Корманди собиқи додгоҳе дар вилояти Суғд дар номае ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон навишта, ки ба хотири "тан надодан ба суистифодаи ҷинсӣ аз сӯи раиси додгоҳ" шуғли худро аз даст додааст.
Ин зани 33-сола, ки то як сол пеш котиби суд дар яке аз додгоҳҳои вилояти Суғд буд, иддао мекунад, раиси додгоҳ аз ӯ тақозои "муносибати маҳрамона" кардааст, вале пас аз шунидани ҷавоби рад ӯро аз кор рондааст.
Ин гуна шикоятҳо хеле зиёданд, аммо духтарон аксар вақт онро рӯйпӯш мекунанд.
Ин зан, ки номаш бо далели ахлоқӣ фош намешавад, дар ин бора ба президент ва мақомоти дигари Тоҷикистон беш аз 30 нома фиристодааст.
Аз ҷумла, дар номаи ахираш, ки нусхае аз он дар дасти Радиои Озодӣ аст, вай аз президент Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ба кори пешинаш барқарор кунад.
Вале, ба назар мерасад, бархӯрди табъизомез нисбат ба занон дар сатҳҳои гуногуни давлатӣ боис шудааст, ки шикоятҳои ӯ то ба ҳол нодида гирифта шавад.
Аз ҷумла, дар пайи шикоятҳои ӯ бо дастури Додгоҳи олӣ ва вилояти Суғд додгоҳи ноҳиявие қарори аз кор ронда шудани ин кормандро санҷида, даъвои занро рад кардааст.
Хурсандмурод Мирзозода, раиси дастгоҳи Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи 25-уми декабр ба Радиои Озодӣ шикоятҳои занро тасдиқ кард, аммо гуфт, ки барканории ӯ ба "доғи судӣ" доштани бародараш рабт дорад.
Ӯ гуфт: "Дар маълумотнома ва тарҷимаи ҳол ӯ дар бораи бародараш нанавиштааст. Мо дар ин бора бо ӯ суҳбат доштем ва гуфтем, чаро ишора накардӣ, ки бародарат пеш ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст? Бар асоси ҳамин раиси суд ӯро аз кор озод намудааст."
Мирзозода афзуд, шахси аз кор рондашуда риштаи ҳуқуқи донишгоҳро бо дипломи аъло хатм карда, бо роҳхати Додгоҳи олӣ барои кор ба як ноҳияи вилояти Суғд фиристода шуда буд. Ӯ гуфт, шахси мавриди назар метавонад баҳсашро дар зинаҳои болоии додгоҳ, аз ҷумла Додгоҳи олӣ идома диҳад.
Аммо ин зан мегӯяд, мувофиқи қонун ва маълумотномаи Додгоҳи олӣ бинобар сипарӣ шудани муҳлат бародараш доғи судӣ надорад ва ба ҳайси маъюби гуруҳи дуюм дар беморхонаи рӯҳӣ сабт шудааст. Аз ин рӯ, ин зан бинобар ҷурми пеш содиркардаи бародараш аз кор ронда шудани худро ғайриқонунӣ медонад.
Ба иддаои зан, "натиҷаи интиқомҷӯӣ ва худхоҳии раиси додгоҳ" боис шуд, ки "карйераи ӯ шикаст ва панҷ соли таҳсилаш" барбод рафт, чун раиси додгоҳ ӯро бо иттиҳоми нақзи қонуни меҳнат аз кор ронданд ва ӯ наметавонад, дар дигар идора бо чунин санадҳо ба кор пазируфта шавад.
Як далели дигари ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ ҷиҳати "ғайриқонунӣ будан"-и рондани ӯ ба гуфтааш ин аст, ки он замон дар "рухсатии табобатӣ" қарор дошт. Мутобиқи қонуни меҳнати Тоҷикистон, шахсеро, ки дар табобат қарор дорад, аз кор рондан мумкин нест.
