Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафақаи ночиз ва такяи бознишастагон ба фарзандон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Коршиносон мегӯянд, ҳудуди 80 дарсади пиронсолонро дар Тоҷикистон фарзандонашон нигаҳбонӣ ва таъмин мекунанд ва бинобар ин, онҳо чандон ба умеди нафақа нестанд.

Меҳрбону Ҳайдарова, як зани 80 солаи мегӯяд, ҳамагӣ 150 сомонӣ ҳаққи бознишастагӣ мегирад, ки ҳатто барои харидани як халта орд кофӣ нест. Ба гуфтаи ин бонуи кӯҳансол, ӯ пули нафақаашро одатан барои харидани шириниҳо ба наберагонаш сарф мекунад ва миқдореро ҳам барои рӯзи мабодо пасандоз менамояд. Боқии рӯзгорашро, ба гуфтаи ӯ, фарзандонаш таъмин мекардаанд.

Шикваи Меҳрбону Ҳайдарова аз камии ҳаққи бознишастагӣ ё нафақа дар ҳолест, ки гуфта мешавад, маблағи умумии пардохт барои нафақа дар Тоҷикистон аз аввали сол то кунун беш аз 900 миллион сомониро ташкил додааст.

Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар кишвар ҳудуди 600 ҳазор бознишаста ба сар мебаранд, ки аксар аз 150 то 400 сомонӣ нафақа мегиранд. Аз шумораи умумии
Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.
нафақагирон дар кишвар, ҳудуди 503 ҳазор нафарашон нафақаи меҳнатӣ дарёфт карда, 92,5 ҳазор нафарашон нафақагирони иҷтимоӣ мебошанд. Танҳо дар 9 моҳи соли равон барои нафақаи ин мардум 900 миллион сомонӣ масраф шудааст.

Шаҳригул Наботова, як масъули бахши будҷаи давлатии вазорати молия дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, вобаста ба имкониятҳои буҷаи давлатӣ ва дастгирии Оҷонсии ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа, аз будҷа низ барои таъмини нафақахӯрон ҳамасола иловатан 35 миллион сомонӣ ихтисос дода мешавад.

Шаҳригул Наботова дар шарҳи ин масъала гуфт: «Ин маблағ ба он хотир ҷудо карда мешавад, ки қарздории нафақа ба вуҷуд наояд. Масалан, солҳои қаблӣ ин маблағ 5 миллион сомониро ташкил мекард ва ҳоло бошад то 35 миллион сомонӣ расидааст. Ва вобаста ба имкониятҳои буҷаи давлатӣ, эҳтимол меравад солҳои оянда ин маблағ боз бештар карда шавад.»

Аммо худи афроди бознишаста мегӯянд, дар шароити феълии Тоҷикистон, ки нарху наво дар бозор ба истилоҳ «дандоншикан» аст, бо камубеш зиёд шудани маблағи нафақа дар чанд соли ахир, онҳо наметавонанд оддитарин ниёзҳои худро бароварда созанд.

Гулчеҳра, як бознишастаи дигар мегӯяд: «Нафақаи ман 250 сомонӣ ҳаст, аммо ман онро сарф намекунам. Чунки фарзандонам кор мекунанд ва бори зиндагиро мекашонанд. Барои ҳамин ҳам ман чандон ба нафақа эҳтиёҷ надорам. Ба умеди нафақаи давлат шавӣ агар, зиндагият намегузарад. »

Ба гуфтаи коршиносон, ҳудуди 80 дарсади пиронсолонро дар Тоҷикистон фарзандон нигаҳбонӣ ва таъмин мекунанд ва бинобар ин, онҳо чандон ба умеди нафақа нестанд ва давлат хам аз ин ҷониб мушкилеро барои худ эҳсос
Фирӯз Саидов, таҳлилгари тоҷик.
Фирӯз Саидов, таҳлилгари тоҷик.
намекунад.

Фирӯз Саидов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, дар даҳ ва ё 15 соли наздик вазъ метавонад хеле ҷиддӣ шавад, чунки шумори мардуми бознишаста ҳатман хоҳад афзуд. Ба гуфтаи ӯ: «Интизор меравад ки шумораи нафақахӯрон он вақт 12 ва ё 15 фисадро ташкил кунад ва дар он сурат на ҳама фарзандон метавонанд волидайни пиронсолӣ худро таъмин намоянд. Лекин ҳоли ҳозир чун фарзандонашон кор мекунад ва чун дар ҷомеа чунин қабул шудааст, ки парастории волидайн ба дӯши фарзандон аст, аз ин рӯ онҳо аксран аз ҳисоби фарзандони худ зиндагӣ мекунанд.»

Нигоҳубини волидайни солманд аз сӯи фарзандон аз арзишҳои ахлоқиест, ки дар Тоҷикистон ба сурати умум то ҳол риоят мешавад. Аммо моҳе пеш қазияи як падар дар вилояти Хатлон, ки тавассути додгоҳ аз 6 фарзандаш барои худ 480 сомонӣ алимент рӯёнд, ҷомиаро сахт таккон дод. Дар поварақи ин моҷаро аксар ин байтро иқтибос меоварданд ки:

Даҳ писар аз як падар осуда гашт,
Як падар аз даҳ писар афтод ба дашт.
XS
SM
MD
LG