Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст


Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00

Тоҷикистону Афғонистон барои кумак ба якдигар дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ, ба монанди заминларза ё омадани сел, созиш карданд. Ин санад, ки шоми 21-уми август дар Душанбе имзо шуд, имкон медиҳад, наҷотбахшони тоҷик ба минтақаҳои офатзадаи Афғонистон раванд, ё баръакс. Генерал Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, наҷотдиҳандагони тоҷик метавонанд танҳо ба он минтақаҳои офатзадае раванд, ки зери назорати сохторҳои давлатии Афғонистон аст. Афғонистону Тоҷикистон 1400 километр марз доранд. Ҳодисаҳои табиӣ дар минтақаҳои сарҳадии яке аз ин кишварҳо метавонад ба дигаре таъсир расонад. Аз ҷумла, тобистони соли 2017 фаромадани сел дар ду мавзеи Дарвози Афғонистон маҷрои дарёи Панҷро баст ва ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғро барои чанд ҳафта ба мушкил рӯбарӯ намуд. Суҳбати моро бо Наҷиб Фаҳим, вазири ҳолатҳои фавқулодаи Афғонистон дар ин бора дар навори видео бинед.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG