Талаби ҳомиёни ҳуқуқ аз Белгия: зани тоҷик ва чор фарзандашро ихроҷ накунед

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Белгия Ситорамо Иброҳимова, як зани 37-солаи тоҷикро, ки чанде пеш аз маҳбас раҳо шуда буд, ба боздоштгоҳи Хадамоти муҳоҷират фиристодаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ба ӯ хатари ихроҷ аз ин кишвари аврупоӣ ба Тоҷикистон таҳдид мекунад.

Лайло Нозгул Сейитбек, раиси созмони "Freedom for Eurasia" марказаш дар Вена, 13-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Белгия натавонистанд Ситораморо истирдод намоянд, вале акнун мехоҳанд ӯро ихроҷ кунанд.

"Мо мухолифи истирдоди Ситорамо ҳастем. Ман бо телефони хадамот бо ӯ суҳбат кардам, сахт дар ташвиш буд. Гуфт, ки як писари 12 солааш аз асабонияти зиёд гунг шудааст ва фарзандонаш бе модар чӣ кор мекунанд? Вай ба ҳеҷ сурат намехоҳад, ки ба Тоҷикистон фиристода шавад," - гуфт Лайло Нозгул Сейитбек.

Ситорамо Иброҳимова чаҳор фарзанд дорад. Бар илова ду духтари хоҳараш, Нигора Саидова, низ таҳти парасторияш аст. Хоҳараш бо ҷурми терроризм дар Тоҷикистон ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст. Ҷузъиёти ҳукм ва мавқеи худаш дар ҷараёни мурофиа маълум нест.

Муродалӣ Ҳалимов

Ситорамо Иброҳимова ҳамсари Муродалӣ Ҳалимов аст, ки дар Тоҷикистон ба иттиҳоми "зархаридӣ" ва "терроризм" 23 сол зиндонӣ шудааст. Пештар, 13-уми августи имсол, пойгоҳи интернетии “The Insider” дар гузориши муфассале дар бораи Ситорамо Иброҳимова ва наздиконаш навишт, ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад ӯро "бо парвандаҳои сохта ва ба воситаи Интерпол (пулиси байнулмилалӣ) истирдод кунад".

Мақомоти Тоҷикистон ба муроҷиатҳои мо дар мавриди Ситорамо Иброҳимова посухе надодаанд. Номи ӯ дар рӯйхати шахсони моил ба терроризму ифротгароӣ ҷой дорад, ки Бонки Миллии Тоҷикистон соли 2018 нашр карда, дертар ба он тағйрот дароварда буд.

Раиси созмони «Freedom for Eurasia» 13-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ду вакили дифоъ ба ҳимояи ҳуқуқи Ситорамо Иброҳимова машғул ҳастанд.

Дар гузашта Олмон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо чандин фаъоли сиёсиро бозпас ба Тоҷикистон фиристодаанд, ки аксари онҳо барои муҳлатҳои дароз зиндонӣ шудаанд. Созмонҳои байнулмилали ҳуқуқин инсон ин амалкардҳои кишварҳои аврупоиро шадидан танқид кардаанд.