Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахшандагони хун -- наҷотбахшони ҳаёт


Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорони хун, ҷумъаи 14-уми июн дар марказҳои қабули хун дар Тоҷикистон зери унвони «Қатраи хун - наҷотбахши ҳаёт» маъракаи густардае ҷараён гирифт.

Дар навбати хунсупории бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорони хун афроди гуногунеро дидан мумкин буд. Зану мард, пиру ҷавон, лоғару фарбеҳ, сафедпӯсту гандумгун ва ғайра. Дар ин навбат зане ҳам буд, ки мегуфт, як замон барои он хун медод, ки пул гирад ва нон бихарад. Агар чунин намекард, шояд аз гуруснагӣ мемурд. Вай шукр мегузорад, ки он рӯзҳо гузаштаанд.

Ин зан, Людмила Кутлиева, 70-сола аст ва 30 сол ба ин сӯ донорӣ карда, дар ин муддат 50 литр хуни худро ба дигарон дода ва ҳамчун донори ифтихорӣ соҳиби нишону медалҳо шудааст. Кутлиева мегӯяд, ҳадафи асосияш наҷоти кӯдакон аст: «Ҳам бо маблағ хун супоридаам ва ҳам бидуни маблағ. Зеро буд замонҳое, ки хун супорида пул мегирифтам то нон бихарам. Хайр, ин гуна ҳолатҳои вазнин буд, аммо гузашт.»

Хонуми Кутлиева меафзояд, ҳоло ба донорони хун маблағи хуб медиҳанд, ки аз 400 сомонӣ ҳам бештар аст ва одамон бояд, бе тарсу ҳарос хун супоранд. Вай мунтазам хун медиҳад, аммо чанд сол аст, Рӯзи ҷаҳонии донорони хунро интизор мешавад.

Муовини роҳбари Маркази илмии ҷумҳуриявии хун, Нуралӣ Ашӯралиев ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб Рӯзи ҷаҳонии бахшандагони хун таҷлил мешавад, ки соли гузашта наздики 35 ҳазор нафар дар ин рӯз хун супурдаанд.

Ба таъкиди ҷаноби Ашӯралиев, ин рақам дар қиёс ба соли 2005 ҳудуди чаҳор баробар бештар аст. Вай гуфт, қабули «Барномаи миллии рушди соҳаи хун ва донорӣ» дар соли 2009, яке аз сабабҳои афзоиши бахшандагони хун шудааст.

Ҳамзамон Нуралӣ Ашӯралиев афзуд, ки айни ҳол дар Тоҷикистон чаҳор маркази хун, се то дар вилоятҳо ва якто дар шаҳри Душанбе амал мекунанд, ки танҳо дар марказҳои мазкур хун гирифта мешавад: «Хунҳое, ки гирифта мешаванд аз
санҷишҳои озмоиши пурра гузаронида мешавад. Ба инфексияҳои гемотрансменсивӣ, аз қабили гепотити B, C, сифлис, СПИД, оташак ва вируси норасоии масъунияти одам. Баъд аз он ин хунҳо ба ҷузъиётҳо тақсим карда шуда, ба беморон расонида мешаванд.»

Масъулони Маркази илмии ҷумҳуриявии хун бар ин назаранд, ки агар солҳои пеш донорон бештар ба хотири даромад хун месупориданд, ҳоло бошанд бештари онҳо ба хотири ҳифзи саломатии худ ва кӯмак ба дигарон донорӣ мекунанд.

Фирӯзаи 40-сола, яке аз донорҳоест, ки аз соли 2005 инҷониб дар як сол 12 маротиба хун месупорад. Сабаби асосии донор шудани Фируза фарбеҳии зиёд буд, ки мегӯяд баъди супоридани хунаш чанд бемории дигараш ҳам шифо ёфту вазнаш хело сабук шудааст. Тавре хонум Фирӯза иброз дошт, ҳар моҳ ба андозаи 450 грам хун месупоридааст: «Аввалҳо 25 сомон буд, ҳоло бошад то сад сомон шудааст. Вале барои пул неву лекин вақте омада хун месупорӣ, худашон пулатро медиҳанд. Гуруҳи хунам бошад 3 мусбат аст, ки бештар барои беморони ҳолаташон вазнин лозим мешавад.»

Дар баробари калонсолон дар ин рӯз ҷавонони зиёде низ ба хотири супоридани хун ба марказ омад буданд, ки бештари онҳо донишҷӯёни коромузи соҳаи беҳдошт буданд.

Хушнуд Назаров, донишҷӯи соли аввали бахши урологияи Донишгоҳи тиббӣ аст, ки ҳамзамон дар бемористони «Ёрии таъҷилӣ» низ ба унвони пизишк фаъолият мекунад, бори аввал хун месупорад: «Ҳамчун духтур дар ин чорабини мо бояд аввалин шуда иштирок намоем ва ёрии худро ба мӯҳтоҷон расонем. Нияти донор шудан надорам, лекин дар як сол як бор аст ҳаракат мекунам ширкат вазЗам ва кӯмаки худро расонам.»

Бино бар иттилои Маркази илмии ҷумҳуриявии хун, дар Тоҷикистон ҳудуди ҳашт ҳазор донори хун аст, ки 75 дарсади онҳоро ҷавонони то 35-40 сола ташкил медиҳанд.

Бахшандагони хун -- наҷотбахшони ҳаёт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00
XS
SM
MD
LG