Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгар
Бознашр аз блоги "Рӯзи нав"
Президенти Тоҷикистонро боз ба Ҷоизаи Нобел пешниҳод мекунанд?
Аз сафарҳои ахири Президент Раҳмон, ки пас аз интихобот сурат мегиранд, бардошти аввалин як аст: чизе тағйирёфтанӣ нест. Ҳарчанд дар маъракаи интихобот баъзан паёмҳои умедворкунандае мерасид, ки гуё мехоҳанд дигаргуниҳое ворид намоянд.
Дар ҳамин ҳол, агар ба муҳтавои барқияҳои воридшудаи табрикотӣ назар кунем, монандие ба соли 2013 эҳсос мешавад. Он замон ҳам мисли имрӯзҳо дар сомонаи Президенти Тоҷикистон зери хабари "табрикоти сарони кишварҳои хориҷӣ" маҳз аз мамолики собиқ Шӯравӣ ва баъзе аз кишварҳои дигари осиёӣ ном бурда мешуд. Аз кишварҳои ғарбӣ ва аврупоӣ чизе ё набуд, ё хеле дер чунин табрикот ворид гардид.
Маълум аст, ки чунин ҳолат ба имиҷи Тоҷикистон ва роҳбари он бетаъсир намемонад. Шояд барои ҳамин, ба назар мерасид, ки дар маъракаи пешазинтихоботӣ идеологҳои ҳукуматӣ талошҳои имиҷсозӣ доштанд. Имиҷи нави дохилӣ...
“Президенти мардумӣ” – он тавре дар сафарҳои давраи интихобот ва ҳоло пас аз он ҳам роҳандозӣ карданианд, аслан дар имиҷологияи сиёсии Президенти Тоҷикистон услуби истифодашудаву самаровар будааст. Дуруст, ин услуб замоне боровар буд, ки ба он на ҳамчун як василаи тарғибот, балки воқеияти замон муносибат мешуд.
Сухан аз солҳои аввали роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар миёнаи солҳои 90-и асри гузашта меравад, ки барои як сиёсатмадори навроҳ ва на ба ҳама шинос тарғиботи густурда махсусан дар дохили кишвар зарурат вуҷуд дошт. Ӯ бо мардум суҳбатҳои сарироҳӣ анҷом медод, ба ҷанозаҳо мерафт, матни суханрониҳояш низ мисли имрӯз аз қабл омодашудаву тӯлонӣ набуданд. Бадоҳатан сухан мегуфт ва хеле самимиву дилчасп.
Ҳамин тавр, ин услуб шояд фаҳмидаву шояд нофаҳмида барояш имиҷи нав меоварду Раҳмонро ҳамчун як сиёсатмадори мардумӣ муаррифӣ менамуд.
Дар давраи интихоботи президентии соли 2020 бахши идеологии ҳукумат эҳтимолан ин услубро дар шакли нав роҳандозӣ карданӣ шуданд: манзур "бадоҳатан" пайдо шудани духтарони ҷавон аз пешаш дар Панҷакенту Хатлон ва аз мушкилоти худ гуфтани онҳост.
Дар як сафари чанд сол пеши президент ба ноҳияи Фархор кӯдаки хурдсоле "ногаҳон" аз он шикоят кард, ки дар маъракаи пешвозгирии Эмомалӣ Раҳмон, азбаски аз онҳо пӯшидани либоси тунук талаб мекунанд, хунук хӯрдааст. Президент супориш дод, ки аз ин корҳо ҷилавгирӣ шавад, вале ин ҷараён поён наёфт...
Тахмин зада мешавад, ки “ногаҳон” пайдо шудани одамон дар пешорӯи президент баргирифта аз рӯи услуби имиҷсозии Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон аст. Воқеан, тобистони имсол дар назди сафорати Узбекистон дар Русия ба пешвози Мирзиёев “ногаҳон” гурӯҳи узбекҳои муҳоҷир пайдо шуданд.
Гуфта мешуд, ин гуна иқдоми таблиғотии муассиру дар назар табииро дар Узбекистон духтари президент Саида Мирзиёева роҳандозӣ мекунад, ки қаблан ба сифати муовини мудири Агентии иттилоотӣ ва иртиботи оммаи дастгоҳи Президенти Узбекистон кор мекарду масъули таҳияи имиҷи падараш ба ҳисоб мерафт. Ин духтари президент ҳамчунин дар чанд нишастҳои байналмилалӣ бо забони англисӣ суханронии ҷолиб намуд ва ба падари президенту худаш обрӯи фаровон овард...
