Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав мехоҳад "Толибон"-ро "афв" кунад. Таъсираш ба Душанбе чист?


Ҳайати "Толибон". Давҳа, Қатар, 12-уми октябри соли 2021
Ҳайати "Толибон". Давҳа, Қатар, 12-уми октябри соли 2021

Маскав барои берун кардани "Толибон" аз рӯйхати созмонҳои террористӣ омода мешавад. Ин тасмим ба нигоҳи Душанбе ба гурӯҳи тундрави ҳоким дар Афғонистон таъсире хоҳад дошт? Тоҷикистон тасмими эҳтимолии Кремлро чӣ гуна хоҳад пазируфт?

Эҳтимоли ҳазфи "Толибон" аз рӯйхати созмонҳои террористӣ дар аввали моҳи апрел дар расонаҳои Русия ва бо такя ба баёнияи Вазорати умури хориҷии ин кишвар нашр шуд. Интизор меравад, дар моҳи майи имсол дар шаҳри Қазон нишасти “Русия - ҷаҳони Ислом” баргузор шавад. Аъзои ҳукумати “Толибон” дар онҷо ширкат хоҳанд кард.

Ангезаҳои Маскав

Андрей Серенко, мудири Маркази мутолеоти Афғонистон, тасмими эҳтимолии Маскавро ба чанд далел пайванд дод:

Андрей Серенко
Андрей Серенко

"Далели аввал ин аст, ки Маскав ҳеч муттаҳид ва дӯсте барои ҳифзи манофеаш дар Афғонистон надорад. Далели дувум натиҷаи тамосҳои соли гузашта бо мухолифони “Толибон” аст. Зоҳиран пас аз гуфтугӯ бо онҳо дар Маскав дар онҳо қудрати воқеиро надиданд. Далели саввум таҳдиди дар ҳоли афзоиши ДОИШ ва шохаи он дар Афғонистон аст. Маскав чорае ҷуз омодагӣ барои анҷоми амалиёт алайҳи ДОИШ дар худи Афғонистон надорад. Барои ин кор ниёзманди ризоияти “Толибон” аст."

Додгоҳи олии Русия дар моҳи феврали соли 2003 фаъолияти “Толибон”-ро террористӣ ва онро дар ҳудуди ин кишвар мамнӯъ эълон кард. Ин тасмим бар асоси пешниҳоди Додситонии Русия ва бо такя ба маводи Хадамоти истихбороти Русия гирифта шуд.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

“Русия ҳоло дар атрофи худ нерӯҳои зиддиғарбиро ҷамъ мекунад, ки “Толибон” низ шомили онҳост. Маскав мехоҳад дар доираи кишварҳои мусулмонӣ эътибори худро боло бибарад ва мавқеи худро дар самти ҷануб тақвият бидиҳад,” -- мегӯяд сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов.

Ба гуфтаи ӯ, барқарории равобит бо “Толибон” имкони кушодани роҳҳои тиҷоратии нав ба обҳои ҷанубро фароҳам мекунад ва дар ин замина мавқеи Маскав бо баъзе аз кишварҳои пасошӯравӣ яксон аст. Эҳтимол Русия дар амри машрӯият бахшидан ба “Толибон” дар ин кишварҳо талош мекунад.

Танқид ва ҳамкорӣ

Дар поёни соли 2023 мақомоти Қазоқистон берун кардани “Толибон”-ро аз феҳристи созмонҳои мамнуъ эълон карданд. Онҳо ин тасмимро чунин тавзеҳ доданд, ки тибқи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал “Толибон” дар феҳристи созмонҳои террористӣ қарор надоранд.

Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон низ дар сатҳи Вазорати корҳои хориҷии худ равобити танготанг доранд. Пешниҳоди ёриҳои башардӯстона ва ҳамкорӣ дар заминаҳои ҳамлу нақл, барқи обӣ, амният ва ғайра дар дастури коранд. Ҳамаи кишварҳои минтақа “Толибон”-ро барои шакл додани ҳукумати фарогир бо шомил кардани ҳамаи қавмҳо, риояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи занон ба таҳсил даъват мекунанд.

Роҳбарияти Тоҷикистон, ки бо “Толибон” муносибати дипломатӣ надорад ва аз муқовимати зидди “Толибон” ба роҳбарии Аҳмад Масъуд ҳимоят мекунад, дар ин амр исрор меварзад. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон ба Афғонистон барқ содир карда, бозорҳои марзиро бо ин кишвар фаъол намуд. Ғайр аз ин, гуфта мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон бо “Толибон” бо ҳадафи аз байн бурдани гуруҳҳои дар Тоҷикистон террористӣ эълоншуда музокироти махфӣ пеш мебарад.

Дар Душанбе чӣ мегӯянд?

Қосими Бекмуҳаммад, рӯзноманигор ва коршиноси тоҷик, гуфт: “Мумкин аст, барои фишор ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, “Толибон” аз ҳузури гурӯҳҳои террористии мавҷуд дар вилоятҳои шимолии Афғонистон истифода кунанд. Ба сурати табиӣ Тоҷикистон бо мавқеи усулие, ки дар масъалаи “Толибон” дорад, аз ибтикори Русия барои аз феҳристи созмонҳои террористӣ берун кардани ин гурӯҳ хушҳол нахоҳад буд.”

Ба назари ӯ, гумон намеравад пас аз чунин иқдоми Русия “Толибон” бо гурӯҳҳои террористии мавҷуд дар қаламрави Афғонистон, ки бо бештари онҳо дорои идеология ва арзишҳои муштарак мебошад, ба сурати ҷиддӣ мубориза кунанд.

Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон мавқеи ҳампаймонҳои худро дар назар мегирад, аммо ин далели эътимод ба ин низом нахоҳад буд. “Чунин мавзеъгирӣ ҳам вуҷуд дорад, ки масъалаи иқтисодӣ “Толибон”-ро аз дохил тағйир медиҳад ва онҳо иҷоза намедиҳанд, ки ҷиҳодиёни Осиёи Марказӣ ба иқдомҳои фаъол даст бизананд. Аммо дар Тоҷикистон ба ин назар боварии кам доранд,” – идома дод ӯ.

Дар умум ҳамсуҳбатони Радиои Оҳодӣ назари муштарак доранд, ки берун кардани "Толибон" аз рӯйхати гуруҳҳои террористӣ метавонад ба онҳо дар қаламрави пасошӯравӣ машрӯият бахшад, аз ҷумла дар афкори шахсони ифротгаро.

XS
SM
MD
LG