Дар ҳоле ки сокинони Тоҷикистон бо COVID-19 даст ба гиребон ҳастанд, мақомоти баландпояи кишвар маъракаи ҷамъоварии маблағ ба Сандуқи мубориза бо ин бемории ҳамагирро рӯйи даст гирифтаанд.
Тақрибан ҳама қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон, аз раисҷумҳур то фаррошу милиса, ба ихтисоси қисме ё маоши якмоҳаи худ ба ин сандуқ водор шудаанд. Мақомот мегӯянд, ин кор довталабона аст, вале бархе аз сокинон гуфтанд, бе ягон пурсиш бахше аз маоши онҳоро "буридаанд". Дар ҳоле ки, ба гуфтаи онҳо, мақомоти кишварҳои дигар дар шароити коронавирус ба мардум кӯмак мекунанд.
Хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба манбааш дар Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дод, ки то 7-уми май дар суратҳисоби вижаи мубориза бо COVID-19 ҳудуди 5 миллион сомонӣ (муодили тақрибан 500 ҳазор доллар) пул ворид шудааст. Мақомот дар мавриди чӣ гуна харҷ шудани ин маблағҳо гузориш намедиҳанд ва аз манотиқи Тоҷикистон ҳанӯз шикояти духтурон аз норасоии либосҳои муҳофизатӣ мерасад.
Ҳафтаи гузашта нахуст Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва сипас роҳбарияти Бонки Милливу порлумон ва Вазорати умури дохилӣ аз ихтисоси қисме ё маоши якмоҳаи худ ба сандуқи мубориза бо бемории COVID-19 хабар доданд. Ба ин қатор бархе аз соҳибкорон низ шомиланд.
Маркази матбуотии Бонки Миллии Тоҷикистон хабар дод, ки ин ниҳоди молӣ дар маҷмӯъ ба хазинаи муқобила бо коронавирус ҳудуди 230 ҳазор сомонӣ интиқол додааст.
Масъулини Бонки давлатии “Амонатбонк” гуфтанд, тасмим гирифтаанд, маоши якмоҳаи раиси бонк Сироҷиддин Икромӣ ва маоши якрӯзаи кулли кормандонро ба мубориза бо COVID-19 гузаронанд.
Бархе аз кормандони бонк мегӯянд, касе аз онҳо розигиашонро барои хайрияи маош напурсидааст. Хонуми яке аз кормандони “Амонатбонк” дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навиштааст: "Шавҳарам ду ҳафта инҷониб бемор аст ва бояд боз ду ҳафтаи дигар дар карантин бошад... Маоши миёнаи кормандони “Амонатбонк” 1200-2000 сомонӣ мебошад. Агар ин маблағро аз мо бигиранд, тӯли як моҳ мо бояд танҳо об бинӯшем?" Масъулини "Амонатбонк" гуфтаи ин занро рад карданд.
Як корманди 45-солаи “Ориёнбонк” ҳам мегӯяд, ҳаққи кори ду ҳафтаи ӯро ба мубориза бо коронавирус "бахшидаанд". "Гузашта аз ин, бештаре аз кормандони зан ба рухсатии бемузд фиристода шудаанд. Мо аз кадом ҳисоб бояд фарзандонамонро дар ин шароит нигоҳубин кунем?" - пурсид ӯ.
Аз сӯи дигар хадамоти матбуотии Бонки Миллӣ ва “Амонатбонк” ба ихтиёрӣ будани ин иқдоми бонкдорон пойфишорӣ доранд. Дилафрӯз Раҳматова, намояндаи маркази матбуотии “Амонатбонк” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ин тасмимро бештаре аз кормандони бонк дастгирӣ карданд ва ба ин хотир машварат дода шуд, ки кормандони бахшҳои минтақавӣ низ маоши якрӯзаи худро ба ин сандуқ интиқол диҳанд.” Ба иттилои Дилафрӯз Раҳматова, дар сохторҳои “Амонатбонк” беш аз ду ҳазор нафар машғули хидматрасонӣ ҳастанд.
Раҳматилло Зойиров, роҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки ба гуфтааш мубталои COVID-19 шудааст, дар паёме навишт, “бо интиқоли маоши якмоҳаи мақомот мушкил ҳал нахоҳад шуд ва мақомот бояд тафакурри давлатдорӣ дошта бошанд”.