Дар идомаи истифода аз услуби “президенти мардумӣ” барои Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз меҳмоншавии ӯ ба хонаҳои, ба эҳтимоли қавӣ қаблан омодашудаи сокинон истифода бурдан хостанд. Дар назари аввал чизи баде нест, аммо ҷо доштани унсурҳои сунъӣ, мисли дастҳои ҳамеша пеши бару бо ниқоб дар сари дастархон нишастани соҳибони хона ва аз неъматҳои болои дастархон гоҳ – гоҳ фақат нӯши ҷон кардани президент онро ба як маъракаи тарғиботӣ намудор кард, на сӯҳбати самимӣ.
Гуфтугӯҳое, ки дар сари дастурхон анҷом мешуд, низ бояд аз доираи танҳо хӯроку ғизо берун мерафт, чун мардум бисёр кам иттифоқ меафтад, ки бо Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ дошта бошанд.
Бо ҳамин, ба назар мерасад, ки дар бахши идеологиву тарғиботии Эмомалӣ Раҳмон ё нафароне ҷамъ омадаанд, ки аз унсурҳои ҷолиби имиҷсозӣ огоҳӣ надоранд, ё дар марказҳои қабули қарор ҳамоно фикр доранд барои тағйирот зарурат пайдо нашудааст.
Агар чунин фикре ҷо дошта бошад, то куҷо дуруст аст?
Агар дар маҷмӯъ бигирем, мешавад гуфт, Тоҷикистон ба масъалаи имиҷсозӣ то андозае ҷиддитар аз соли 2008 оғоз кард. Он ҳам пас аз Паёми солонаи президент. Дар натиҷа, авохири моҳи июл ва аввалҳои моҳи август дар бораи таъсис ёфтани як ниҳоди мушаххас, ки баъзе расонаҳо онро Кумитаи муқобалаи иттилоотӣ номиданд, хабар дода шуд.
Андактар дар бораи ин сохтор ва ҳадафҳои он мушовири президент Зафар Саидов тариқи нашрияи "Азия Плюс" шарҳи бештар дод. Аммо дар бораи фаъолиятҳои минбаъдаи ин ниҳод хабару матлабе нашр нашуд.
Баъдан пешопеши интихоботи президентии соли 2013 ҳизби ҳокими халқии демократӣ ва нашрияи “Минбари халқ” нишасте бо иштироки коршиносону таҳлилгарон анҷом дод ва масоили вуҷуддошта дар имиҷсозии Тоҷикистону раҳбари онро баррасӣ намуд. Боз ҳам гуфтан мумкин нест дар ин самт чизе иваз гардид.
Албатта пештар аз ин талошҳое барои беҳтар кардани имиҷи байналмилалии кишвар анҷом гирифта буд, аммо намешавад гуфт онҳо сахт муассир буданд. Аз ҷумла, ташкили сафари хабарнигорони интиқодгари рус ва харидории як шумораи комили маҷаллаи русии “Огонёк” дар поёни солҳои 90.
Ба назар мерасид, ки он вақт талоши сохтани симои мусбати кишвар дар Русия ва паҳнои шӯравии собиқ маҳдуд мешуд. Соли 2013 Евронюс, ки барномаҳояш ба 16 забон пахш мешавад, дар рӯзҳои Наврӯз аз Тоҷикистон 6 гузориш ва мусоҳибаи ихтисосӣ бо президент Эмомалӣ Раҳмонро нашр кард.
Ҳамон сол Ҳасан Асадуллозода як китоби Раҳмонро бо чанд забони хориҷӣ дар Аврупо нашр кард. Пеш аз ин як ролики нимдақиқагии дигар ҳам дар Евронюс барои шинохти кишвар таҳия шуда буд, ки арзиши онро 120 000 доллар мегуфтанд ва гуфта мешуд ин наворҳои таблиғии соли 2011 тӯҳфаи ин корхона ба 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон аст.
