Эммануэл Лаллана, мушовири СММ оид ба рушди фанновариҳои иттилоттии коммуникатсионӣ дар Филиппин, ки сафари кориеро дар Тоҷикистон анҷом медиҳад, пас аз мулоқот бо масъулони соҳа дар Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, талош кардааст, ба мақомоти Тоҷикистон барои рушди ҳукумати электронӣ ва дастрасии шабакаҳои иҷтимоӣ машварат диҳад. Вай афзуд, маҳдуд кардани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ ба манфиати ягон давлат нест ва дар ҳоле ки Тоҷикистон дар пайи бунёди "ҳукумати электронӣ" аст, ин аъмол мардумро дилсард мекунад.
Ҷаноби Лаллана аз вазъи масъала дар Филиппин намунаҳо овард ва гуфт,
шабакаи ҷаҳонии интернет дар Филиппин танзимнашаванда аст. Дастнорас кардани Фейсбук ва Ютуб дар Филиппин метавонад исёнро ба вуҷуд орад. Зеро ба таъкиди ҷаноби Лаллана, Филиппин аз ҷиҳати истифодаи Фейсбук дар қатори се кишвари бузургтарини олам қарор дорад. Ҳамчунин дар Филиппин шабакаҳои иҷтимоӣ барои ташкили гирдиҳамоиҳои осоишта низ истифода мешавад, афзуд Эммануэл Лаллана .
Ба таъкиди ин мушовири СММ, дар Филиппин агарчи мавзӯи интихоботро корбарони Фейсбук камтар матраҳ мекунанд, аммо ҳар амали хом ё номатлуби кормандони давлатӣ мавриди баҳс қарор мегирад. Алалхусус масъалаи ришваситонӣ: «Мавзуи доғе, ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳс қарор мегирад, ин фасод дар сатҳи мақомоти қонунгузор аст».
Ба таъкиди Эммануэл Лаллана, кишварҳое, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хело рушд кардаанд, дар онҳо сатҳи ришвагирӣ ба маротиб коҳиш ёфтаанд, ки Тоҷикистон ҳам метавонад аз чунин таҷриба истифода кунад. Ба гуфтаи ҷаноби Лаллана, дар баъзе аз кишварҳо шаҳрвандон метавонанд ҳатто дар муддати хело кӯтоҳ соҳиби ҳуҷҷатҳои лозима гарданд. Ӯ барои мисол мегӯяд дар Филиппин одамон метавонанд дар муддати се соат ҳуҷҷати ронандагии худро соҳиб шаванд: «Масалан танҳо барои рафта шаҳодатномаи ронандагиро гирифтан як ҳафта лозим буд. Рафта имтиҳон месупорӣ ва вақте имтиҳонро супоридӣ, бояд натиҷаашро фаҳмид то гузаштаи ё не ва баъди як ҳафтаи дигар омада ҳуҷҷати ронандагиятро мегири. Аммо имрӯз бошад барои гирифтани ҳуҷҷати роандагӣ ҳамаги се соат вақт лозим аст».
Ҳамзамон ҷаноби Лалана афзуд, ки масъулини Тоҷикистон ҳам барои рушди ҳукумати электронӣ хело талош доранд. Ин аст, ки аз ӯ хоҳиш шудааст то рушди ин соҳаро дар Тоҷикистон арзёбӣ кунад. Бинобар ин ҷаноби Лаллана ба масъулини Тоҷикистон як қатор тавсияҳо пешниҳод намудааст, ки он бояд мавриди тадбиқ қарор гирад.
Солҳои ахир дар Тоҷикистон маҳдуд кардани шабакаҳои иҷтимоӣ аз қабили Фейсбук ва Ютуб аз ҷониби Хадамоти алоқаи ин кишвар борҳо мушоҳида шуд ва таҳлилгарон сабаби инро танқид шудани баъзе аз роҳбарони Тоҷикисктон аз тарафи корбарони ин шабакаҳо унвон карданд. Ин дар ҳолест, ки баста шудани шабакаҳои иҷтимоӣ дар бархе аз кишварҳо на танҳо норозигӣ, балки табодуллотро ба миён меорад.
Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди ин коршиноси соҳа Тоҷикистон барои рушд додани ҳукумати электронӣ бояд сармоягузориҳои «инсони»-ро бештар мавриди истифода қарор диҳад. Яъне кадрҳои тоҷик бештар аз бозомӯзӣ гузаранд ва маҳоратҳои тактикиро касб кунанд. Тоҷикистон ҳар ташаббусеро, ки барои рушди ҳукумати электронӣ пеш мегирад бояд пойдор ва устувор бошад.