Аз соли 2017 корманди Радиои Озодӣ дар Душанбе аст.
Қазияи Гулбегим Раҳмонова, сокини Душанбе, ки бо нияти кор ва хариди хона ба Русия рафт, вале аз онҷо тобуташро оварданд, баҳс дар бораи муҳоҷирати занони тоҷикро дубора доғ кард. Хабарнигори Озодӣ аз роҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки ба назари онҳо занони тоҷик ба муҳоҷирати корӣ раванд ё на?
Ҳафт рӯз боз тақрибан 80 нафар наметавонанд, аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба кишварҳои гуногун сафар кунанд. Мақомот гуфтанд, билети онҳо қалбакист. Сокинон мегӯянд, билетҳоро ба нархи аз якуним то дуним ҳазор сомонӣ харидаанд.
Бархе аз сокинони Душанбе доштани "шинос" ё хешу табор дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистонро зарур меҳисобанд, чун мегӯянд, "бо ёрии онҳо метавон, бисёр мушкилро ҳал кард".
Бархе аз сокинони Душанбе доштани "шинос" ё хешу табор дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистонро зарур меҳисобанд, чун мегӯянд, "бо ёрии онҳо метавон бисёр мушкилҳоро ҳал кард". Назари дигаронро дар ин видео бинед.
Додгоҳе дар Душанбе як падар ва писарро барои харидуфурӯши бангдона ба 17 сол зиндон маҳкум кард.
Сокинон аз мавридҳои "олбава" ё ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш шикоят доранд ва баръакс мақомот аз афзоиши сафи ихтёириён. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз роҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки чаро ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ намераванд?
Сокинони шаҳри Душанбе хотираҳои худро аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ гуфтанд.
Бисёре аз сокинони Тоҷикистон шикоят доранд, ки дар остонаи моҳи Рамазон нархи маҳсулоти ғизоӣ афзудааст. Онҳо гуфтанд, ин вазъият солҳо боз идома дорад ва зоҳиран ба одат табдил меёбад. Мақомот бо ташкили ярмаркаҳо мехоҳанд, ки нархро нисбатан поин нигоҳ доранд. Назари мардумро дар навор бинед.
Осоишгоҳи Харангон дар ноҳияи Варзоб макони зисти даҳҳо кӯдаку навраси тоҷик шудааст, ки шаби 30-юми апрел аз зиндонҳои Ироқ ба Тоҷикистон оварда шуданд. Модарони бисёре аз онҳо барои узвият дар гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" зиндонӣ гардидаанд.
Шаби 30-юми апрел 84 кӯдаку навраси тоҷикро тавассути ҳавопаймои ширкати ироқии Fly Erbil аз Бағдод ба Душанбе оварданд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз роҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки манфиати шахсии онҳо кадом аст ва манфиати миллӣ чӣ?
Бино бар тағйири “Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, акнун волидон ва ё бибиву бобоҳо дар Тоҷикистон дар қатори дигар насиҳатҳо ба фарзандону наберагон бояд батакрор гӯянд, ки “Ҳеҷ гоҳ манфиатҳои худатро аз манфиатҳои миллӣ боло нагузор!”
Ба дунболи эътироз ва нигарониҳои зиёди ронандагону мусофирон, ширкати муттасадии таъмир ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Хуҷанд гуфт, роҳ боз ва имкони ҳаракат дар он фароҳам шудааст.
Баъзе аз сокинони чаҳор маҳаллаи ноҳияи Рӯдакиро, ки дар наздикии дарёи Элок ҳастанд, ба ҷойҳои амн кӯчондаанд, то дар зери сел намонанд. Борони сахти рӯзи 24-уми апрел боис ба боло рафтани сатҳи оби дарёи Элок шуд.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Хуршед Азизов, ҷавони гумонбар ба латту кӯби як духтар дар маркази шаҳри Душанберо 8 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.
Ширкати "Барқи Тоҷик" беш аз 800 нозирашро, ки охири ҳар моҳ барои ҷамъоварии пули барқ дари сокинонро мекӯбанд, аз вазифа озод кардааст. Сокинони шаҳри Душанбе дар бораи кори онҳо назар доданд.
Бархӯрди номуносиби дарбориҳо бо шоирони тавоно ва дур аз ҳалқаи ҳукмрон. Ин маҳаки асосии намоишномаи "Фирдавсӣ" аст, ки баъди тақрибан ду ҳафтаи намоиши нахуст дар Душанбе ҷоизаи асосии ҷашнвораи имсолаи "Парасту"-ро соҳиб гардид.
Дар Тоҷикистон дар бораи камбизоатӣ масал зиёд аст, вале яке аз маъруфтарини онҳо ин аст, ки "Камбағалро дар болои уштур ҳам саг газидааст".
Боло бурдани нархи интернет, гуфтугӯи мобилӣ ва NGN аз тарафи ҳукумат, ба гуфтаи бисёриҳо, беэътиноӣ ба афкори умум ва гӯш надодан ба ҳарфи мардум дар Тоҷикистон аст.
Ёфтҳои бештар