдолов

Таҳлилгарону коршиносон мегӯянд, ҳизби коммунист, ки дар даврони Шӯравӣ ягона ташаккули сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳисоб ёфта ва баъди истиқлол низ пас аз ҳизби ҳокими халқӣ-демократ бузургтарин ҳизби сиёсӣ буд, дар якуним соли ахир, пас аз мағлубият дар интихоботи порлумонии соли гузашта комилан ҷойгоҳашро аз даст додааст. Ин таҳлилгарон вуҷуди солмандон дар сафи ҳизби коммунист ва ҳанӯз ҳам побарҷо будан ба идеяҳои ленинии даврони шӯравиро сабаби коста шудани ҷойгоҳи ҳизби коммунист арзёбӣ мекунанд.

Зимнан, дар интихоботи қаблии парлумонӣ, аз ҷумла, дар интихоботи соли 2000-ум ҲКТ дар Маҷлиси намояндагон 13 курсиро ба даст оварда ва дар интихоботҳои парлумонии солҳои 2005 ва 2010 ду курсии парлумонро дар ихтиёр гирифтанд. Ба эътиқоди таҳлилгарон, як далели маъруфияти ками ҳизб дар “такя ба таълимоти бегона” ва нокомиаш дар интихоботи соли гузашта аст.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Шокир Ҳакимов, муовини Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон иваз шудани раҳбари ҲКТ-ро тақозои замон хонда ва гуфт, “бояд Шодӣ Шабдолов аз қабл вориси худро таин карда ва аз саҳнаи сиёсӣ канор мерафт. Чун ин кор сурат нагирифт, ҳоло ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад бо истифода аз механизмҳои мавҷуда раҳбарро иваз кунад”.

Ба эътиқоди ҷаноби Ҳакимов, Ҳизби коммунист натавонист дар замони истиқлолият фаъолияташро ба замони муосир мутобиқ созад. Ҳар тасмими ҳизб бо мувофиқа бо ҳукумат гирифта мешуд, аз ин лиҳоз дар зеҳни мардум ҲКТ ҳамчун ниҳоди мустақил боқӣ намонд.

Ҳадсу гумонҳое низ вуҷуд дорад, ки таҳти фишори ҳукумати Тоҷикистон дар Анҷумани навбатии ҳизб раҳбари ҲКТ шахси наздик ба ҳукумат интихоб шуда ва ин ҳизб низ ба “ҳизби кисагӣ” мубаддал шавад.

Ба гуфтаи Сайид Муҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон, раванди таҳти назорати ҷиддии ҳукумат қарор гирифтани ҳизби коммунист пас аз интихоботи парлумонии соли 2000 шурӯъ шудааст. Вай гуфт: “Аз он замон то ба ҳол, ҳар коре, ки Шодӣ Шабдолов анҷом медиҳад, бо ҳукумат мувофиқа мешавад. Ҳукумат ин ҳизбро ҷиддӣ қабул намекунад. Дар ягон масъалаи калидӣ мавзеъгирии ҲКТ аз ҳукумат фарқе надорад. ҲКТ ҳатто дар пешбарии номзадаш дар интихоботҳои президентӣ мустақил набуд. Худи Эмомалӣ Раҳмон муайян мекард, ки Исмоил Талбаков рақиби ӯ шавад”.

Сайид Муҳиддин Дӯстмуҳаммадиён
Сайид Муҳиддин Дӯстмуҳаммадиён

Ӯ гуфт, ба ҳамин далел ҳукумат ба ҳадафи оинномавии ҲКТ, ки барқарории Иттиҳоди Шӯравӣ асту ба истиқлолияти кишвар мухолифат дорад, эътиборе намедиҳад.

Вале Исмоил Талбаков, муовини раиси ҲКТ, ин иддаро бепоя хонда ва гуфт, ки ҳанӯз дар соли 1990 ҳама гуна идея ва таълимоти барои мардум ва давлати мустақили Тоҷикистон бегона аз оинномаи ҳизб хориҷ шуда буд. Дар оиннома сухан дар бораи давлати “аз лиҳози иҷтимоӣ боадолат” меравад, на Иттиҳоди Шӯравӣ.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ҷаноби Талбаков, аз Оинномаи ҳизб вожаи “атеизм” ва мафҳумҳои ҳамсони он хориҷ шуда, “ба масҷид рафтану намоз хондани аъзои ҳизб, адои маросими ҳаҷ, рӯза доштан ва анҷом додани дигар расму оинҳои диниро манъ намекунад”.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти ҲКТ эътироф карданд, маҳз ба иллати ба камбудию заъфи мақомоти раҳбарии ҳизб, ки “дар байни халқ кор накарда ва обрӯи пештараашонро аз даст додаанд”, ҲКТ дар интихоботи ахири парлумонӣ ноком шудааст. Ин дар ҳолест, ки Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизб, ба ҳангоми эълони натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ дар рӯзи 2 марти соли гузашта аз мавориди тақаллуб ва сохтакорӣ дар ин интихобот суҳбат карда буд.

Азимҷон Насимов, котиби идеологии ҲКТ гуфт, ба далели “наздик будан ба халқ ва кӯмак ба ҳалли мушкилоти онҳо” ду узви ин ҳизб дар ҳавзаҳои якмандата дар шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанд пирӯз шуданд. Дар интихоботи соли гузаштаи парлумонӣ ҳизби коммунист дар феҳристи ҳизбӣ танҳо ду дарсади овозҳоро ба даст оварда ва барои аввалин бор аз замони истиқлолияти кишвар ба Маҷлиси намояндагон роҳ наёфт.

