Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои манъи фурӯши доллар ба “муштариёни доимӣ”. САДО


Бонки Миллии Тоҷикистон аз бонку созмонҳои қарздиҳӣ тақозо кардааст, афродеро, ки пайваста асъори нақди хориҷӣ мехаранд, мушаххас намуда ва фурӯши долларро барояшон манъ ваё то ҳадде маҳдуд кунанд. Ҳоло нархи 100 доллари амрикоӣ дар саррофиҳои расмии Душанбе ба 852 сомонӣ расидааст ва ин ҳисоб дар муқоиса ба нишондоди ҳафтаи гузашта 22 сомонӣ ё ҳудуди 3 дар сад бештар аст. Бонки Миллии Тоҷикистон якбора болоравии қурби долларро “ҳосили амалҳои ҳаннотии баъзе афрод” номидааст.

Тақозои манъи фурӯши доллар ба “муштариёни доимӣ”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:58 0:00
Линки мустақим

Аз тарафи дигар, дар ин давра Тоҷикистон ба пардохти қарзҳои хориҷӣ ва фоизи онҳо оғоз мекунад, ки умдатан бо доллар сурат мегирад.

"Ҳодисаи фавқулода нест"

Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон гуфтанд, барои ба эътидол даровардани вазъи бозори хариду фурӯши доллар “захираву имконот мавҷуд буда, тамоми чораҳои зарурӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалӣ карда мешаванд.”

Дар гузашта мақомоти Бонки Миллӣ болоравии қурби долларро кори дасти саррофиҳо дониста буданд
Дар гузашта мақомоти Бонки Миллӣ болоравии қурби долларро кори дасти саррофиҳо дониста буданд

Баҳром Шарифов, иқтисоддони тоҷик, рӯзи 8 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, якбора боло рафтани қимати асъори хориҷӣ ҳодисаи фавқулода нест. “Ин амр аз қабл пешбинӣ мешуд. Зеро дар моҳи январи соли ҷорӣ лимити барқ лағв шуда ва ба ин далел фаъолияти корхонаҳо бештар шуд. Онҳо барои харидани таҷҳизоту ашёи хоми саноатӣ ба асъори хориҷӣ, бахусус, доллар эҳтиёҷ доранд”, - гуфт ӯ. Ин иқтисоддони тоҷик бовар дорад, сабаби дигар “мавсими дамгирии муҳоҷирони кории тоҷик дар фасли зимистону аввали баҳор аст”, ки дар пайи он вуруди асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон камтар шудааст.

"Тоҷикистон қарзҳояш бо доллар мепардозад..."

Вай афзуд, “аз тарафи дигар, дар ин давра давлати Тоҷикистон ба пардохти қарзҳои хориҷӣ ва фоизҳои онҳо шурӯъ мекунад, ки умдатан тавассути доллар сурат мегирад.”

Сокинон мегӯянд, ки харидани доллари нақд аз бонку созмонҳои қарздиҳии Тоҷикистон мушкил шудааст
Сокинон мегӯянд, ки харидани доллари нақд аз бонку созмонҳои қарздиҳии Тоҷикистон мушкил шудааст

Бархе аз соҳибкорону тоҷирон ҳам мегӯянд, барои ворид кардани молу маҳсулот аз хориҷи кишвар ба доллар ниёз дошта, аммо наметавонанд ин асъорро аз саррофиҳои расмӣ харидорӣ кунанд. Як тоҷири тоҷик гуфт, аз Туркия бояд либосу пойафзол ворид кунад, вале ҳанӯз натавонистааст доллари заруриро аз бонкҳо бихарад. “Дар бонкҳо мегӯянд, ки доллар дошта бошед, мехарем, вале барои фурӯш доллар надорем”, - гуфт ӯ.

"Доллар мехарем, доллар медиҳем"

Моҳсафар Яҳёева – сухангӯи “Агроинвестбонк” – ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан дар саррофиҳои ин бонк лимит ё маҳдудияти қаблӣ, ки дар як вақт фурӯши 300 доллар иҷоза буд, лағв шудааст. Ӯ гуфт, “бонк аз мизоҷон долларро харида ва ҳамон миқдорро ба мизоҷони дигар мефурӯшад.”

Бинои "Агроинвестбонк"
Бинои "Агроинвестбонк"

Коршиносон мегӯянд, мизони воридоти Тоҷикистон аз содироташ се баробар зиёд аст ва боло рафтани арзиши доллар ба гарон шудани нархи молҳо низ сабаб хоҳад шуд. Шоҳидони айнӣ ҳам мегӯянд, дар бозорҳои Душанбе тоҷирон нархҳоро якбора боло бурда ва далели онро ба афзоиши ногаҳонии қурби доллар рабт додаанд.

Парвози сесолаи доллар

Парвози қурби доллар бахусус дар нимаи дувуми соли 2014 ва нимаи аввали соли 2015 мушоҳида шуд. Дар моҳи майи соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон раис ва тамоми муовинони раиси Бонки миллиро барканор карда ва раҳбарияти нави бонк сиёсати шадидеро барои танзими вазъи бозори асъор рӯи даст гирифт.

Дар пайи болоравии бесобиқаи қурби доллар ва барканории раҳбарияти пешини Бонки Миллӣ, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ба раёсати ин бонк омад
Дар пайи болоравии бесобиқаи қурби доллар ва барканории раҳбарияти пешини Бонки Миллӣ, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ба раёсати ин бонк омад

Ибтидо дар роҳи фаъолияти саррофони хусусӣ дар кишвар маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ шуда, аз 1 декабри соли 2015 салоҳияти мубодилаи асъори хориҷиро пурра ба ихтиёри бонкҳо гузоштанд ва нуқтаҳои хусусии мубодилаи асъорро аз байн бурданд. Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон барои муомилаҳои ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, аз ҷумла бо доллару евро фурӯхтани манзилу мошин ва мубодилаи асъор берун аз бонк, ҷаримаҳои сангин ва ҳатто ҳукми зиндон ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG