Муроҷиати сокинон ба Раҳмон, Рустам ва Озода. Чаро мушкили мардум дар минтақаҳо ҳал намешавад?

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо падараш Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон

Сарфи назар аз вуҷуди қонун “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ” дар Тоҷикистон ва омодагии ниҳодҳои давлатӣ барои пазируфтани муроҷиатҳои шаҳрвандон, бисёре аз бошандагони кишвар бартарӣ медиҳанд, ки мушкили худро бо президент ё аъзои хонаводаи ӯ дар миён гузоранд.

Бархе аз коршиносон инро натиҷаи яккасардории раисҷумҳур медонанд, бархи дигар далели эътимоди баланди мардум ба ӯ. Пас нақши ниҳодҳои давлатӣ дар ин раванд чист?

Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ба ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 941 муроҷиат аз шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ворид шудааст. Аз ин шумор, 181 муроҷиат қонеъ шудаааст, 103 муроҷиатро ҳал накардаанд ва ба 424 муроҷиаткунанда машваратҳои ҳуқуқӣ додаанд. Дар ин бора ахиран дастгоҳи раиси ВМКБ дар сафҳаи расмии худ дар Фейсбук хабар дод. Дар иттилоия ҳамчунин гуфта мешавад, ки раҳбари вилоят дар ин давра аз фонди захиравии раиси ВМКБ ба 45 ниёзманд бо маблағи 17 350 сомонӣ ёрӣ расонидааст. Сабаби қонеъ нагаштани 103 муроҷиат шарҳ дода нашудааст.

Ҳарчанд шаҳрвандон имкон доранд, барои ҳалли ин ё он мушкил ба мақомоти давлатӣ муроҷиат кунанд, бисёриҳо муроҷиати рӯйирост ба президентро бартарӣ медиҳанд. Онҳо мегӯянд, ин беҳтарин, осонтарин ва дақиқтарин роҳи ҳалли мушкили онҳост.

ДАРХОСТҲОИ НОШУНИДА

Сафаргул Самандарова, сокини 44-солаи шаҳри Ваҳдат чандин сол аст, талош мекунад, арзи худро ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонад, вале муваффақ намешавад. Ӯ бо 7 фарзанд ва ҳамсари бемораш наздики 15 сол мешавад, дар як ҳуҷраи танги хобгоҳи беморхонаи ноҳиявӣ зиндагӣ мекунад. Ӯ дар ин беморхона парастор аст.

“Хостам, замин бигирам, аммо касе иҷоза надод, бародарон ёрӣ карданд, ки хонаи хурде бисозем, вале ҳоло ҳар бор аз ман хоҳиш мекунанд, ки аз он ҷо биравам. Ман вақти сохтани он хонача қарздор шудам, бо ними маош кор мекунам. Фарзанди ман як пояш кор намекунад, тақрибан маъюб аст. Аз ҳисоби он ки шароит надоштам, ду духтарамро пас аз хатми мактаб дарҳол тӯй кардам, ҳарчанд онҳо мехостанд, таҳсил кунанд. Ҳоло ягона умедам танҳо ба презиент аст”,- мегӯяд Сафаргул.

Бори охир ин зан моҳи сентябр ба дастгоҳи президент муроҷиат кардааст, ки маъюбияти фарзандашро ба назар бигиранд. Вале мегӯяд, ҳукумати маҳаллӣ танҳо бо телефон тамос гирифтаанду ба ягон қарори муайян нарасидаанд.

ЧӢ ТАВР ЗАЙНУРА СОҲИБИ ХОНА ШУД?

Аз июни соли 2016 дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” амал мекунад. Мувофиқи қонунгузорӣ шаҳрванд ҳақ дорад, ба ҳукумат бо ариза, дархост ва шикояти ҳам хаттиву шифоҳӣ ва инчунин тариқи расонаҳо муроҷиат кунад. Кафолати дар 30 рӯз баррасии муроҷиат дода шудааст.

Дар торнамои ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ шумораҳову василаҳои тамос барои қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон оварда шудааст. Ба ҷуз ин, тибқи дастур дар ҳамаи вазорату идораҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ рӯзҳои махсуси қабули шаҳрвандон вуҷуд дорад.

Вале онҳое, ки мушкил доранду мехоҳанд онро бо ёрии президент ҳал кунанд, мегӯянд, ки дар маҳалҳо мансабдорон танҳо ваъда медиҳанду халос.

Бошандаи Хоруғ Зайнура Азимхонова соли 2012 ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба минтақа ба ӯ муроҷиат кардааст, ки ба вай ва хоҳару бародараш хона бидиҳанд, ва сардори давлат хоҳиши онҳоро иҷро кардааст.

“Волидайни мо вафот карданд ва мо комилан ятими бехона мондем. Ҳукумати маҳаллӣ он замон аз мушкили мо хабар доштанд, вале барои ширкат дар он чорабинӣ ба ман даъватнома надоданд. Аз он ҷо, ки ман дар як қаҳвахонаи боғи шаҳрӣ кор мекардам, медонистам, ки чӣ гуна мешавад ба он ҷо пинҳонӣ аз муҳофизон роҳ ёфт ва роҳ низ ёфтам. Баъди гуфтугӯ бо президент дақиқан баъди 6 моҳ, шаҳрдор ба ман калиди хонаро супурд”,-‑ нақл мекунад Азимхонова.

Ба гуфтаи вай, баъди муроҷиат ба президент ба ӯ ҳамчунин ёрӣ расониданд, ки дар Донишгоҳи Хоруғ таҳсил кунад. Ҳамчунин барои ҷойи кор ёфтан дар отряди низомии Хоруғ низ ба ӯ мусоидат карданд ва дар ин ҷо ҳам хонаи хидматӣ дарёфт кард.