Аммо дертар масъулини ширкат гуфтанд, беҳтар аст, аз ин ба баъд ба сохтани имиҷи мусбати кишвар ниҳодҳои манфиатдор ба ҷалби сармоя ва сайёҳон, барои мисол, ширкатҳои ҷаҳонгардӣ, машғул шаванд. Воқеан, бо дастгирии молиявии Талко ё ширкатҳои ба он тобеъ байрақи он вақт баландтарини ҷаҳон дар Душанбе қомат афрохт, ки ин ҳам як навъ имиҷсозии ҳукумат маънидод мегардид.
Иқдоми дигари ҳукумат ё ширкатҳои наздик ба он ташкили сафари Тесак – як раҳбари сартарошидаҳои рус ба Тоҷикистон буд, аммо ба бадгӯиҳои ӯ нисбат ба муҳоҷирони тоҷик хотима нагузошт.
Зимнан, таҳлили матолиби чопшуда дар бораи Тоҷикистон тариқи расонаҳои хабарии хориҷӣ, аз ҷумла Русия нишон медиҳад, ки вазъияти воқеии сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар онҳо на ҳамеша дурусту то андозае беғаразона инъикос меёбад. Ба навиштаи Зафар Саидов аз бозтоби матолиби чопшуда дар бораи Тоҷикистон чунин тасаввуроте дар бораи кишвар ҳосил мешавад:
- Дар Тоҷикистон режими нимаавторитарӣ ҳукумат меронад;
- Тоҷикистон – канали асосии интиқоли маводи мухаддир ба Русия ва Аврупои ғарбист;
- Тоҷикистон то ҳоло суботи комил надорад ва гӯё дарвозаи аз Афғонистон интиқол додани исломи радикалист;
- Тоҷикистон бо сохтани нерӯгоҳҳои бузург ва миёнааш ба кишварҳои ҳамсояи худ таҳдид мекунад;
- Иқтисоди Тоҷикистон комилан фасодзада буда, кафолати ҳукуматӣ барои ташкили тиҷорат ва сармоягузорӣ вуҷуд надорад.
Пас бояд чӣ кор кард?
Бидуни шак, Тоҷикистон метавонад азмаш барои ислоҳотро ба як “моли содиротӣ” табдил диҳад ва обрӯи худро аз ин роҳ боло барад. Зеро исбот шуда аст, ки беҳтарин тарғиб амал аст.
Метавон аз Гурҷистон мисол овард, ки новобаста ба вазъи сахт ва мушкилоте, ки бо ҳамсояи пурқувваттараш дорад, тавонист сиёсатҳояшро тавре ба роҳ монад, ки дар арсаи ҷаҳонӣ шарикон пайдо кунад. Дар натиҷаи ислоҳоти амиқ, имрӯз аз бисёр лиҳоз, ҳатто аз рақиби сарсахташ – Русия пешгомтар аст.
Ҳукумати Мирзиёев дар Узбекистон бо ислоҳоти то ҷое ҷиддӣ дар ин замина ба муваффақият даст ёфт. Ҳарчанд дар замони Ислом Каримов онро ҳам як кишвари авторитариву аз арзишҳои демократӣ дур арзёбӣ мекарданд.
Вобаста ба ин, Тоҷикистон метавонад худро тағйир дода, эълон кунад, ки на як ҳукумати худкома, балки рӯ ба демократия аст. Ақаллан рӯ ба демократия.
