Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салима Олимова: Сафари мо ба Покистон барои ҷиҳод набуд


Оиша Эгамбердиева, модари Салима Олимова
Оиша Эгамбердиева, модари Салима Олимова

Дар додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мурофиаи парвандае ҷараён дорад, ки ишора ба узвияти ҷавонони тоҷик дар созмонҳои ситезаҷӯ мекунад.

Ба унвони мутаҳҳам дар ин мурофиа Олим Ғуломов, хусур, ва Ҷӯрахон Икромов, амаки Дилшоди Косонӣ қарор доранд. Дилшоди 33-сола, ки мехост дар Афғонистон зидди нерӯҳои НАТО биҷангад, моҳи августи соли гузашта ҳамроҳ бо боҷааш Равшан Нуриддинов ва се шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар Вазиристони Шимолӣ кушта шуданд.

Ҳамакнун хусур ва амаки Дилшод ба "ёрӣ ба гурӯҳи ҷиноӣ", яъне кумак ба сафари вай ба Покистон мутаҳам дониста мешаванд.

Рӯзи 18 июл дар ҷаласаи додгоҳ Маъруфхон Ҳусейнов, яке аз шоҳидони парванда баёнот дод, ки Ғулом Олимов аз ӯ дар баргардонидаи духтаронаш аз Покистон машварат хоста будааст. Аммо Ҳусейнов Ғулом Олимовро ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ овард, то дар машварат бо мақомот заминаи сафарашро таҳия созанд. Дар ин мурофиа ҳамсарони ҷавонони ҳалокшуда низ ҳузур доштанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00
Линки мустақим


Салима Олимова, ҳамсари Равшан Нуриддинов, яке аз ҷавонони тоҷики дар Покистон ҳалокшуда розӣ шуд, то ба суолҳои Радиои Озодӣ посух диҳад.

Радиои Озодӣ: Чӣ боис шуд, ки Покистон биравед?

Салима Олимова: Мо аввал дар Туркия кор мекардем. Чор моҳ дар Туркия базӯр кор кардем. Шавҳарам ҳамеша аз кам будани маблағ ғамгин мешуд. Дар ҳамин муддат апаам ба Норвегия рафта, таваллуд карду боз гашта ба Туркия омад. Шавҳарам бо язнаам маслиҳат мекунанд, ки дар Эрон кор ва ҳама арзонӣ аст, он ҷо меравем. Вақте шавҳари ман шунид, ки дар Эрон кори хуб аст, гуфт, беҳтараш, он ҷо равем. Билет харида рафтем. Ҳангоме ба Эрон рафтем, шавҳарам хеле кӯшиш кард, вале кор наёфт. Баъд ба язнаам занг зад, ки шумо кай меоед? Ҳамин тавр баъди як ҳафта язнаам бо апаам омаданд. Баъди омадани онҳо гапи Афғонистону Покистон рафтан сар шуд. Ману апаам зид баромадем, ки шумо ин гапро аз куҷо пайдо кардед? Ҷое, ки тинҷиву оромист, куҷо меравем он ҷо? Ҳама медонад-ку, дар он ҷойҳо чӣ гап аст. Шавҳаронамон гуфтанд, нахоҳед, мо шуморо партофта меравем. Ману апаам дигар илоҷ надоштем. Дигар имкон ҳам наёфтем, ки ба падару модарамон занг занем. Хулоса, маҷбур моро ба шаҳри Пешовари Покистон бурданд. Худам ҳомила будам. Дар батнам чормоҳа тифл доштам ва дар роҳ хеле азоб кашидам. Тифламро аз даст додам. Шавҳарам ҳам аз дидани ман хеле ғамгин шуд. Рафта дидем, ки он ҷо хуб набуд.

Радиои Озодӣ: Шавҳаратон воқеан ҳам ба ягон гурӯҳ шомил буд? Медонед, ки ӯ чӣ гуна ба ҳалокат расидааст?

Салима Олимова: Ростӣ, инро намедонам. Вақте мо ба Покистон рафтем, хонаеро иҷора гирифтанд. Тақрибан баъди се ҳафта чаҳор мард омада, шавҳарамро бо ҳамроҳии язнаам бурданд. Баъди ду моҳ меоед, гуфтанд. Шавҳаронамон ҳам, иншоллоҳ, баъди ду моҳ меоем, гуфта, аз хона баромаданд. Худашон ҳам ғамгин буданд. Шояд аз рафтан пушаймон шуда буданд. Ману апаам танҳо мондем ва ҳамеша лаҳзашуморӣ мекардем. Ҳисоб мекардем, ки чанд рӯзи дигар мондааст.

Радиои Озодӣ: Кӣ ба шумо хабар дод, ки шавҳаратон ба ҳалокат расидааст?

Салима Олимова: Ду моҳ гузашт аз рафтанашон, як ҳафта монда буд, ҳамин рӯз меоянд, гуфта будем, ки ду марду зан омада, дар бораи ҷанги замони пайғамбарон нақл карданду гуфтанд, ки гапро зиёд намекунем, шавҳаронатон зимни таълим гирифтан тариқи ҳавопаймоҳои бесарнишин аз олам гузаштанд. Мо танҳо будем. Онҳо сабр кунед гуфта,баромада рафтанд. Мо инро фаҳмида, дар шок афтодем. Апаам аз ҳуш рафт. Рӯзи дароз на гиряро медонистему на чизи дигарро, шах шуда мондем. Апаам бемор шуд. Баъдан ба хулосае омадем, ки падару модарамро даъват кунем.

Радиои Озодӣ: Бо падару модаратон чӣ хел дар тамос шудед?

Салима Олимова: Ҳамсояҳоямон форсзабон буданд. Касоне, ки моро нигоҳубин мекарданд, намедонистем, кӣ ва чӣ буданд? Фақат хоҳиш кардем, ки ба падару модарамон занг занем. Чанд моҳ буд, мо на сӯҳбат карда будем ва на алоқае доштем. Пас аз муддате ман ба Тоҷикистон баргаштам. Аммо апаамро хусураш, ки аз Норвегия омада буд, ба он ҷо бурд.

Қарор аст, ки баррасии қазияи Олим Ғуломов рӯзи душанбе дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз сар гирифта шавад.

P.S. Салима Олимова қатъиян аз бардоштан ва нашри аксашро радд кард ва мо тавонистем танҳо аз модари ӯ - Оиша Эгамбердиева - акс бигирем.
XS
SM
MD
LG