Бист табиби бемористони «Истиқлол» дар Душанбе, ки гирифторони COVID-19-ро муолиҷа мекарданд, бемори бистарӣ шудаанд. Сабаби гирифтории онҳо зоҳиран, норасоии васоили муҳофизатӣ аст, ки табибону парасторон аз норасоии онҳо шикоят доранд ва мегӯянд, ҷонашон дар хатар аст.
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, «ҳаракат дорад», ки табибонро бо васоили зарурии муҳофизат аз вирус таъмин кунад. Чанде аз кормандони бемористонҳои «Истиқлол» ва «Қарияи боло» дар шаҳри Душанбе, ки айни замон бузургтарин марказҳои муолиҷаи беморон дар Тоҷикистон ҳастанд, бо ирсоли паёмҳо ба Радиои Озодӣ аз камбуди либосу васоили муҳофизатӣ, хусусан камбуди респираторҳо ё ниқобҳои махсус барои ҷилавгирӣ аз сирояти вирус шикоят карданд.
Баъзе аз онҳо бо шарти махфӣ нигаҳ доштани номашон бо Радиои Озодӣ суҳбат карданд. Яке аз онҳо гуфт, ки азбаски муолиҷа вазифа ва қарзашон аст, ҷони худро дар хатар мегузоранд. Ӯ вазъи дохили бемористони «Истиқлол»-ро чунин тасвир кард: «Муҳофизати мо ҳоло сифр аст, хусусан респиратор намерасад. Ҳамкорони мо бе либосу ниқобҳои муҳофизатӣ назди беморон мераванд. Табибони мо бемор хобанд, мо онҳоро нигоҳубин дорем… Бист табиб бемори бистарианд.» Табиби тоҷик аз бурдани номи табибону маъмурони тиббии бемор худдорӣ кард. Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани назари мақомоти бемористони "Истиқлол" то замони таҳияи гузориш натиҷа надод.
Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинад ва мехонад, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, хайрхоҳон кишвару созмонҳои хориҷӣ дорувор ва либосу васоили муҳофизат кӯмак мекунад. Вале мегӯяд, ӯ «мо намедонем онҳо куҷо мешаванд? Аз хайрхоҳон мехоҳем, ки агар либос оварданӣ бошанд, рост ба дасти мо расонанд. Ба дасти маъмурият диҳанд, ба мо намерасад».
Вазъ дар бемористони Қарияи Боло
Айни чунин шикоятҳо аз табибони беморхонаи «Қарияи боло» ҳам мерасад. Яке аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, аз замони оғози реҷаи карантин дар ин ҷо, либосҳои муҳофизатиро худашон мехаранд. Ӯ афзуд: «Аз оғози карантин се ҷуфт либос иваз кардам, ҳамаашро аз ҳисоби худам харидам. Аввал 250-300 сомонӣ буд, ҳоло як бастаи муҳофизатӣ, либос, айнак респиратор 400-500 сомонӣ мешавад. Зӯрамон намерасад, ки ҳар рӯз либос харем. Баъди басти корӣ либосҳоро безарар карда, аз нав мепӯшем, вале респираторҳоро бояд ҳар рӯз иваз кунем, ки ҳама вақт чунин имкон дорем.»
Ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳар рӯз аз тирезаи ҷойи кор мебинад, ки даста -даста ихтиёриён, хайрхоҳон либосҳои муҳофизатӣ, хӯрок меоранд, кафкӯбӣ мекунанд, шиорҳои рӯҳбаландкунанда сар медиҳанд ва гоҳо бо садои баланд дастаҷамъона барои мову беморон дуо мекунанд. Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ чунин қадрдонӣ гоҳо табибонро, ки чунин рӯзҳои сахтро кам дидаанд, ба гиря меандозад: «Баъзе ҳамкоронамон гиря мекунанд, ки чӣ хел мо халқи қаҳрамон дорем. Бовар кунед, аксарияти табибон инро дида, фидокорона барои табобати ҳар бемор кӯшиш мекунанд.»
Вазорат мегӯяд, саъй дорад, ҳама аз вирус эмин бошанд
Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мегӯянд, то ҳадди имкон табибонро бо либосу васоили муҳофизатӣ таъмин мекунанд. Саида Умарзода, муовини вазири тандурустӣ рӯзи 14-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт: “Вазорат ҳаракат карда истодааст, ки табибонро бо либосу васоили муҳофизатӣ дар тамоми ҷумҳурӣ таъмин кунад. Мо супориш додем, тамоми он маводе, ки ба беморхонаҳои шаҳру навоҳӣ фиристода мешавад, чӣ аз ҳисоби кумакҳои хайрия ё аз ҳисоби буҷаи давлат, ҳамаи онро дар сайти вазорат нишон диҳем.”
Гузоришҳо доир ба нарасидани васоили муҳофизатӣ ва сирояти COVID-19 ба табибон аз рӯзҳои аввали эълон дар бораи сирояти беморӣ ба Тоҷикистон нашр мешуд. То кунун доир ба марги даҳҳо табиб ва аз ҷумла як профессори тоҷик, ки ихтисосаш омӯхтани эпидемияи бемориҳои вогир буд, гузориш шудааст. Ба қавли вазорати тандурустии Тоҷикистон аз рӯзи 30-уми апрел то кунун коронавируси нав ба бештар аз 900 нафар сироят карда ва 29 нафарро куштааст. Аммо аксарият ба ин омор шубҳа доранд ва мегӯянд, теъдоди гирифторону талафот бисёр зиёд аст ва хабарҳо доир ба марги ин он аз ҳар гӯшаи Тоҷикистон баёнгари вазъи дигар аст.
Мақомоти расмӣ ва муассисаҳои Созмони Милал, ки барои муқобила бо беморӣ кӯмак мекунанд, феҳрасти эҳтиёҷоти Тоҷикистон ба васоили муҳофизатӣ ва муолиҷаи беморонро таҳия кардаанд, ки аз ҷумла дар он омадааст, муассисаҳои тиббӣ ба 1 миллион дона дастпӯши оддии тиббӣ, 1 миллион ҷуфт дастпӯшҳои ҷарроҳӣ, 50 ҳазор кулоҳ ё хӯди муҳофизатӣ, 50 ҳазор респиратор, 5 миллион дона ниқоби тиббӣ ва 50 ҳазор либоси муҳофизатӣ, ки аз сар то пойи табибу парастонро мепӯшонад ниёз доранд.