Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи 2020 ва боздоштҳои бесабабу кори гоҳе бемаоши муҳоҷирон дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Интихоботи порлумонии моҳи март як баҳси асосии "Озодӣ Онлайн" аст, аммо барнома бо наворҳое оғоз мешавад, ки муҳоҷирон аз Русия фиристодаанд ва дар онҳо аз боздоштҳои бесабаб ва кори мушкилу гоҳе бемаош шикоят кардаанд.

Яке аз видеоҳо аз шаҳри Маскав дастрас шуд. Муаллифи видео ба Радиои Озодӣ шикоят кард, ки бо вуҷуди доштани иҷозаи кор ва будубоши қонунӣ маъмурони интизомӣ сари чанд вақт, ба қавле, ба зиёрати онҳо меоянд ва гуруҳ-гуруҳ ба идораи пулис мебаранд. Муҳоҷири тоҷик мегӯяд, баъзе аз онҳоро ҷарима ва бархеи дигарро қарори ихроҷ аз Русия интизор аст.

Дар навори дигар гуруҳе аз коргарони тоҷик тасвир ёфтаанд, ки дар интизори гирифтани маош ҳастанд. Онҳо мегӯянд, чанд моҳ боз ҳаққи корашон пардохт намешавад.

Аз деҳаи Зерободи ноҳияи Айнии вилояти Суғд низ ба мо навор фиристоданд. Сокинони деҳа мегӯянд, дар ин ҷо чаҳор сол боз сохтмони бинои як мактабро ба поён бурда наметавонанд.

Барномаро дар инҷо бинед:

"Чӣ хел ба одамоне овоз диҳем, ки ба зидди мо қонун мебароранд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

То замони баргузории интихоботи порлумонии Тоҷикистон ҳафтаҳои башуморе мондааст. Бархе аз корбарон пешниҳод карданд, ки дар нуқтаҳои райъдиҳӣ дурбинҳои назоратӣ ё камераҳо гузоранд, то шаффофият таъмин гардад.

Масъулони Комиссияи марказии интихобот гуфтанд, натанҳо дурбинҳо гузошта нахоҳад шуд, балки ба эҳтимоли зиёд мардум низ барои сабти лаҳзаҳои раъйдиҳӣ бо телефонҳои мобилӣ иҷоза нахоҳанд дошт. Онҳо бовар доранд, ки чунин кор ба раванди интихобот халал мерасонад.

Корбаре бо номи "Тоҷикистонӣ" дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, "шахсан чанд соли охир ба интихобот намеравам, чунки ҳамааш дурӯғ аст. Модоме вакилон аз боло идора карда мешаванд, ба манфиати халқ ягон масъаларо ҳал намекунанд. Мардумӣ нестанд".

"Бечора" ҳам гуфтааст, "ягон интихоботи Тоҷикистон одилонаву шаффоф нагузаштааст. Соли 2015 шоҳид шудам, ки як шахс ба ҷойи чанд кас варақаҳои овоздиҳиро пур карда, ба қуттӣ партофт. Ин рӯйирост тақаллуб аст".

Фаррух дар сомонаи Радиои Озодӣ менависад, "ба интихобот рафтан даркор аст, чунки нарафтани мо сабаб мешавад ба ҷои мо аз номи мо варақаҳоро ба номзади мавриди назарашон пур карда мемонанд ва ё холӣ дар баста ҷо мекунанд".

"Тоҷик" гуфтааст, "чӣ хел ба одамоне овоз диҳем, ки ба зидди мо қонун мебароранд, аз ҷумла дар масъалаи гаронии нархи обу барқ, орд, шиноснома, билет ва ғайра". Нафари дигар бо номи "Қишлоқӣ" мегӯяд, "дар рустоҳо вакилон дар назди мардум сархаманд, чун камбудӣ дар деҳаҳо болои ҳам ҷамъ гаштаанд"

Корбаре бо номи "Ҳақдор" навиштааст, "агар дар 28 соли охир интихоботҳо шаффоф мегузаштанд, вазъи иқтисодӣ ва зиндагии мардум беҳтар мешуд".

Бо вуҷуди он, ки даҳҳо корбар аз камбудҳо ва ношаффофӣ дар интихоботҳои гузашта ёдовар шудаанд, мақомоти Тоҷикистон ҳамеша интихоботҳоро озоду демократӣ тавсиф кардаанд.

Барномаро дар Ютюб бинед:

Агар дар бораи интихобот гуфтание доред, ба саҳифаи вижаи "Интихобот 2020" дар сомонаи Радиои Озодӣ ворид шавед. Агар аксу видеои ҷолиб доред, ба ин шумора +420 607900808 фиристед. ИМО, Телеграм, Вайбер ва Вотсап дорем.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG