Мактаби духтарона дар ҷое, ки Толибон таҳти назорат доранд. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мактаби духтарона дар ҷое, ки Толибон таҳти назорат доранд

Чанд зане дар Афғонистон бо вуҷуди таҳдиди Толибон талош кардаанд, ки мактабҳои духтарона таъсис диҳанд.

Толибон дар Афғонистон ба таҳсили духтарон мушкил доранд.

Хонумҷон Нӯрӣ, сокини деҳаи Даҳоӣ дар вилояти Хусти Афғонистон 20 сол боз барои таҳсили духтарон талош мекунад.

Хонумҷон Нӯрӣ мегӯяд, то сохтани мактаб кӯдаконро дар хона дарс медод. Танҳо соли 2016 ҳукумат ба ин зан замин дод ва бо кумаки мардуми деҳа мактаб сохтанд.

Ба ӯ таҳдид ҳам кардаанд, дар назди дари хонааш бомб таркидааст. Шогирдони муаллима синфро худашон ташкил карданд.

Бибӣ Ҳакима, яке аз шогирдони ин мактаби духтарона бо ёдоварӣ аз рӯзҳои аввали ҷалбашон ба таҳсил мегӯяд: “Мо на қолӣ доштем, на миз . Рӯи фарш менишастем. Тахтаи сиёҳе сохтем ва пули кондитсионерро ҳам худамон пардохтем. Мушкилоти зиёде доштем. Ҳоло ҳукумат ҳама чизро таъмин мекунад. Мизу курсӣ, тахта ва бӯр дорем”.

Дар Вилояти Урузгони Афғонистон ягона мактаби олии духтарона дар маркази вилоят, шаҳри Таринкут аст. Онро Маҳтоб Муҳаммадӣ мудирият мекунад. Дар ин вилоят, ки Толибон қисми бузурге аз онро дар даст доштанд, Маҳтоб Муҳаммадӣ 20 сол барои таҳсили духтарон талош кардааст.

“Ҳамаи мо инҷо бо ҳиҷоби исломӣ меоем. Ҳеч мушкилие нест. Бародарони Толиби мо мебинанд, ки мо либоси исломӣ мепӯшем. Мо дар инҷо мисли масҷиду мадрасаҳо ба донишҷӯён Қуръони Карим меомӯзем. Мо ба онҳо ҳамчунин навиштану хонданро ёд медиҳем”,--гуфт Маҳтоб Муҳаммадӣ.

Мактаби хонум Муҳаммадӣ ҳоло 900 донишҷӯ дорад. Духтароне, ки хатм кардаанд, дар муассисаҳои ҳукумат кор мекунанд ва ё парастору муаллима шудаанд.

Моска Ирфон, хатмкунандаи ин мактаб аст. Ӯ гуфт: “Пас аз хатми мактаб ман таҳсиламро идома додам. Парасторӣ хондам. Ҳоло метавонам ба дигар духтарон дар инҷо дарс гӯям. Ҳафт сол аст, ки дарс медиҳам”.

Агар ба Вилояти Хӯст баргардем, дар онҷо теъдоди духтарони мактабхон дар деҳаи Даҳоӣ аз 1000 нафар гузаштааст.

Мақомоти вилоят ба Хонумҷон Нурӣ ваъда додаанд, ки мактабашро бо таҷҳизоту муаллимон таъмин мекунанд. Ӯ барои дониш додан ба духтарон бисёр монеаҳоро паси сар кардааст, вале муборизааш барои сармоягузории мактаб идома меёбад.