Аз соли 2017 корманди Радиои Озодӣ дар Душанбе аст.
Ҷавонон гуфтанд дар кадом донишгоҳ мехостанд таҳсилро идома бидиҳанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз раҳгузарон дар бораи Душанбеи гузаштаву имрӯз хубиҳову норасоии шаҳр пурсид ва ҷавобҳои ҷолибе гирифт. Худатон бубинед.
Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе дар рӯзи таҷлил аз ҷашни Ваҳдати миллӣ гуфтанд, ки "агар дар Тоҷикистон ҷанг намешуд, чӣ иттифоқ меафтод?" Ҷавобҳоро дар навор бинед.
Додситонии ноҳияи Сино ба таҳқиқи парвандаи оташ задани як кӯдаки шашсола шуруъ кардааcт. Ҳодисаи сӯхтани Осияи шашсола бисёриҳоро дар Тоҷикистон таконзада кард.
Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, ки бояд танҳо соҳибони симкортҳо шиносномаи коғазии худро ба корти ҳуввият иваз кунанд. Вале бархе аз сокинон гуфтанд, ҳушдор гирифтаанд, ки барои дарёфти пули фиристодаи наздикон аз хориҷа ва ё гирифтани пули нафақа бояд бо корти ҳуввият биёянд.
Дар се соли охир садҳо шаҳрванди Тоҷикистон кӯшиш кардаанд, ки дар Аврупо ва ё кишварҳои дигари ғарбӣ ҳаққи паноҳандагӣ бигиранд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз чанд роҳгузар дар Душанбе пурсид, ки аз нигоҳи онҳо чаро баъзе аз сокинон аз кишвар мераванд?
Аз замони ба фурӯш баровардани саҳмияҳои “Роғун” ҳудуди 9 сол сипарӣ шуд ва аз замони ба кор андохта шудани чархаи авали нирӯгоҳ тоза ҳафт моҳ мегузарад ва бисёр саҳмдорон мегӯянд, ки то рафт умеди онҳо ба ваъдаи пардохт шудани фоида аз саҳмияҳо кам мешавад.
Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе шикоят доранд, ки бисёре аз мусофирбарҳо дар замни таъйиншуда дар истгоҳҳо ҳозир намешаванд ва гоҳе ба ҳамин сабаб нақшаи онҳо, аз ҷумла иштирок дар дарс ё ҳузур дар ягон вохӯрии корӣ ба ҳам мехӯрад.
Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар дар Душанбе пурсид, ки дар Рамазон инсон чӣ гуна бояд хайр кунад. Шумо ҳам бубинед ва назаратонро ба ин шумора бифристед. Вотсапп, Вайбер, Телеграм ва ИМО + 420 724 053 959
Мардум ба Радиои Озодӣ гуфтанд,ки ба интихоби онҳо кӣ ва чӣ халал мерасонад.
Масъулони ҷамоату маҳаллаҳо дар Тоҷикистон ба ҷамъоварии фитри рӯзаи мардум пардохтаанд. Онҳо мегӯянд, рӯйхати оилаҳои камбизоат ва маъюбону ятимонро дар даст доранд ва фитри рӯзаро маҳз ба шахсони ниёзманд мерасонанд.
Давлати Тоҷикистон аз тарси афзоиши бемориҳои шушу саратон дар байни аҳолӣ тасмим гирифтааст, ки қимати сигорро баланд бардорад, то аз ин роҳ дастрасӣ ба тамоку камтар шавад. Назари сокинони Душанберо ба ин пешниҳод дар ин видео бинед.
Мардуми ин шаҳр намехоҳанд онро тарк кунад. Ҳар яке барои ин баҳонае дорад.
Бо гузашти тақрибан як ҳафта аз ошӯби хунин дар зиндони шаҳри Ваҳдат, ҳанӯз баҳси ин ки "дар онҷо чӣ гузашт?", хомӯш нашудааст. Дар ҳодисаи шаби 19-уми май 32 нафар, бо шумули се маъмури зиндон, ба ҳалокат расиданд.
Бо он ки қисме аз муҳоҷирони тоҷик солҳои охир оилаҳояшонро бо худ ба Русия мебаранд, "формула"-и зиндагии аксари онҳо якранг аст: баҳору тобистон ва тирамоҳ дар муҳоҷират ва танҳо зимистон дар хона.
Кушташудаҳои ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат рӯзи 20-уми май ба хок супурда шуданд. Бархе аз ин зиндониёни тоҷикро, ки дар исёни шаби 19-уми май кушта шуданд, бо иштироки наздикон ва гурӯҳи дигарро бе ҳузури пайвандонашон дафн карданд.
Сокинони деҳоти Тоҷикистон гуфтанд, ба чӣ меандешанд, дар бораи чӣ гап мезананд ва чаро дар ҷомеи тоҷик нобаробариҳо ҳаст?
Қазияи Гулбегим Раҳмонова, сокини Душанбе, ки бо нияти кор ва хариди хона ба Русия рафт, вале аз онҷо тобуташро оварданд, баҳс дар бораи муҳоҷирати занони тоҷикро дубора доғ кард.
Ёфтҳои бештар