Аз соли 2017 корманди Радиои Озодӣ дар Душанбе аст.
Баъд аз нисфирӯзи 6-уми январ дастрасии комил ба шабакаи Вайбер дар Тоҷикистон дубора имконпазир шуд. Рӯзи гузашта корбарони Вайбер дар дохили Тоҷикистон гуфта буданд, ки ин барнома аз 4-уми январ қисман масдуд шуда, тавассути он танҳо имкони ирсоли паёмҳои хаттӣ ё СМС вуҷуд дораду бас.
Бо он ки ҷомеаи суннатии Тоҷикистон рэпсароиро барои духтарон чандон “зебанда” намедонад, талошҳо аз сӯи намояндагони ин ҷинс барои расонидани паёми худ дар риштаи рэп чашмрас аст. Албатта, ба тафовут аз писарон, духтарони рэпсаро кӯшиш мекунанд рӯи саҳна набошанд ва исми аслиашон муаррифӣ нашавад.
Дар як пурсиши сарироҳӣ хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар пурсиданд, ки агар сари чанбари нақлиёти мусофиркаш ронандаи мастро диданд, ба мақомот хабар хоҳанд дод?
Дар як пурсиши сарироҳӣ хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинони пойтахти Тоҷикистон пурсиданд, ки телефони ҳушманди кадом ширкат барояшон писанд аст ва чаро?
Дар як суҳбати сарироҳӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ бархе аз сокинони Душанбе гуфтанд, ки ин сол бо баъзе ҳодисаҳои муҳими дохилу хориҷ ё марбут ба хонаводаи онҳо дар хотирашон нақш бастааст.
Рӯзи 21-уми декабр Маҷлиси миллӣ тарҳи иловаҳо ба қонуни ҷиноиро, ки ҷазои сахттар ба фарзандони бемасъулиятро пешбинӣ мекунад, қабул кард. Фарзандоне, ки аз нигоҳубини падару модари барҷомонда даст мекашанд, то се сол зиндонӣ мешаванд. Хабарнигори мо аз раҳгузарон пурсид, ки ба чунин ҷазое розианд?
Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, куштори сагҳои дайду боис ба нигаронии сокинон шудааст.
Дар ин шабу рӯз дар Хоруғ сагҳои дайдуи зиёдро дидан мумкин аст, ки дар ҳолати ҷонканӣ ва хашму девонагии пеш аз марг қарор доранд.
Хонаводае дар Турсунзода баъди 8 рӯзи ҷустуҷӯ ҷасади духтари 20-солаашонро аз як мошини бетоншурӣ дар наздикии бозори Балхи ноҳияи Рудакӣ пайдо кард.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 25-уми ноябр расман аз боздошти гумонбар дар куштори Марҷона Шерхоноваи бистсола, сокини шаҳри Турсунзода, хабар дод.
Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе рӯзи 23-юми ноябр ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи инки чӣ маҷбур кардааст, баъзе аз оилаҳо фарзанди худро ба ятимхонаҳо супоранд, посух доданд.
Пешниҳоди Додситонии кулли Тоҷикистон барои муҷозоти мардони ба истилоҳ “сабукпо” дар кишвар баҳси гармеро миёни тарафдорону мухолифони ин мавзуъ ба по кард.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз баъзе сокинони пойтахт пурсид, ки чиро таҳаммул мекунанд, чиро на?
Ёсуман ва Манижа – ду навраси 15-солаи тоҷик – ахиран дар Русия бо истеъдоди фавқулодаи худ бисёриҳоро тасхир карданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 16-уми ноябр аз чанд навраси тоҷик пурсид, ки оё дар бораи Манижаву Ёсуман шунидаанд?
Беш аз 50 сокини кӯчаи Шевченко дар маркази шаҳри Душанбе дар ҳавои сарди поиз бо ояндаи норӯшане рӯбарӯ ҳастанд. Деворҳое, ки то дирӯз сарпаноҳашон буд, яке паси дигар фурӯ мерезад.
Беш аз 50 сокини кӯчаи Шевченко дар маркази шаҳри Душанбе дар ҳавои сарди поиз бо ояндаи норӯшане рӯбарӯ ҳастанд. Деворҳое, ки то дирӯз сарпаноҳашон буд, яке паси дигар фурӯ мерезад. Мисли садҳо хонаи дигар, ки то кунун дар пойтахт тахриб шудаанд.
бархе аз сокинони шаҳри Душанбе гуфтанд, ки бо вуҷуди ба кор пардохтани даҳҳо мусофирбари нав мушкили нақлиёт дар пойтахт ҳанӯз ҳал нашудааст.
Сокинони хиёбони Рӯдакӣ дар маркази пойтахти Тоҷикистон мегӯянд, мақомот бе пардохти ҷуброни кофӣ, хонаҳои онҳоро гирифтанд ва вайрон карданд.
Ёфтҳои бештар