Ҷойи занон дар нишасти севуми Давҳа холӣ буд ва дар ин нишасти СММ оид ба вазъи Афғонистон, ки рӯзҳои 30-юми июн то 1 уми июл дар Давҳа баргузор шуд, Толибон ҳатто нахостанд, мавзӯи ҳуқуқи занон матраҳ шавад.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, раиси ҳайати Толибон гуфт: “Чизе, ки барои мо муҳим аст, мавзӯъҳои дохилӣ бояд барои Афғонистон гузошта шавад. Мо проблемаҳои худро дарк мекунем, хости мардуми худро дарк мекунем ва кӯшиш мекунем, ки роҳҳои ҳалро барояшон пайдо кунем. Вале кишварҳои берунӣ бояд таомули мусбат бо тамоми Афғонистонро ба ҳайси як миллат таъмин бисозанд, ки ба нафъи ҳама мардум аст. Агар худое нахоста фишору маҳдудиятҳо давом мекунад, аввал ба мардуми мо ба хонумҳо зарар мерасад.”
Толибон занони Афғонистонро аз ҳаққи кор дар идораҳои гуногуни давлативу хориҷӣ маҳрум кардаанд.
Дари мактабу Донишгоҳҳо ҳам ба рӯйи духтарон дар Афғонистон баста шудааст. СММ ин амали Толибонро табъизи ҷинсӣ ва иҷтимоӣ номид.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қабл аз оғози нишаст, фаъолони Афғонистонӣ алайҳи он дар Покистон эътироз карданд. Фарида Муҳиб, як фаъоли афғонистонӣ мегӯяд:
“Муомила бо Толибон - муомила алайҳи тамоми арзишҳои инсонӣ ва ҳуқуқҳои башарӣ аст. Мо бо таҳрими ҳар нишаст бо ҳадафи муомила бо Толибон аз СММ ва кишварҳо мехоҳем, ки масири гуфтугӯи худро аз Толибон ба сӯйи Афғонистон тағйир диҳанд.”
Розмари ди Карло, муовини дабири кулли СММ дар умури сиёсӣ дар вокуниш ба ин интиқодҳо гуфт: “Ин нишаст бахше аз раванд аст. Дар ҳоле, ки занон ва намояндагони ҷомеаи маданӣ дар ду рӯзи гузашта дар ҷаласа ва мақомҳои эътирофнашуда ҳузур надоштанд, аммо садои худро ба гӯши ҳама расонданд. Муттаасифона, мақомоти эътирофнашуда омода набуданд бо ҷомеаи маданӣ сари мизи музокирот нишинанд. Аммо ба онҳо рӯшан расонида шуд, ки шомил кардани занон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳама бахшҳо муҳим аст.”
СММ фаъолони ҳуқуқи занонро ба мулоқоти алоҳида дар рӯзи дуюми июл даъват кард. Яке аз занони фаъол гуфт, ин даъватро рад кардааст.
Зубайда Акбар, фаъоли ҳуқуқи занон гуфт: “Худи СММ арзишҳоеро, ки ба он таъкид мекунад, аз ҷумла ширкати занон дар барномаи сулҳро зери суол мебарад. Ба ин далел ман тасмим гирифтам дар ин нишаст ширкат накунам. Ташкили як нишаст фақат барои ин ки табъи моро хуш бисозанд, кофӣ нест. Ҳатто тавҳиномез аст”, гуфт ӯ.
Раҳбари намояндагии СММ дар Кобул аз нишасти Давҳа ҳимоят кард. Вай гуфт, ҳукумати Толибон аз сӯйи ягон кишвар расман эътироф нашудааст. Дар музокироти Давҳа намояндагони даҳҳо давлат ширкат доштанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Нишасти чоруми Вена. Гузинаҳои ҷанг ва сулҳ дар Афғонистон баррасӣ шуд СММ шаллоқ задани даҳҳо нафар дар "Сарипул"-и Афғонистонро маҳкум кардМаскав мехоҳад "Толибон"-ро "афв" кунад. Таъсираш ба Душанбе чист?Толибон бо занони зиндонӣ чӣ кор мекунанд? Тасвири зиндониёни собиқ