Аз соли 2017 корманди Радиои Озодӣ дар Душанбе аст.
Баъди пирӯзии Беҳрӯз Хоҷазода, гуштигири тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонии самбо Радиои Озодӣ аз раҳгузарон пурсид, ки чаро варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ кам медал мегиранд.
Сокинони шаҳри Душанбе мардуми Эрону Тоҷикистонро аъзои як хонавода донистанд, ки ба бовари онҳо муносибаташон бояд хуб бошад. Тайи ду соли ахир муносибати Душанбеву Теҳрон ба сардӣ печида, ду тараф якдигарро барои рӯ задани ин мушкил муттаҳам карданд.
Радиои Озодӣ дар остонаи Рӯзи милиса дар Тоҷикистон аз раҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки оё милисаи тоҷик ҳомии онҳост, чӣ хубӣ ва ё чӣ рафтори нодурусте аз онҳо дидаанд.
Сокинони шаҳри Душанбе дар бораи табобати ройгон дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ назар доданд.
Сокинони шаҳри Душанбе дар бораи Инқилоби Октябр ва истиқрори ҳукумати кумунистӣ дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ назар доданд.
Радиои Озодӣ аз сокинони шаҳри Душанбе дар бораи ришва суол кард. Бархеҳо пораро "калиди кушоиши ҳама кор" ва иддае ҳам онро "як касбу расм" хонданд. Ба бовари бархе, пора додан, ҳуқуқи касеро поймол кардан аст. Назари сокинонро дар ин навор бубинед.
Радиои Озодӣ аз сокинони шаҳри Душанбе сабабҳои издивоҷи барвақтро пурсид.
Сокинони шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, чаро аз ятимхона фарзанд намегиранд.
Ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 24-уми октябр эълон кард, ки дар фасли зимистон дар кишвар лимити барқ ҷорӣ нахоҳад шуд ва сокинон бе маҳдудият барқ хоҳанд гирифт. Дар пасманзари ин эълони "Барқи тоҷик", хабарнигори Радиои Озодӣ аз сокинон пурсид, ки оё ба хатми лимити барқ бовар доранд?
Радиои Озодӣ фикри сокинони шаҳри Душанберо дар бораи қарз пурсид.
Радиои Озодӣ аз сокинони шаҳри Душанбе пурсид, чаро хонандаҳои мактаб бо ҳам меҷанганд.
Пешниҳоди “ё ҳалли мусбати буҳрон, ё ба истеъфо рафтан”-и Ҷамшед Нурмуҳаммадзода – раиси Бонки Миллии Тоҷикистон – дар се рӯзи пеш дар ҷаласаи порлумон баҳси гармеро дар ин бора ба по кард.
Бешубҳа, ҳар духтар дар Тоҷикистон ба ин савол посухи худро дорад, аммо аксарият мегӯянд, сол то сол назорату маҳдудият дар зиндагии онҳо бештар мешавад. Бархе мегӯянд, ки ҳоло ҳам мақомот, ҳам ҷомеа ва ҳам хонавода талош мекунанд, бо роҳҳои худ зиндагии духтарони тоҷикро “танзим намоянд”.
Радиои Озодӣ аз мардҳои Душанбе пурсид,ки кадом зан беҳтар аст.
Сокинони шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, кӣ хазинадори хуб мешавад: мард ё зан
Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе дар сӯҳбати сарироҳӣ ба ин пурсиши Радиои Озодӣ, ки "Оё шумо душман доред", посухҳои мухталиф доданд. Тафсилотро дар ин навор бубинед.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 5-уми октябр ба синни 65 расид. Ӯ аз соли 1992 ба ин тараф зимоми қудрат дар кишварро дар даст дорад. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз кӯдакону наврасони тоҷик дар хиёбонҳои Душанбе пурсид, ки дар бораи раиси ҷумҳур чӣ медонанд.
Бархе аз занону духтарони сокини Душанбе гуфтанд, ки барои зиндагии хубу осоишта марди ҷавону миёнҳол ва бо таҳаммулро интихоб хоҳанд кард. Аммо бархеи дигар мегӯянд, бигузор мард пир бошад, вале соҳиби пул бошад. Шумо бо кадоме аз ин назарҳо мувофиқед?
Ёфтҳои бештар