Таҳлилгарон мегӯянд, як сабаби аслии ҷойгоҳи хос пайдо накардани мамлакат ба чанд омил вобаста аст. Аз ҷумла:
- Аксари иқдомҳои имиҷсозӣ ҳадафмандона набуданд ва пеш аз ҳама барои бароварда намудани эҳтиёҷи замонӣ ва маконӣ таҳия ва татбиқ шуда, дар дарозмуддат таъсири амиқе ба обрӯю эътибори Тоҷикистон ва роҳбарияти сиёсии он надоштанд;
- Бештари ин иқдомҳо аз ҷониби идораҳои гуногун дар амал татбиқ шуда, ҳамоҳангии он бо ҳадафҳои дарозмуддати давлатӣ ба назар намерасид. То ҷое онҳо ба ҳам зид буданд ва зарурати анҷомашон низ баҳснок буд (масалан овардани Тесак, сафари журналисти “Комсомолская правда” ва ғайра);
- Дар тарҳрезӣ ва амалисозии имиҷи кишвар нафарони ғайрикасбӣ бе омӯзиши афкори ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама мақомдорони сатҳи баланд ширкат мекарданд, ки мутаассифона фаҳмиши онҳо ба равандҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ ва трендҳои мавҷудаи он мувофиқат намекард;
- Дар амалисозии иқдомҳо то андозае нусхабардорӣ аз кишварҳои ҳамсоя низ ба назар мерасид, ки бо сабабҳои айнӣ ва мафкуравӣ ба шароити Тоҷикистон мувофиқат намекард ва намекунад;
- Зарурат ва дарки муҳиммияти қадам ба қадами чунин кор ба назар намерасад ва ин мушкилоти асосӣ дар самти ташаккули имиҷи мусбати Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Вобаста ба мушкилоти мавҷуда, ҳатто ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар дар бахши об низ дуруст тарғибу ташвиқ намешавад.
Дар шароити кишварҳое чун мо, маълум аст, ки имиҷи Тоҷикистон ва раҳбараш баробар мераванд. Ин ки Эмомалӣ Раҳмонро аз дарозумртарин раҳбарони кишварҳои дунё дар сиёсат медонанд, гапи нав нест ва онро намешавад рад намуд. Новобаста аз ин, чанд иқдоме метавонад то ҷое барои мусбат нигоҳ доштани имиҷи кишвару раҳбари он мусоидат намояд:
- Роҳбари давлат муҳимтарин иншооти сатҳи миллиро бояд ба истифода диҳад. Аввалан барои он ки ифтитоҳи коргоҳҳои хурд кори мақомоти маҳаллист ва баъдану баъзан дар расонаҳо мехонем, ки бархе аз ин коргоҳҳо баъди чанде аз кор мемонанд, ки ин албатта ба имиҷи президент бетаъсир намемонад;
- Бештар кардани масъулияти роҳбарони вазорату идораҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ. Вагарна ҳоло ба назар мерасад, ки ба ҳама кори мусбату манфӣ фақат президент масъул аст. Яъне зарурате пеш омадаастс, ки вазиру кабир, раиси вилояту шаҳру ноҳия бояд дар ҷойи худ масъулият дошта бошад ва расман барои пеш омадани мушкиле аз мардум узр пурсад;
- Интихоби кадрҳои технократу креатив дар мақомҳои давлатӣ. Масалан, раҳбароне чун Бег Сабуру Нуриддин Саид ва баъзеи дигар ҳатман саволу шубҳаҳоеро вақти интихоби кадрҳо ба миён меоранд. Ин иддао бахусус ҳангоми интихоби кадрҳои тоза дар ҳукумати нав, ки пас аз 30 октябр рӯи кор меояд, метавонад посухи худро пайдо кунад;
- Замоне мо пешниҳод карда будем, ки Ҷоизаи Рӯдакиро бояд бештар ба адибони хориҷие дод, ки дар бораи Тоҷикистон менависанд. Имкон дорад аз ҳисоби Бунёди “Пешвои Миллат” ҷоизаи дигаре ҳам таъсис дод.
Дар ҳамин ҳол, иддаое вуҷуд дорад, ки шояд ба наздикӣ маротибаи сеюм Эмомалӣ Раҳмонро барои дарёфти Ҷоизаи Нобел пешниҳод мекунанд. Хотиррасон мешавем, ки аввали солҳои 2000 корхонаву хоҷагиҳои Тоҷикистон бо ин пешниҳод баромад карда буданд. Соли 2013 ин мавзуъро Ҳикматулло Насриддинов аз шахсиятҳои машҳури замони шӯравӣ дубора расонаӣ кард. Аммо ҳарду дафъа, чун механизмҳои дурусти пешниҳод риоя нашуданд, ноком гардид. Ҳоло мегӯянд, ин механизмҳоро дар шакли зарурӣ иҷро карданианд.
Ин ки ба ин ҷоизаи ҷаҳонӣ президент Раҳмон сарфароз мешавад ё не, бешак аз мо камтар вобастагӣ дорад. Вале, ҳатто дар сурати пешниҳоди дуруст, маълум аст, ки танҳо бо имиҷи хуб метавон ба чизе умед баст.
Не?
Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.