Аз ин ба баъд аъзои ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолати вайрон кардани савганд ба президент, ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешаванд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин ба баъд имкон доранд, ки тавассути ширкати China Southern Airlines аз шаҳри Урумчии Чин ба 200 самт ваё 40 кишвари дунё парвозҳо анҷом диҳанд.
Ҳадди маоши миёна дар Тоҷикистон дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар поинтарин сатҳ қарор доштааст. Мақомот далели ин вазъро ба рушди кунди саноат ва коҳиши ҷиддии қурби сомонӣ дар баробари доллар рабт доданд.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон оғоз мешавад.
Рӯзи 9 майи имсол дар Душанбе роҳпаймоӣ ё маъракаи “Полки абадӣ” баргузор нахоҳад шуд. Мақомоти шаҳрдорӣ рӯзи 4 май далели ин тасмимро “фаннӣ” номиданд.
Дар ҳоле ки аз боздоштҳои пурсарусадои баъзе кормандони Оҷонсии зиддифасод се ҳафта мегузарад ва дар ин муддат раҳбари ниҳод ду дафъа дар иҷлосияи порлумон ҳозир шуд, вакилон боре ба ин масъала таваҷҷӯҳ накарданд.
Даниэл Розенблюм, муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ рӯзи 2 май ба ноҳияи Рашт сафар карда ва дар он ҷо бо фаъолони ҷомеаи маданӣ дидор кардааст.
Вазорати меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон тарҳи созишномаи "танзими нирӯи корӣ бо Қатарро" ба ҳукумат фиристод. Ин ниҳод бо Кореяи Ҷанубӣ низ чунин санади ҳуқуқиро таҳия кардааст.
Намояндагони мақомоти Тоҷикистон арзёбиҳои муҳаққиқони байналмилалиро ба гузориши созмони "Гузоришгарони бидуни марз" зери суол бурдаанд.
Раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз ибрози назар дар бораи боздошти кормандони баландпояи ин ниҳод худдорӣ кард ва гуфт, ки ин парванда ҳанӯз махфӣ мебошад.
Дар ҳоле ки маъмурияти Доналд Трамп стратегияи Амрикоро дар қиболи Афғонистон муайян мекунад, як мақоми аршади низомии ин кишвар рӯзи 25 апрел бо мақомоти Тоҷикистон мулоқот кард.
Дар як раддабанди нави кишварҳои амн, Тоҷикистон дар зинаи 49-ум ва пеш аз Русияву Қазоқистону Қирғизистон ҷой гирифтааст.
Русия эълон кард, ки бо Тоҷикистону Қирғизистон системаи ягонаи дифои зиддиҳавоӣ таъсис хоҳад дод. Павел Кураченко – муовини аввали фармондеҳи нирӯҳои ҳавоиву кайҳонии Русия – рӯзи 12 апрел гуфт, ки аллакай тарҳи созишнома омода шудааст.
Баъд аз 25 сол барои нахустин бор ҳавопаймои мусофирбари ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ”, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад. Ҳавопаймои ин ширкати узбакистонӣ соати 8:05 дақиқаи субҳи 11 апрел бо 25 мусофир ба пойтахти Тоҷикистон расид.
Баъд аз 25 сол барои нахустин бор ҳавопаймои мусофирбари ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ”, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад.
Тибқи тағйироте, ки ба кодекси “Ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод шудааст, шахсони ба вазифаҳои давлатӣ пешбаришуда барои пинҳон доштани шаҳрвандии худ муҷозот хоҳанд шуд.
Бонки Миллии Тоҷикистон аз бонку созмонҳои қарздиҳӣ тақозо кардааст, афродеро, ки пайваста асъори нақди хориҷӣ мехаранд, мушаххас намуда ва фурӯши долларро барояшон манъ ваё то ҳадде маҳдуд кунанд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – гуфт, ки баъзе аз ниҳодҳои давлатӣ аз қонуни танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ сӯистифода мекунанд
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – гуфт, ки бархе аз ниҳодҳои давлатӣ аз қонуни танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ ба нафъи худ истифода мекунанд.
Бо вуҷуди онки Тоҷикистон гуфтааст, барои узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шитоб намекунад, кишварҳои узв, аз ҷумла Русия талош доранд, Душанберо ба ин созмон кашанд.
Ёфтҳои бештар