Аз сӯи дигар, дар соли 2014 дар вилояти Суғд як талоши ба гуфтаи мақомоти ҲКТ “ноком барои эҷоди тафриқа ва ихтилоф дар миёни коммунистон” анҷом шуда ва Абдуҷаббор Аҳмадов, ки "ҳеч иртиботе ба ҲКТ надошт бар хилофи оиннома ва муқаррароти ҳизб” раиси бахши ин ҳизб дар вилояти Суғд интихоб гардид. Коршиносон он замон ин ҳодисаро талоши ниҳодҳои давлатӣ ба хотири “тафриқа ва ҷудоӣ” дар сафҳои Ҳизби коммунист ва такрор сарнавишти ҳизбҳои демократу сотсиалист хонда буданд. Аммо раҳбарони ҲКТ тавонистанд бо ихроҷи созмондиҳандагони ин моҷаро аз сафҳои ҳизб аз имкони тафриқа дар ҳизб ҷилавгирӣ кунанд.

Исмоил Талбаков
Исмоил Талбаков

Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки оё Ҳизби коммунисти Тоҷикистон қодир аст, ихтилофоти дохилиҳизбиро бартараф карда, ислоҳотеро роҳандозӣ намояд ва аз бӯҳрони феълӣ берун ояд? Таҳлилгарон мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба кӯҳансол ё ба қавли Исмоил Талбаков 80 дарсади аъзо нафарқахӯр будан ва камбуди маблағи зарурӣ барои фаъолияти муназзам ба ислоҳоти ҷиддӣ дар сафҳои ҲКТ ва рақобатпазир шудани он дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон хушбин нестанд.

Исмоил Талбаков мегӯяд, ҳарчанд дар барномаи анҷумани феълӣ ислоҳоти ҷиддӣ дар ҲКТ, аз ҷумла, ҷавон сохтани бахши аслии аъзои ҳизб таъкид шудааст, аммо барои иҷрои ин барнома сармояи зиёд лозим аст. Ин дар ҳолест, буҷети ҳизб аз ҳисоби аъзоҳаққӣ пур шуда, ин маблағи ночиз фаъолияти муназзами ҳизбӣ, аз ҷумла, ташкили инфрасохтори созмони ҷавонони ҳизб ё комсомоли собиқ кифоят намекунад.

Аз Анҷумани феълии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон чи таҳаввулотеро интизор шуд? Магар коммунистони кишвар метавонанд бӯҳрони сиёсӣ, молӣ ва кадрии ҳизбро пас сар карда ва нуфузи қаблии ин ташкилоти сиёсиро дар ҷомеаи Тоҷикистон барқарор кунанд? Ё ин ҳизби як замоне муқтадир ба ҷиноҳу гурӯҳҳо ҷудо шуда ва нуфузу эътиборашро комилан аз даст медиҳад?

Ба гуфтаи масъулони ҲКТ, барномаи нави ҳизб, ки дар анҷуман муаррифӣ ҳоҳад шуд, ҳамаи ин масоилро дар бар гирифта ва роҳҳои раҳоӣ аз бӯҳрони феълӣ дар Ҳизби коммунист нишон дода шудааст.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Тибқи маълумоти мақомоти ҲКТ, дар ин ҳамоиш раҳбарияти ҳизб низ нав хоҳад шуд. Имкон дорад, баъзе аз мухолифони дохилӣ истеъфои Шодӣ Шабдоловро талаб кунанд.

Сайид Муҳиддин Дӯстмуҳаммадзода мегӯяд, интихоби раиси ҲКТ дар ин анҷуман таҳти назорати қатъии ҳукумат анҷом шуда ва нафари таҳти назари ҳукумат дар раъси ин ҳизб қарор хоҳад гирифт. “Мумкин аст, ҳукумат ба ивази ин созиш ба ҲКТ чанд дафтари корӣ, мошин ва маблағе диҳад”.

Таҳлилгарон мегӯянд, сарнавишти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мисли ҳизбҳои демократ ва сотсиалист хоҳад шуд, ки барои дастгирӣ аз ҳукумат барояш дар парлумон як ҷой медиҳанд ва коммунистон дар шӯрои куҳансолону ветеранҳо таҳти назорати ҳукумат гирифта ва ба ҳангоми чорабиниҳои сиёсӣ, назири интихобот барои бароварда сохтани ниёзҳои ҳукумат истифода мешаванд.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз куҳантарин ҳизбҳои кишвар ҳисоб ёфта ва соли 1918 дар Бухоро таъсис шудааст. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳизби коммунист ҳизби ҳоким ва яккатоз дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Баъди ба истиқлол расидани Тоҷикистон низ аввалин ҳизби расмии сабтиномшуда ҳизби коммунист буд.

Аз соли 1991 то ба ҳол роҳбарии ин ҳизбро Шодӣ Шабдолов бар ӯҳда дорад. То аввалҳои соли 2015 шумораи аъзои ҲКТ 45 ҳазор нафар гуфта мешуд. Мақомоти ин ташкилоти сиёсӣ мегӯянд, ки дар зарфи яку ним соли ахир аъзое, ки робитаашонро бо ҳизб карда ё ба муддати тӯлонӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, аз сафҳои ҳизб ихроҷ шуда ва ҳоло шумораи аъзои ҲКТ 37 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG