Нашрияи «The Insider» дар гузориши муфассали худ дар бораи Ситорамоҳ Иброҳимова ва наздиконаш навиштааст, ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад ӯро "бо парвандаҳои сохта ва аз тариқи Интерпол" истирдод кунад. Назари мақомоти Тоҷикистон дар ин бора маълум нест.
Ба навиштаи "The Insider", Ситорамоҳ Иброҳимова ба масъулини Хадамоти муҳоҷирати Белгия гуфтааст, соли 2018 шавҳарашро аз Украина дуздида ба Тоҷикистон фиристоданд ва ба 23 соли зиндон маҳкум карданд. Шавҳари ин зан ба "зархаридӣ", "терроризм" ва "узвият дар равияи мамнуи Салафия" гунаҳкор шудааст.
Ситорамоҳ Иброҳимова ба мақомоти Белгия ҳамчунин гуфтааст, номи ӯ ҳам дар рӯйхати сиёҳ қарор дорад ва агар ба Тоҷикистон бурда шавад, бо шиканҷа ру ба рӯ хоҳад шуд.
Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ, қароргоҳаш дар Лаҳистон, 14-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, хоҳари ин зан низ қаблан аз Лаҳистон ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шуд.
Нигора Саидоваи 27-сола бо иттиҳоми мусоидат ба терроризм ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуд. Ҷузъиёти ҳукми ӯ маълум нест ва рӯшан нест, ки ӯ то куҷо ин иттиҳомро эътироф кардааст.
Баъди соли 2015 гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун, дар Аврупо ва бахусус Лаҳистону Олмон паноҳанда шуданд.
Танҳо дар як соли ахир ҳадди ақал се паноҳҷӯи тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддин, Билол Қурбоналиев ва Фаррух Икромов аз кишварҳои аврупоӣ ихроҷ шуданд. Абдуллоҳи Шамсиддин ба 7 сол ва Билол Қурбоналиев, узви ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" ба 10 соли зинлон маҳкум шуданд. “Гуруҳи 24” ҳукми Қурбоналиевро “ғайриқонунӣ” гуфт.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз кишварҳои аврупоӣ даъват доранд, ки паноҳҷӯёнро ба Тоҷикистон нафиристанд, чун хавфи шиканҷа ва зиндонӣ шудани онҳо вуҷуд дорад.