Пас аз тақрибан як ҳафтаи он ки ширкати "Барқи тоҷик" эълон кард, интиқоли нирӯи барқ ба манзили сокинон доимӣ шудааст, мақомот дубора аз эҳтимоли ҷорӣ шудани "лимит" суҳбат мекунанд.
Дар нишасти машваратии аъзои ҳукумати Тоҷикистон дар рӯзи 15-уми декабр раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳушдор додааст, "дар сурати истифодаи исрофкоронаи қувваи барқ бори дигар зарурати ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли он пеш меояд."
"ЗАХИРАИ ОБ КОФӢ АСТ, ВАЛЕ..."
Аз аввали моҳи ноябр то 10-уми декабри имсол сокинони Тоҷикистон рӯзона аз нӯҳ то даҳ соат барқ надоштанд. Он вақт мақомот сабаби камбуди барқро дақиқ шарҳ намедоданд ва баъзе аз онҳо ба таъмири дастгоҳ ва баъзеи дигар ба камбуди об дар обанборҳо ишора мекарданд. Дар ҷаласаи рӯзи 15-уми декабр ба эҳтимоли камбуди об ишора шудааст.
Дар хабарномаи расмӣ гуфта мешавад, "захираи имрӯзаи об басанда аст, аммо дар сурати истифодаи беш аз ҳадди қувваи барқ мумкин аст дубора камбуди он пеш ояд."
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати "Барқи тоҷик", рӯзи 16-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо захираи об ва ангишт "ҳама тадбирҳо андешида шудаанд", то лимити барқ ҷорӣ нашавад. Вале Ёдгорӣ гуфт, "як кафолати ин сарфакорона истифода бурдани барқ аст. Мардум моро мефаҳмад ва аллакай равияи сарфакорона истифода бурдани барқ пайдо шуда истодааст ва истифодаи барқ ба эътидол даромадааст."
Масъалаи истифодаи барқ барои мақомоти Тоҷикистон ҷиддӣ шудааст ва аллакай дар баъзе аз минтақаҳо ба сокинон дастур додаанд, ки аз таҷҳизоти барқии сермасраф истифода набаранд.
АНГИШТУ ҲЕЗУМ БА ҶОИ БАРҚ
Бино бар дастури шаҳрдории Хуҷанд, сокинони хонаҳои заминӣ барои пӯхтани хӯрок ва гарм кардани хонаҳояшон на аз дастгоҳҳои барқӣ, балки ангишту ҳезум истифода баранд. Шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳамчунин дастур додааст, ки барои сарфаи барқ чароғҳои рӯшноидиҳандаи кӯчаҳо хомӯш карда шаванд.
Дар хабарномаҳои гуруҳҳои ба гуфтаи мақомот ташвиқотӣ ҳам зикр мешавад, ки сокинон вобаста ба вазъи имрӯзаи захираҳои оби кишвар бояд барқро сарфаҷӯёна истифода баранд. Ин даъватҳо дар байни аҳолӣ гумонҳоеро ба миён овардаанд, ки дар обанборҳо ҳамоно захираи кофии об барои тавлиди барқ ҷамъоварӣ нашудааст.
Ҳомидҷон Орифов, донишманд ва корманди пешини "Барқи тоҷик", мегӯяд, агар воқеан оби зарурӣ дар обанбор ҷамъ шудааст ва барои таъмини мардум бо барқ мерасад, пахши чунин изҳоротҳо барояш суолбарангез аст. Ба гуфтаи ӯ, "куҷо мешавад ин барқ? Куҷо сарф карда истодаанд? Шояд фурӯхтанд? Шартнома бастанд, ки зиёдтар фурӯшем? Инро на ман гуфта метавонам, на Шумо. Бояд ҳамавақт барқро сарфакорона истифода барем."
БАРҚИ ЗИЁД - ПУЛИ ЗИЁД
Бо вуҷуди он ки даъвати ҳукумат дар бораи сарфаҷӯмии барқ аз тарафи мардум мантиқӣ ва зарурӣ дониста мешавад, вазъ ба гунаест, ки онҳо дар бисёр ҳолат интихобе ба ҷуз аз истифодаи барқ надоранд.
Мирзораҳим Усмонов, сокини ноҳияи Файзобод, гуфт, бе ин ҳам маҷбуранд барқро сарфа кунанд, чун истифодаи зиёд ба ҷайби онҳо зарба мезанад. "Агар барқи зиёд истифода барем, пулаш ҳам зиёд мешавад. Барои ҳамин лампаҳои каммасраф мондаем. Хонаро бо ангишт гарм мекунем", -- афзуд ӯ.
Баъзе аз сокинон ҳам мегӯянд, бо вуҷуди ваъдаи мақомот дар баъзе минтақаҳо ҳанӯз қуваи барқ барои як-ду соат қатъ мешавад. Аз ҷумла, чунин шикоятҳо аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ расидааст.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Мақомоти Тоҷикистон соли 2017 эълон карданд, ки лимити барқ ба афсона табдил шудааст, вале бо гузашти се сол ҳанӯз ҳам ҳолатҳои қатъи барқ ба назар мерасад. Дар чунин вазъе, ки аз сокинон хоста мешавад барқи камтар истифода баранд ва бинобар камобӣ эҳтимоли ҷорӣ шудани лимит вуҷуд дорад, мақомоти Тоҷикистон нагуфтаанд, ки оё ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон барқ содирот мекунанд ё не.
Тибқи иттилои расмӣ Тоҷикистон дар моҳи октябри имсол ба хориҷи кишвар ба маблағи 2 миллион доллар нерӯи барқ содирот кардааст.