Бахши аъзами мардум дар Тоҷикистон ба маъракаҳое, чун интихоботҳо, хеле бефарқ нигоҳ мекунанд ва мутмаинанд, ки раъйи онҳо чизеро тағйир дода наметавонад.
Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо уҳдадор шудааст то соли 2020 қаламрави кишварро пурра аз мина ва дигар аслиҳаи тарканда пок кунад.
Як духтари тоҷик, ки барои нахустин бор ба сайёҳат баромадааст, мегӯяд, Тоҷикистони дигареро барои худ кашф кард - Тоҷикистоне хеле диданӣ, вале нообод.
Тоҷикистонро лозим меояд барои амалигардонии нишондодҳои Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи фарҳанги ғайримоддӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонад.
Вазорати маорифи Тоҷикистон чорякҳои соли хонишро барҳам дода, ба ҷои онҳо ду давраи таҳсили нимсола ҷорӣ кардааст.
Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) номзадии Ойниҳол Бобоназарова барои ширкат дар интихоботи президентиро эълон кард.
Гуфтугӯи донишҷӯён бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш барои бисёре аз бинандагон аз он лиҳоз тааҷҷубовар буд, ки суханронии донишҷӯён як қолаби муайян ва яксон дошт.
Пироҳани арӯсии аврупоӣ, ки имрӯзҳо дар байни мардум «фата» ном гирифтааст, либоси хоси арӯсон аст, ки духтарон танҳо як шаб ба бар мекунанд.
Фаъолони зан дар Тоҷикистон мегӯянд, занон дар интихобот бояд шахсан ширкат кунанд ва нагузоранд, ки ба ҷойи онҳо каси дигар раъй диҳад.
Эммануэл Лаллана, мушовири СММ оид ба рушди Технологияи иттилоттии коммуникатсионӣ дар Филиппин мегӯяд, Тоҷикистон набояд ба бастани сомонаҳои иҷтимоӣ одат кунад.
Консепсияи пешазинтихоботии Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар маҷмуъ бо 39 имзо ба тасвиб расид. Аммо баъзе аз аъзои ин иттиҳод аз имзо дар он худдорӣ намуданд.
Бонувони тоҷик аз гаронии нарх дар ороишгоҳҳо шикоят мекунанд, аммо дар миёни онҳо касоне ҳам ҳастанд, ки маҷбуранд, ин қиматиро таҳаммул кунанд.
Ҳанӯз ҳам бархе аз сокинони Тоҷикистон худро шаҳрванди Шӯравии пешин медонанд ва намехоҳанд, шиносномаи нав гиранд.
Дар ростои соли нави таҳсил мактабҳои Тоҷикистон барои мактаббачагон сарулибос фармоиш медиҳанд, аммо андозаи ин либос ҳанӯз дар моҳи май гирифта шудааст.
Беш аз ҳашт ҳазор сокини Тоҷикистон бо чашмони баста дар интихоботи президентии Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.
Боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия наздикони онҳоро дар Тоҷикистон шадидан нороҳат ва нигарон кардааст.
Бино ба омори расмӣ, танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дастикам 164 зан худкушӣ кардаанд. Аксаран дар пайи ҷанҷол дар хонавода.
Яке аз сабабҳои афзудани азҳампошии оилаҳо дар Тоҷикистон аз тарбияи волидон дур мондани ҷавонон гуфта мешавад.
Шаҳноза маъюби модарзод аст ва намедонад модари ӯ кист ва дар куҷост.
Ёфтҳои бештар