Мақомоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон аз даргузашти дарозумртарин сокини Вахшонзамин хабар доданд.
Зулҳиҷҷа Ёфтуллоева, сокини ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки шоҳиди таҳаввулоти се аср буд, ахиран дар синни 115-солагӣ, пас аз бемории тӯлонӣ, реҳлат кард. Хосият Неъматова, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Ҷомӣ, гуфт, дар маросими ҷанозаи Зулҳиҷҷа Ёфтуллоева ҳазорон нафар ширкат варзида, қисмате аз хароҷоти маросими дафнашро низ ҳукумати маҳаллӣ ба зимма гирифтааст.
Ба гуфтаи хонум Неъматова, то расидан ба 116-солагии момои Зулҳиҷҷа ҳамагӣ 3 ҳафта боқӣ монда буд. Зулҳиҷҷа Ёфтуллоеваро дар ду соли охири умраш тирагии чашм, бехобӣ ва дарди бадан азият медод. Дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ, ки нимаи аввали соли ҷорӣ сурат гирифта буд, момои Зулҳиҷҷа бо таъкид ба рӯзгори сахту сангинаш гуфта буд, "ҳоло Шумо, ҷавонони имрӯзӣ, рӯи зар мегардед, нону об фаровон аст, гандум бисёр, ҳама намуди ғизо ҳаст. Дар давраи ҷавонии мо одамон аз гуруснагӣ мемурданд. Ношукрӣ накунанд ҷавонони имрӯза, нонрезаҳоро аз замин ғундоранд, қадри онро донанд..."
Аммо Қумриннисо Ёфтуллоева, келин ё арӯси момои Зулҳиҷҷа ва ягона парастори ӯ, шикоят карда буд, ки хушдоманаш ба муроқибати доимии пизишкон ниёз дорад. "Роҳи беморхона дур аст ва худи кампир ҳам зӯри аз ҷой бархоста рафтан надорад. Аз маркази саломатӣ ё аз беморхона духтурон намеоянд, ҳол он ки давлат бояд чунин одамони табаррукро зери парастории худ бигирад. Имкониятҳои молии мо маҳдуд аст, биноан, мо наметавонем тамоми шароитҳои лозимиро барои нигоҳубини ӯ муҳайё созем",-гуфта буд Қумриннисо Ёфтулоева.
Хонум Қумриннисо афзуд, момои Зулҳиҷҷа то 1,5-2 соли пеш нисбатан бардам ва ҳушёр буд, аммо пас аз фавти ягона писараш (ҳамсари Қумруннисо) каме беҳуш ва зеҳнаш кунд шуду аз пой дарафтод. "Ҳамсари ман писари ягонаи момои Зулҳиҷҷа буд. Вай писарашро пас аз табобатҳои тӯлонӣ, пас аз фавти чандин фарзандаш, дар тақрибан 60-солагияш зода буд ва ӯро бо тамоми ҳастиаш дӯст медошт. Аммо ҳамсарам бар асари бемории қалб реҳлат кард. Пиразан чунин зарбаи тақдирро бардошт карда натавонист ва то ҳанӯз мисле ки ба худ наомадааст. Ҳоло ягона духтараш, ки 78 сол дорад, дар қайди ҳаёт аст",-мегӯяд Қумриннисо.
Дар шиносномаи Зулҳиҷҷа Ёфтуллоева санаи таваллуди ӯ 5-уми январи соли 1897-ум қайд шудааст, яъне ва зодаи асри 19 ва шоҳиди бевоситаи рӯйдодҳои асри 20 ва даҳаи аввали қарни 21-и Тоҷикистон буд. Файзуллои Муҳаммадалӣ, коршиноси масоили иҷтимоӣ, мегӯяд, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки кишварҳо шаҳрвандони солмандтарини худро зери муроқибат қарор дода, барояшон имтиёзҳои давлатӣ ироа мекунанд. "Ҳоло, шукри Худо, дар ҳар як деҳа, ҷамоат бунгоҳи тиббӣ ҳаст. Бояд ҳукуматҳои маҳаллӣ феҳристи муайяни афроди солманди шаҳру ноҳияро тартиб дода, барояшон аз ҳисоби кормандони бунгоҳҳои тиббӣ парастор таъин кунад. Бояд ин нафарон кӯмакҳои ройгони тиббӣ ва иҷтимоӣ дарёфт кунанд. Дар шароити Тоҷикистон, бо назардошти иқлим, табиат, мушкилоти фаровони иҷтимоии мардум ва мисли ин, ба синни 100-у 115 расидан рӯйдоди бисёр нодир аст. Сокини 115-сола дар Тоҷикистон мисли он аст, ки дар Қафқоз нафаре ба 140-солагӣ расидааст. Биноан, давлат бояд чунин афроди солмандро табаррук донад",-афзуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Хосият Неъматова, муовини раиси ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, гуфт, ҳоло дар ин ноҳия 16 фарди солманд, ки наздик ё беш аз 100 сол умр доранд, номнавис шуда, барояшон кӯмакҳои тиббию иҷтимоии ройгон ё бепул расонда мешавад. Пас аз реҳлати момои Зулҳиҷҷа, ки 115 сол дошт, ҳоло момои Бадан Исматова солмандтарин сокини ноҳияи Ҷомӣ ба ҳисоб меравад. Вай, бар асоси шиносномааш, 8-уми марти соли 1900-ум дар водии Язғуломи ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Солҳои 50-уми асри гузашта ба водии Вахш, ба ноҳияи Куйбишев (имрӯза Абдураҳмони Ҷомӣ) муҳоҷир шуда, то ҳанӯз бо беш аз 80 набераю абераю чабера дар ин ҷо зиндагӣ дорад.