Аз соли 2017 корманди Радиои Озодӣ дар Душанбе аст.
Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон дар Рӯзи ҷаҳонии хати брайл (4-уми январ) аз Луи Брайл, педагоги фаронсавӣ ёд карданд, ки алифбои ихтироъкардааш ҳазорҳо нобиноро босавод кардааст.
Баъзе аз сокинони Душанбе дар суҳбат бо хабарнигори Озодӣ гуфтанд, ки дар соли 2021 чӣ орзу доранд. Яке аз онҳо мехоҳад, истироҳат кунаду дигаре дар фикри оиладоршавист. Як ҷавон гуфт, барои худаш чизе орзу надорад, балки барои мардум озодии бештар мехоҳад. Орзуҳои дигаронро дар ин навор бинед.
Тоҷикистон дар ёздаҳ моҳ ва бахусус дар аҳди коронавируси нав аз хориҷ ба маблағи бештар аз 41 миллион доллар ёрии башардӯстона гирифтааст.
Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагир маъракаҳои бахшида ба соли навро манъ кардаанд, хабарнигори Озодӣ аз роҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки идро чӣ гуна таҷлил мекунанд. Барои фаҳмидани ҷавобҳо наворро бинед.
Баъзе аз роҳгузарон дар Душанбе ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки 2020 барои онҳо чӣ гуна сол буд. Баъзе аз онҳо аз пандемияи коронавирус ва марги наздиконашон ёд оварданд, иддае дигар аз сабукӣ ва комёбӣ дар корашон.
Сару садо атрофи озори ҷинсии як писари 12-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ ба пошхурии хонаводаи онҳо анҷом ёфт.
Пас аз тақрибан як ҳафтаи он ки ширкати "Барқи тоҷик" эълон кард, интиқоли барқ ба манзили сокинон доимӣ шудааст, мақомот дубора аз эҳтимоли ҷорӣ шудани "лимит" суҳбат мекунанд.
Тумани ғафс бар фарози шаҳри Душанбе субҳи панҷшанбеи 10-уми декабр сабаби фуруди изтирории се ҳавопаймои ин ширкат дар Хуҷанд гашт, ки аз Маскав, Новосибирск ва Сургут ба пойтахти Тоҷикистон парвоз мекарданд.
Дар Рӯзи байналмилалии мубориза бо фасод, хабарнигори Радиои Озодӣ аз раҳгузарон дар Душанбе пурсид, кӣ чӣ гуна метавон, фасоду ришвахориро дар Тоҷикистон аз байн бурд. Посухҳои онҳоро бубинед ва худатон ҳам бигӯед, ки оё ришвахориро метавон нобуд кард.
Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, баъди ду ҳафтаи нопадид будан аз худ дарак додааст. Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ, рӯзи 4-уми декабр дар нишасти матбуотӣ гуфт, "ӯ дар озодӣ аст" ва "захми пойҳояшро табобат мекунад".
Баъзе аз донишҷӯёни тоҷик дар хиёбонҳои Душанбе гуфтанд, ки бештар аз пайдо кардани хонаи иҷора азият мекашанд. Яке аз онҳо гуфт, хобгоҳҳо ҳастанд, вале роҳ ёфтан ба онҳо чандон саҳл нест. Донишҷӯён дар Душанбе боз чӣ мушкил доранд, дар ин навор огоҳ шавед.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бо ташкили ярмаркаҳо кӯшиш доранд, ки аз болоравии босуръати нархи хӯрокворӣ пешгирӣ кунанд. Як моҳ боз арзиши маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои кишвар рӯ ба афзоиш аст.
Ҳамагирӣ ё пандемияи коронавирус, бино бар эъломияҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, ба муносибати байни одамон асабоният ва шиддат ворид кардааст.
Як ҳафта аст, ки сокинони навоҳии Тоҷикистон аз камбуди нерӯи барқ шикоят доранд. Ба гуфтаи онҳо аз соати 8 то 17 интиқоли нерӯи барқ қатъ мешавад ва зиндагӣ бо чунин аҳвол мушкил аст. Мардум мегӯянд, мақомот лимити нерӯи барқро ҷорӣ кардаанд. Аммо мақомот мегӯянд, ҳеч гуна маҳдудият ё лимите нест.
Сокинони баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки беш аз як ҳафта инҷониб аз соати 8-и субҳ то 5-и бегоҳ барқ надоранд ва аз эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудият (лимит) нигарон ҳастанд. Намояндагони "Барқи тоҷик" сабаби қатъ шудани нерӯи барқро муваққатӣ дониста, онро ба таъмири дастгоҳҳо рабт доданд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе аз чанд раҳгузар пурсид, ки чӣ чизе ба фикри онҳо ба сиҳатиашон зарар мерасонад. Яке гуфт, "ҳеч чиз", дигарӣ гуфт, ки агар пул надошта бошад, сарашро дард мегирад ва... Давомашро дар навор бубинед.
Чанде аз роҳгузарон дар Душанбе гуфтанд, ки боло рафтани нархи баъзе аз маҳсулот, аз ҷумла шакару равғани офтобпараст, онҳоро нигарон кардааст.
Ба назар мерасад, раванди дурӣ ҷустани мардум аз баррасии мавзуъҳои сиёсӣ рӯз то рӯз барҷастатар мешавад. Иллат чист: тарс аз ибрози андеша, набудани огоҳии сиёсӣ ва ё бетафовутӣ?
Радиои Озодӣ аз чанде роҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки дар ҳайати нави ҳукумати Тоҷикистон чӣ гуна шахсонро дидан мехоҳанд?
Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегуяд, натиҷаҳои интихоботро қабул надорад, зеро он ғайриқонунист. Ӯ рӯзи 12-уми октябр дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, 7 соли ояндаи раёсати ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон, яке аз давраҳои мушкилтарини ӯ мешавад.
Ёфтҳои бештар