Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, гуфт, ҳодиса 11 май дар ноҳияи ҳаштуми Кобул рух дод. Ҳеч шахс ё гуруҳе масъулияти қатли Миноро ба дӯш нагирифтааст.
Мақомоти пулиси Ағфонистон мегӯянд, наздиконаш дар ин ҳодиса аз шавҳари собиқи ӯ гумонбаранд. Сайидмуҳаммад Рӯшандил, фармондеҳи амнияи Кобул гуфт, “Мино ва шавҳараш вақте аз ҳам ҷудо шуданд, ҷанҷол ва хусумат доштаанд. Бино ба изҳороти падараш, телефонӣ таҳдид шуда буданд. Пулис дар ҷустуҷӯяш аст. Аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст ва дастгир мешавад.”
Мино Мангал ду сол пеш арӯсӣ карда, баъди чанд моҳи зиндагии якҷоя аз ҳамсараш ҷудо шудааст. Замрай, холаи Мино Мангал, рӯзи шанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, хоҳарзодааш аз ин арӯсӣ розӣ набуд ва ин сабаб шуд, ки аз ҳамсараш ҷудо шавад.
“Дар бораи чигуна кушта шуданаш маълумоти дақиқ надорам. Вале хабар дорам, ки аз арӯсиаш хуш набуд”, -- гуфт ӯ.
Мина Мангал, корманди Вулуси Ҷирга субҳи шанбе, замоне ки ба кор мерафт, дар наздикии хонааш бо зарби тир кушта шудааст. Вай як ҳафта пеш дар саҳифаи худ дар Фейсбук навиштааст, ки аз сӯи бархе таҳдид мешавад. Аммо аз касе ё гуруҳе ном набурдааст.
Падар ва бародари Мино Мангал ба далели ончи нигарониҳои амниятӣ номиданд, аз мусоҳиба бо Радиои Озодӣ худдорӣ карданд.
Мино Мангал беш аз даҳ сол ба ҳайси наттоқ ва хабарнигори телевизионҳои “Тулӯъ” ва “Шамшод” кор кардааст. Вай дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҳуқуқи занони Афғонистон ҳам баҳс мекард ва барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарони афғон талош дошт.
Раҳбарони Толибони Афғонистон дар нишасти ахири сулҳ бо музокиракунандагони Амрико гуфтаанд, ки монеи таҳсили духтарон ва кори занон намешаванд.
Аммо фаъолони ҳуқуқи занон дар Афғонистон ба ин изҳорот бисёр бо шубҳа менигаранд. Онҳо дар ташвишанд, ки созиши сулҳ бо Толибон метавонад таъқиботи даврони ҳукумати Толибонро дубора ба Афғонистон баргардонад.