Вокунишҳои мардум ба чанд тағйироти кадрӣ дар вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон аз мавзуъҳои асосии “Озодӣ Онлайн”-и имрӯз аст. Дар барнома чанд видеои фиристодаи муҳоҷиронро низ мебинед.
Сӯхтор дар маҳалли иқомати муҳоҷирон, гилаи ронандаҳо, мактаби вайрона дар Панҷакент ва вокунишҳо ба муҷозоти модари блогери тоҷик аз видеову мавуъҳоест, ки имрӯз дар "Озодӣ Онлайн" дар бораашон гап мезанем.
Ҷасорату худситоии муҳоҷирони тоҷик дар Маскав, бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон, Душанбеи торик ва мусофирони мунтазир дар роҳ ва як роҳи ғайриоддӣ дар Кулоб аз видеову суҳбатҳои барномаи озодӣ онлайн аст.
Посух ба бонуи тоҷик, ки аз бемеҳрӣ шикоят кард, урёну латукуб кардани муҳоҷири тоҷик, мардуми интизори пушти дари ҷамоат дар Муминобод, роҳ хароби Зафаробод ва кӯмаки муҳоҷири тоҷик ба пирамарди дармондаи рус дар Озодӣ Онлайни имрӯз аст.
Муроҷиати як зан ба мардони тоҷик, табибони машғули тамошои паёми президенту кӯдакони бемори пушти дар, қаҳри муҳоҷир аз бесавод номидани онҳо ва насиҳат ба Лоиқ Раҷабов аз видеҳову мавзуъҳои суҳбати Озодӣ онлайн аст.
Ҷанҷолу сангандозӣ байни тоҷикону қирғизҳо дар марзи ду кишвар ва масъалаи фиристодани пул аз Русия ба Тоҷикистон мавзуҳои суҳбати имрӯзи барнома аст. Видеои "шаҳри пластикӣ" дар Кӯлобро ҳам бубинед.
Имрӯз дар Озодӣ Онлайн дар бораи он гап мезанем, ки чӣ гуна муҳоҷирон музди кор талаб мекунанд ва барои ҳақталабӣ танбеҳ мегиранд, дар бораи пораву ришвахорӣ дар Тоҷикистон ҳам мегӯем. Фирору фишори баланди аъзои ҳизби ҳокими халқии демократӣ аз тарси микрофон, қисми дигари барнома аст.
Бузкашии тоҷикону қирғизҳо, қаҳрамонии ҷавони тоҷик дар Қазоқистон ва вокунишҳо ба гарон шудани ҷаримаву танбеҳи кӯдакон дар Балҷувон аз видеову мавзуъҳои барномаи имрӯз аст.
Имрӯз барномаро бо шарҳи корбарон оғоз мекунем, ки мегӯянд, ҳангоми фиристодани пул аз Русия ба Тоҷикистон мушкил доранд ва ё наздиконашон маблағҳои фиристодаи онҳоро гирифта наметавонанд. Ин мушкил 3-юми декабр баъди ба кор даромадани маркази миллии интиқоли пули Тоҷикистон шуруъ шуд.
Мушкил дар интиқоли пул ба Тоҷикистон, суҳбат бо милиса аз паси панҷара, нақби тираву тор ва пургарду ғубори Истиқлол ва баҳсҳо дар бораи духтарони атласпӯш дар зимистони сард аз мавзуъҳои барномаи имрӯз аст.
Талабу дархости шумо дар бораи хидмат дар артиш, боздошти муҳоҷирон дар масҷиди Санкт Петербург ва гӯристони ноободи Кӯлоб, оташ гирифтани хонаи баландошёнае дар Душанбе дар барномаи Озодӣ Онлайн
Ёфтҳои бештар