Радиои Озодӣ талош варзид бо телефонии корӣ бо раиси ин додгоҳ тамос гирифта, назарашро дар ин бобат пурсад. Пас аз зангҳои ба такрор раиси додгоҳ тавассути котибааш паём дод, ки суолҳоро ба ӯ фиристем.
Радиои Озодӣ саволҳоро дар робита ба ин қазия тавассути котиба ба ӯ расонд, аммо бо гузашти чаҳор рӯз то замони нашри ин матлаб посухҳои додрас дастрас нашуданд.
Агар иддаоҳои ин зан исбот шавад, ба гуфтаи ҳуқуқшинсон, раиси додгоҳ бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ - "Маҷбур намудан ба ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ" (моддаи 140) ва "Вайрон кардани қонуни меҳнат (моддаи 153), мумкин аст, муҷозот шавад.
Мувофиқи Кодекси ҷиноӣ барои содир кардани кирдоре, ки дар моддаи 140 зикр шудааст, аз 27 то 38 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ду соли зиндон пешбинӣ мешавад. Бино ба моддаи 153-и ин кодекс, ки аз ҷумла “Дидаю дониста ғайриқонунӣ аз кор озод кардани шахс”-ро дар назар дорад, аз 55 то 110 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё се сол маҳрумият аз озодӣ ҷазо муқаррар шудааст.
Фаъолони ҳуқуқи зан мегӯянд, бархӯрди табъизомез ва ҳамин тавр беэътиноӣ нисбат ба шикояти заноне, ки аз озори ҷинсии худ аз тарафи ҳамкорон ва ё раҳбаронашон дар ҷойи кор муроҷиат мекунанд, "дар ниҳодҳои давлатӣ ва додгоҳҳои Тоҷикистон амри маъмулист".
Ойниҳол Бобоназарова, ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон, рӯзи 26-уми декабр гуфт, "озору азияти ҷинсии занон аз сӯи роҳбарони мард дар идораҳо падидаи роиҷ аст". Ӯ афзуд: "Ин гуна шикоятҳо хеле зиёданд, аммо духтарон аксар вақт онро рӯйпӯш мекунанд. Фикр мекунанд, дар сурати ошкор шудани чунин ҳодиса ҷомеаи мо худи занҳоро гунаҳкор мекунад. Чанде пеш дар дасти ман ҳудуди 6 чунин қазия буд, (манзур озору азияти ҷинсӣ ва пешниҳоди ҳамхоба шудан аз сӯи роҳбар), аммо ҷабрдидаҳо намехоҳанд ба додгоҳ муроҷиат кунанд."
Ӯ гуфт, ҳанӯз се сол пеш дар маҷлисе ба Додситонии кул ва мақомоти дигар пешниҳод карда буд, ки барои пешгирии чунин падидаҳо қонуни алоҳидаеро барои ҳимоят аз занон қабул кунанд. Дар ғайри сурат, афзуд ӯ, "занон афсурда шуда даст ба худкушӣ мезананд."
Мадина Тошева, сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, заноне, ки дар ҷойи кор дучори озори ҷинсӣ мешаванд, ба маркази ягонаи "1313"-и идораи онҳо муроҷиат кунанд.
Ӯ гуфт, ҳуқуқшиносони ин марказ ба чунин занон ёрии ҳуқуқӣ ё равонӣ мерасонанд ва ҳамзамон ҳуввият ва омори муроҷиаткунандагонро махфӣ нигоҳ медоранд. "Чанде пеш бо ширкати мақомот ва созмонҳои ҷамъиятӣ мавзӯи озори ҷинсии занон баррасӣ шуда буд ва якчанд пешниҳодҳо оид ба тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси оила таҳия шуд ва онро барои баррасӣ ба вазорату идораҳо фиристоданд. Ҳоло ин масъала дар баррасӣ қарор дорад," --иброз дошт Тошева.