Андозаи либос барои Мадина, хонандаи синфи ҳаштуми мактаби 56-и шаҳри Душанберо замоне чен кардаанд, ки зеҳнаш банди омодагӣ бояд ба имтиҳонҳо буд ва ба ин андозагириҳо бепарво назар кард. Дертар вай аз ин бетаваҷҷуҳии худ афсӯс хӯрд, аммо кор аз кор гузашта буд.
Сӯҳбати мо бо Мадина дар фурӯшгоҳи корхонаи «Нассоҷӣ»-и Душанбе, дар ҳоле иттифоқ афтод, ки модараш ӯро ба харидани либоси мактабӣ маҷбур мекард. Либос ба Мадина намефорид, аммо модар мегуфт, агар ин либосро нахаранд, вай ба мактабаш роҳ дода нахоҳад шуд.
Мадина посух медод, ки либос писандаш нест ва ба шартномаи миёни корхонаи «Нассоҷӣ» ва мактабашон коре надорад: «Шимашон мисли шими мардҳо дароз аст. Маҷбур ҳастем, боз аз ин ҷо рафта, онро кутоҳтар кунем. Барои «мактаб» як курта аз ин ҷо мехарем ва барои худамон аз бозор.»
Ба гуфтаи Мадина, ҳарчанд аксари ҳаммактабонаш аз ин ҷо либос харидаанд, дилашон ба либоси мактабие, ки дар бозор дида мешавад, кашол аст. Бисёриҳо, ба ин тартиб маҷбур мешаванд, ду бор либоси мактабӣ харидорӣ кунанд. Аммо модари Мадина мегуфт: «бачам дигар илоҷ надорем. Бояд аз ҳамин ҷо либос бихарем. Баъдан либосҳои ин ҷо арзонтар аст.»
Хонандаи синфи даҳум Фарзонаи Некрӯз мегӯяд, роҳбари мактабашон ҳама хонандагонро маҷбур кард, то либоси якхела дошта бошанд. Ин ҳам ба хотири меҳмони олиқадр: «Чанд сол аст мегӯянд либосҳо ягона мешавад. Имсол, ки президент ба мактабамон меояд, барои ҳамин, ба фикрам, маҷбур шуданд, формаи ягона кунанд.»
Масълаи либоси ягонаи мактабӣ дар чанд соли охир дар Тоҷикистон хеле доғ ва ҳамзамон баҳсбарангез шудааст. Волидон ва хонандагон мегӯянд либосҳои ягонаи мактабӣ ношинам ва номувофиқ буда, дар баъзе маврид мухолифи эътиқоди мазҳабии онҳост. Аммо ба ақидаи масъулони Вазорати маорифи Тоҷикистон, норозигии мактаббачагон беасос аст, зеро онҳо метавонанд аз қариб 10 навъи либоси тавсияшуда, якеро интихоб кунанд.
Мудири бахши таҳсилоти интернатӣ ва таҳсилоти иловагии Вазорати маорифи Тоҷикистон, Ҷалолиддин Амиров, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ғайр аз ин хонандагон метавонанд, ин гуна либосро бо салоҳдиди худ дар корхонаҳои дӯзандагӣ ё дӯконҳои дӯзандагӣ фармоиш диҳанд. Аммо ба таъкиди ҷаноби Амиров, дар ҳоли ҳозир ду ширкати калони дӯзандагӣ мавҷуд аст, ки барои мактаббачаҳо либос омода мекунанд. Инҳо корхонаи «Нассоҷӣ» ва «Ёқут 2000»-анд: «Барои он ки муассисаҳои таълимиро бо либосҳои тавсиявӣ таъмин кунем ва барои мактаббачаҳо як либоси ягона омода намоем беш аз як миллиону ҳафсаду даҳ ҳазор адад либос лозим аст. Агар хонандагон як ҷуфти либос харидорӣ намоянд, беш аз се миллиону чорсаду бист ҳазор либос лозим мешавад.»
Ҳарчанд имрӯз миёни бархе аз муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои дӯзандагӣ шартномаи таҳияи либоси мактабӣ имзо шудааст, ба таъкиди масъулони вазорати маориф мудирони мактабҳо ҳақ надоранд, волидонро маҷбур кунанд, то дар корхонаи муайян либос фармоиш диҳанд ё ҳатман маҳсулоти ин ё он корхонаро харидорӣ кунанд.
Хайриддин Сафаров, корманди масъули Шӯъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари мактабҳои ин ноҳия барои омода кардани либоси мактабӣ бо корхонаи дӯзандагии «Ёқут 2000» қарордод имзо кардаанд. Бино бар он, арзиши либос барои духтарҳо 140 сомонӣ ва барои писарбачаҳо аз 140 то 180 сомонӣ муқаррар шудааст.
Тавре ҷаноби Сафаров таъкид кард, корхонаи «Ёқут 2000» то оғози соли хониш бояд барои 42 000 мактаббачаи ноҳияи Рӯдакӣ либос дӯзад. Аммо як намояндаи ин ширкат мегӯяд, имсол бахши умдаи фармоишҳо ба ихтиёри корхонаи «Нассоҷӣ»-и Душанбе гузашта, ба онҳо фармоиши камтаре «насиб» кардааст.
Абдумавлон Абдуллоев, муовини роҳбари корхонаи «Нассоҷӣ» гуфт, хонандаи 55 мактаби шаҳри Душанбе ва баъзе муассисаҳои навоҳии тобеи марказ, яъне наздики 70 ҳазор мактаббача аз мағозаи онҳо харидорӣ менамоянд. Ин аст, ки корхона талош кард, пешниҳодҳояш ба мактаббачаҳо писанд ояд: «Мактаб ба мактаб рафта, навъи либосҳоро пешниҳод мекунем ва хонандагон кадоме аз онҳоро интихоб намоянд, мо онро омода мекунем. Мактабҳо бо волидон маслиҳат карда, онҳоро ба мағозаи мо мефиристанд.»
Ба қавли ин ҳамсуҳбати мо, матоъҳо барои ин сарулибос аз кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Русия ва Кореяи Ҷанубӣ оварда мешаванд. Сарулибоси мактабие, ки корхонаи «Насоҷӣ» тавлид мекунад, аз шиму кастюм, галстук, пешдоман, доман ё юбка ва куртаи сафед иборат мбуда, нархи онҳо вобаста ба андоза ва тарҳ фарқ мекунад.
Дар ҳоле ки Тоҷикистон беш аз як миллион мактаббача дорад, корхонаҳои дӯзандагии он танҳо барои 200 ҳазор нафар либос медӯзанд. Тасмим аст, соли оянда ҳамкории мактабҳо ва корхонаҳои дӯзандагӣ густариш пайдо кунад. Аммо Мадина, ки, зоҳиран «дандон ба дандон» мондаву либоси барояш омодашударо харид, мегӯяд, агар сифати кор ин гуна аст, оянда касе аз мактаббачагон ин либосҳоро харидорӣ нахоҳад кард.