Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти чоруми Вена. Гузинаҳои ҷанг ва сулҳ дар Афғонистон баррасӣ шуд


Чаҳорумин "Конфронси Вена барои як Афғонистони мардумсолор" рӯзи 24-уми июн бо ҳузури даҳҳо тан аз мухолифони ҳукумати Толибон ва фаъолони сиёсии афғон дар пойтахти Австрия оғоз шуд.

Ба гуфтаи иштироккунандагон, дар ин нишаст ду назар вуҷуд дорад. Бархе аз иштироккунандагон ба оғози дигарбораи гуфтугӯҳои байнулафғонӣ ҳамчун ягона роҳи ҳалли масъалаи Афғонистон таъкид доранд, аммо гурӯҳи дувум дар баробари музокирот, гузинаи низомиро афзал мешуморанд.

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи миллии Афғонистон дар суханронии худ дар оғози ин нишаст ин назарро, ки режими Толибон ҷойгузин надорад, рад кард.

Вай афзуд, "бозии дунё тавре аст, ки дигар Афғонистон дар авлавияти пешин ки буд, нест. Аммо оё Афғонистон ба мо ва шумо ҳам авлавият нест? Пас мо ва шумо ҳам биншинем, ки дигар достон ҳамин аст? Биёед кушиши худамонро бикунем ва дар ин росто як тарҳи нав ба роҳ андозем, ки ҳама худро дар он бубинанд ва тарҳе бошад, ки Афғонистонро аз ин ҳолати феълӣ наҷот диҳад".

Аммо Муҳаммад Муҳаққиқ, яке аз раҳбарони ҷиҳодӣ лаҳне нармтар дар бораи бархе аз раҳбарони Толибон доштааст. Ӯ аз ҷумла, дар бораи мавқифи Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохилии Толибон дар бораи музокирот гуфт, "Сироҷиддин Ҳаққонӣ ба тарафи музокироти байнулафғонӣ майл дорад. Агарчӣ дар гузашта бисёре ҷангҳо ва таркишҳоро анҷом медод, вале касе, ки марди ҷанг аст, марду сулҳ ҳам аст".

Муҳаммад Муҳаққиф аз Толибон хост, ки ба гуфтугӯ ва музокирот рӯ биоваранд.

Қорӣ Исо Муҳаммадӣ, аз фаъолони маданӣ, ки дар ин нишаст ширкат дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар нишасти рӯзи душанбе хотирнишон шуд, ки Толибон дар се соли гузашта ҳеҷ нишонае барои оғози дигарбораи гуфтугӯҳои байнулафғонӣ нишон надоданд.

Ба гуфтаи ӯ, Толибон дар ин муддат таваҷҷуҳе ба кадрҳои давлатӣ, дигар қавмҳо ва мазҳабҳо надоштанд ва ба гумоштани афроди худ дар вазифаҳои давлатӣ идома доданд.

Бархе коршиносони масоили сиёсӣ ба ин боваранд, ки аксарияти ширкаткунандагони нишасти Вена мақомдорони ҳукумати пешин ҳастанд, ки акнун ба фаъолони ҷомеаи маданӣ табдил шудаанд.

То кунун се даври ин нишастҳо дар Вена бо ҳузури шуморе аз сиёсатмадорони ҳукумати пешин ва бархе фаъолон дар пойтахти Австрия баргузор шудааст.

Аввалин нишасти Вена дар сентябори соли 2022, нишасти дувуми он дар моҳи апрели соли 2023 ва нишасти севум он дар моҳи декабри соли 2023 баргузор шуд.

Ҳалли мушкилоти Афғонистон аз тариқи гуфтугӯ, фишори дипломатӣ ба Толибон, риояи ҳуқуқи асосии шаҳрвандон ва занон, аз мавзуъҳои аслии нишастҳои қаблӣ буд.

Мизбони ин нишастҳо Пажӯҳишгоҳи умури байналмилалии Австрия мебошад. Ин нишаст барои ду рӯз идома хоҳад кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG