Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои ду тан аз муттаҳамони парвандаи "ёрӣ ба гурӯҳи ҷиноӣ" мутаносибан 6,5 ва 11 соли зиндон тақозо кардааст.
Даъвои Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоӣ бо созмони ношунавоҳо аз долони додгоҳҳо ба матбуот кӯчид. Коршиносон мегӯянд, вазорат барои мубориза ҳарифи заифро интихоб кардааст.
Дар додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мурофиаи парвандае ҷараён дорад, ки ишора ба узвияти ҷавонони тоҷик дар созмонҳои ситезаҷӯ мекунад.
Сокинони маҳаллаи 32-и шаҳри Душанбе аз бунёди як бинои нав, ки майдончаи бозии кӯдаконашонро аз байн мебарад, шадидан норозиянд. Онҳо аз шаҳрдорӣ хостаанд, ки ин тарҳ бознигарӣ шавад.
Сохтмони бинои панҷошёна дар маҳалли бозии кӯдакон дар яке аз маҳаллаҳои Душанбе мояи шикояти волидони ин кӯдакон шудааст. Онҳо мегӯянд, дар майдони танги байни биноҳо сохтани манзилҳои нав шеваи дуруст нест.
Баъди оғози моҳи Рамазон бархе маҳсулоти мавриди ниёзи аввали мардум дар бозорҳои Душанбе камчин шудааст. Алалхусус шакару тухм.
Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, аз Чин дархост шудааст, ки мутахассисони худро ба ин кишвар бифиристад, то таҷрибаи худро ба тоҷирони тоҷик биомӯзонанд.
Имсол дар Тоҷикистон танҳо 57 мавриди ақди никоҳи занону духтарони тоҷик бо хориҷиён сабт шудааст. Ду сол пеш, ки аз марди хориҷӣ харидани хона барои ҳамсари ояндааш талаб намешуд, ин рақам ба 700 мерасид.
Имсол боз ҳазорон нафар бо хатми донишгоҳҳои Тоҷикистон дипломҳо дар даст ба ҷустуҷӯи ҷои кор шурӯъ кардаанд.
Наздики ду ҳазор сокини маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Рӯдакӣ як ҳафта боз аз оби ошомиданӣ маҳруманд ҳастанд ва бо вуҷуди муроҷиатҳои пайдарпай, мушкилашон ҳал нашудааст.
Мақомоти покистонӣ мегӯянд, ки мушкили марбут ба бесифат будани сементи Покистонро бо мақомоти Тоҷикистон баррасӣ карданд.
Як қоидаи маъмул дар шоу-бизнеси Тоҷикистон ин аст, ки таронаи хуб сарояндаашро зуд маъруф мекунад, вале кам касе таваҷҷӯҳ мекунад, ки оё матни ин таронаро кӣ навиштааст ва оҳангашро - кӣ?
Дар ҷашни таҷлили Рӯзи оила, муҳаббат ва садоқат намояндагони мазоҳиби мухталиф дар Тоҷикистон оиларо аз муқаддастарин арзишҳои инсонӣ унвон карданд.
Мадина 14 сол дорад ва дар яке аз кӯчаҳои пойтахт тухми офтобпараст мефурӯшад . Ӯ мегӯяд пайвасте зери фишори кормандони милиса қарор дорад ва наметавонад аз меҳнати худ ду танга ба даст биёрад.
Насли ҷавони Тоҷикистон мегӯяд, аз замони ҷанги шаҳрвандӣ хотироти талхе дар зеҳнаш нақш бастааст.
Истифода аз алфози қабеҳ ва таҳқир дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси баҳсу баррасии лоиҳаи «Одобнома ё Хартияи шаҳрванди ҷомеаи иттилоотии Тоҷикистон - эТИКкет» дар як мизи гирд бо ширкати мақомоти давлатӣ ва мутахассисон дар шаҳри Душанбе гардид.
Бино ба оморҳои дарёфтӣ, дар як соли охир тақрибан 5 000 сокини Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд.
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорони хун, ҷумъаи 14-уми июн дар марказҳои қабули хун дар Тоҷикистон зери унвони «Қатраи хун - наҷотбахши ҳаёт» маъракаи густардае ҷараён гирифт.
Издивоҷи сарватмандон бо сарватмандон ва нодорҳо бо нодорҳо боиси боз ҳам бузургтар шудани шикофи миёни қишрҳои бою бебизоат ва дилшикастагии ҷавонон мешавад.
Хатмкунандагони маркази Душанбе барои ҷашни хатми мактаб то 300 доллар ва сокинони канораҳо то 200 сомонӣ харҷ кардаанд.
Ёфтҳои бештар