Роҳбари сотсиал-демократҳои тоҷик ба мақомот пешниҳод кард, ба монанди замони Шӯравӣ “займ” ё вомбаргҳоро ба маблағи 5 миллиард сомонӣ ба муомилот барорад. "Бигзор он замон бонкдороне ба мисли Ҳасан Асадуллозода ва соҳибкорону мақомоти дигар бо харидани ин вомбаргҳо садоқати худро ба ватан ва саҳмгузорӣ дар мубориза бо ин вирус собит созанд", - афзуд ӯ.
Дар ин миён раиси Маҷлиси намояндагон маоши якмоҳа, вакилон нисфи маош ва раисони вилоят ва ноҳияҳо дастмузди якмоҳаи худро ба Сандуқи мубориза бо бемории COVID-19 интиқол доданд.
Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҳам хабар доданд, ки ниме аз маоши якмоҳаи худро барои мубориза бо ин маризӣ интиқол додаанд. Сомонаи расмии вазорат навишт, ки ҳайати роҳбарӣ ин иқдомро пурра ҷонибдорӣ карданд, вале рӯзҳои ахир чанде аз маъмурони милиса аз "қайчӣ" шудани маоши худ шикоят карданд.
Мунтақидон мегӯянд, пайравии мақомот ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон танҳо баёнгари бесалоҳиятӣ ва корношоямии ҳирфаии онҳоро ба намоиш мегузорад.
Ҳуқуқдони тоҷик Шокирҷон Ҳакимов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чунин хайри мақомот бояд мавриди таваҷҷӯҳи маъмурони интизомии Тоҷикистон гардад. Зеро, ба бовари ӯ, дар шароити феълӣ ҳатто хайр кардани қисме аз маоши хидматӣ метавонад боис ба камбуди маблағ барои зиндагии хонаводаи онҳо шавад.
“Ҳоло сатҳи маош дар Тоҷикистон ҳатто барои мақомот хеле паст аст. Муҳоҷирон ба ватан маблағ намефиристанд. Дар чунин ҳолат ихтисоси маоши якмоҳа ва ҳатто якрӯза метавонад хонаводаҳои кормандони давлатиро бо мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ кунад. Агар дар Тоҷикистон ҳукумати боадолат мебуд, сохторҳои интизомиаш бояд зуд ба санҷиши фаъолияти ин мақомот оғоз мекарданд. Зеро бештаре аз онҳо дар кори худ ба фасод роҳ медиҳанд ва таъмини зиндагиашон аз ҳамин ҳисоб аст”, - шарҳ дод ӯ.
Шокирҷон Ҳакимов афзуд, ҳоло дар фаъолияти сохторҳои давлатӣ дар Тоҷикистон шаффофияте мушоҳида намешавад ва ба ин далел ҳеч кас иттилое надорад, ки маблағҳои ихтисосшуда ба сандуқи мубориза бо COVID-19 ба чӣ тарзс сарф мешавад. Ба гуфтаи Ҳакимов, дар кишварҳои ҳамсоя, назири Узбекистон ва Қирғизистон мардум тавассути сомонаҳои вижа метавонанд вуруд ва сарфи маблағҳои чунин хазинаҳоро назорат кунанд.
Вазорати молияи Тоҷикистон се ҳафта қабл ваъда дода буд, ки сарфи маблағҳои ин сандуқро эълон мекунад, вале то ҳол дар ин замина ҳеч иқдомеро анҷом надодааст.
Дар ду моҳи ахир бархе аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои мухталиф барои мусоидат ба муборизаи Ҳукумати Тоҷикистон бо COVID-19 ба ин кишвар кумакҳои моливу ғизоӣ карданд. Ба навиштаи сокинони кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ то ҳол касе чунин кӯмакҳои байналмилалиро нагирифтааст ва суоли матраҳ ин аст, ки ин кумакҳо куҷо шудаанд ва ё ҳоло тақсим мешаванд? Ҳарчанд мақомот гуфтанд, як қисми ин кӯмакҳоро ба мардуми камбизоат медиҳанд.