Дахолати президент ба масоили хонаводагиро, эҳтимолан, ҳукуматҳои маҳаллӣ на ҳамеша мепазиранд. Усулан, ҳангоми ин гуна мулоқотҳо мақомоти маҳаллии ҳифзи ҳуқуқ шахсонеро, ки мехоҳанд бо президент мушкилашонро дар миён бигузоранд, иҷоза намедиҳанд.

Тобистони соли 2019 кормандони милисаи ноҳияи Рашт Мавҷигул Ғарибова, модари блогнависи мухолиф Ҷунайдулло Худоёровро, ки дар зиндон буд, муваққтан боздошт намуданд. Ин зан мехост дар мулоқоти бо президент Эмомалӣ Раҳмон, ки бо як сафари корӣ дар Рашт қарор дошт, иштирок кунад.

Моҳи августи имсол дар бораи як ҳодисаи мушобеҳи дигар сокини 60-солаи ноҳияи Роштқалъа Сорбон Юноев нақл кард. Ба гуфтаи вай, ӯ барои президент пешниҳодҳо дошт, вале мақомоти маҳаллӣ бо баҳонаи дер дархост доданаш талабашро барои ширкат дар вохӯрӣ рад карданд.

“ДАВЛАТ ЧӢ ГУНА БО УСУЛИ ДАСТӢ МУДИРИЯТ МЕШАВАД?”

“Ин таҷриба баёнгари он аст, ки дар кишвар режими мудирияти дастӣ амал мекунад ва ниҳодҳои мавҷуд ба андозаи лозим кор намекунанд ва мавриди эътимоди мардум нестанд. Ин ҳамчунин баёнгари талошҳои мутамарказ кардани қудрат дар дасти президент аст. Мардум мебинанд, ки мансабдорон дар маҳаллҳо барои ҳалли мушкили онҳо салоҳият надоранд”,-тахмин мезанад рӯноманигори тоҷик Марат Мамадшоев.

Ин гуна низом, ба назари коршинос, дар дарозмуддат наметавонад фаъолияти муассир дошта бошад, зеро дар он механизми посухи муносиб бо мардум вуҷуд надорад.

Муроҷиат ба президент ҳангоми сафарҳояш ба минтақаҳо дар солҳои ахир ба ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги сиёсӣ табдил шуд. Ба ҷуз ин, муроҷиатҳои доимӣ ва дархости ёрӣ аз хонаводаи президент ҳам ба назар мерасад. Хусусан ба духтараш Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент ва писараш Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси палатаи болоии порлумон.

Посухи мусбат ба ин гуна дархостҳо ҳамеша хушҳолии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба бор меоварад, вале байнашон онҳое низ ҳастанд ки чунин бархӯрдро интиқод мекунанд ва суол мегузоранд, ки тақдири онҳое, ки имкони расонидани ниёзашонро то хонаводаи рақами аввал надоранд, чӣ мешавад ва чаро низоми одилонаи бархӯрд ба ин гуна мушкилиҳо вуҷуд надорад?

“ДАЛЕЛ ДАРАҶАИ ЭЪТИМОДИ БАЛАНД АСТ”

Муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров мегӯяд, ки дар Тоҷикистон дар давраи шӯравӣ ва пасошӯравӣ суннати махсуси сиёсии муроҷиат ба шахси аввал шакл гирифт.

“Дар давраи шӯравӣ, ҳатто аз дурдасттарин рустоҳои Тоҷикистон рост ба Кремлин муроҷиат мекарданд. Ҳоло мардум ба президенти кишвар эътимоди баланд доранд. Зеро ӯ барои тамоми минтақаҳои кишвар хидмати баробар мекунад, ки мутаносибан аҳолии ҳамаи минтақаҳо мехоҳанд ба ӯ муроҷиат кунанд, зеро медонанд, ки ӯ ба мушкилоти онҳо бетафовут нест”,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Раисҷумҳури Тоҷикистон мисли ҳамтоёни минтақавияш нишастҳои солонаи матбуотӣ баргузор намекунад. Ягона роҳи изҳори мушкилоти дар вақти мулоқот бо мардум аст, ки зимни сафарҳои кориаш дар минтақаҳо баргузор мешаванд. Вале дар ин ҷойҳо ҳам рӯйхати меҳмонон пешакӣ аз сӯйи ҳукумат ва мақомоти вижа омода мешавад, ки вориди ин рӯйхат шудан кори осон нест.

Сиёсатшиноси мустақил аз Душанбе, ки нахост бо далоили амниятӣ номаш бурда шавад, тахмин мезанад, ки набуди имконоти молиявӣ ва майл надоштан ба тақсим кардани салоҳиятҳо имкон намедиҳад, ки сардори давлат ба таври муносиб ба муроҷиатҳои мардум вокуниш кунад ва посухдиҳиро ба роҳ бимонад.

“Эҳтимолан, ин гуна алоқамандӣ вуҷуд дорад, зеро ҳар қадаре президент мушкилотро ҳал кунад, ҳамон қадар рейтингаш боло меравад. Вале барои ин зарур аст, ки ба ҳукуматҳои маҳаллӣ, додгоҳҳову додситониҳо озодии бештар дода шавад, то онҳо мустақилона амал кунанду барои амали худ масъулият ҳис кунанд. Танҳо ин гуна низом бо тақсимоти қудрат ба қонунгузориву иҷроияву судӣ тавони вокуниши сареъ ба муроҷиатҳои шаҳрвандонро дорад. Ҳалли сунъии ин гуна масоил ҳам имконпазир аст, вале дар дарозмуддат не”,‑‑ бовар дорад ҳамсуҳбати мо.