Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Белгия истирдоди як занро ба Тоҷикистон рад кардааст


Пойгоҳи "The Insider" рӯзи 13-уми августи имсол дар бораи Ситорамо Иброҳимова ва наздиконаш гузориши муфассале навишт. Ин акси Нигора Саидова, хоҳари Ситорамо аст.
Пойгоҳи "The Insider" рӯзи 13-уми августи имсол дар бораи Ситорамо Иброҳимова ва наздиконаш гузориши муфассале навишт. Ин акси Нигора Саидова, хоҳари Ситорамо аст.

Белгия дархости мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди Ситорамо Иброҳимова, як зани 37-соларо рад кардааст. Ӯ ҳамсари Муродалӣ Ҳалимов аст, ки дар Тоҷикистон ба иттиҳоми "зархаридӣ" ва "терроризм" 23 сол зиндонӣ шудааст.  

Лайло Нозгул Сейитбек, раиси созмони "Freedom for Eurasia", қароргоҳаш дар Вена, 11-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба мақомоти Белгия исбот карданд, ки санадҳои ҷониби Тоҷикистон дар бораи Ситорамо Иброҳимова "сохта аст." Мақомоти тоҷик дар бораи ин зан ва ҳуҷҷатҳои фиристодаашон ба мақомоти Белгия шарҳе надодаанд.

"Мақомоти Тоҷикистон дар ҳуҷҷатҳо нишон додаанд, Ситорамо фалон рӯз вориди Сурия шудааст. Аммо таҳқиқоти мо ва вакилони мудофеъ нишон дод, ки Ситорамо он рӯз дар Тоҷикистон буд ва шаҳодатномаи таваллуди кӯдакашро гирифтааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин санадеро нишон медиҳанд, ки Ситорамо ба Сурия фирор кардааст. Аммо ӯ дар он рӯзҳо кӯдаки сеюмашро дар Туркия таваллуд кардааст. Ин далелҳои пешниҳодкардаи моро мақомоти тафтишотии Белгия омӯхтанд ва сохтакории мақомоти Тоҷикистон собит шуд. Барои ҳамин аз фиристодани Ситорамо ба Душанбе ҷилавгирӣ шуд,"-афзуд роҳбари созмони «Freedom for Eurasia».

Лайло Нозгул Сейитбек
Лайло Нозгул Сейитбек

Лайло Нозгул Сейитбек гуфт, Ситорамоҳ Иброҳимова базудӣ аз боздоштгоҳи муҳоҷирон раҳо мешавад.

Пештар, 13-уми августи имсол, пойгоҳи интернетии “The Insider” дар гузориши муфассале дар бораи Ситорамо Иброҳимова ва наздиконаш навишт, ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад ӯро "бо парвандаҳои сохта ва ба воситаи Интерпол (пулиси байнулмилалӣ) истирдод кунад".

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба муроҷиатҳои мо дар мавриди Ситорамо Иброҳимова посухе надодаанд. Номи ӯ дар рӯйхати шахсони моил ба терроризму ифротгароӣ ҷой дорад, ки Бонки Миллии Тоҷикистон соли 2018 нашр карда, дертар ба он тағйрот дароварда буд.

Ӯ чаҳор фарзанд дорад. Бар илова ду духтари хоҳараш, Нигора Саидова, низ таҳти парасторияш аст. Нигора Саидоваи 27-сола аз Лаҳистон (Полша) ба Душанбе истирдод ва дар онҷо ба гуноҳи "мусоидат ба терроризм" ҳафт сол зиндонӣ шуд. Ҷузъёити ҳукм ва мавқеи худаш дар ҷараёни мурофиа маълум нест.

Баъд аз соли 2015 гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва маҳдудиятҳои вобаста ба дину озодии баён дар Аврупо, бахусус Лаҳистону Олмон, паноҳанда шуданд.

Мақомоти аврупоӣ дар солҳои охир баъзе аз онҳо, аз ҷумла Абдуллоҳи Шамсиддин, Билол Қурбоналиев ва Фаррух Икромовро бо иттиҳомҳои гуногун ба Тоҷикистон ронданд.

XS
SM
MD
LG