Зиндагии як муҳоҷири тоҷик ва хонаводааш дар соле, ки мегузарад. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Соли 2020 барои беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ҳисоби кор дар хориҷ, бахусус Русия, чархи рӯзгори хешро мегардонанд, соли пурчолиш будааст.

Баста шудани роҳҳо дар пайи густариши бемории коронавирус аксари муҳоҷирони тоҷик ва оилаҳои онҳоро аз даромад маҳрум кард ва нақшаҳои зиндагиашонро ба ҳам зад.

Буҳрони коронавирус даромади Пирим Ёрматов, муҳоҷири 26-солаи тоҷикро дар Русия ба маротиб коҳиш дод ва сафари яксолаи ӯро ба ин кишвар ба ду сол дароз кард. Вай дар Русия кор мекунад ва зиндагии ҳамсару ду фарзанд ва оилаи хушдоманашро пеш мебарад.

Хусур ё падарарӯси Пирим Ёрматов, сокини деҳаи Нонҷемаси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, баҳори имсол "аз илтиҳоби шуш" фавтид ва хушдоманаш бо фарзандони ноболиғ танҳо монд. Пирим ҳамсарашро ба хонаи модараш фиристод ва рӯзгори онҳоро якҷоя таъмин мекунад.

Ӯ мегӯяд, маълум нест, кай имкони бозгашт ба Тоҷикистонро пайдо мекунад: “Агар ба Тоҷикистон баргардам, шояд дигар ба Русия омада натавонам. Мумкин аст, ихроҷ кунанд. Дар ин ҳолат оилаи маро кӣ мехӯронаду кӣ мепӯшонад? Онҳо ба ман эҳтиёҷ доранд. Ду сол шуд, сабр мекунам, тоқат мекунам. Роҳҳо пурра кушода шуд, баъд меравам”, -- гуфт ӯ.

Маъмулан то оғози панедмияи коронавирус муҳоҷирони тоҷик фасли баҳор барои кор ба Русия мерафтанд ва охири тирамоҳ ба назди пайвандон бармегаштанд. Пандемияи коронавирус маҳдудиятҳоро ба вуҷуд овард ва нақшаи онҳоеро, ки баҳор тасмими бозгашт ба ватан доштанд ва ё барои кор ба хориҷ рафтан мехостанд, дигар кард.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Агар домоди муҳоҷирам намебуд, чӣ кор мекардам?

Боғигул Иброҳимова, хушдомани Пирим Ёрматов мегӯяд, писар надорад ва домодаш аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ оилаи ҳаштнафарии онҳоро “мехӯронад”. "Вақте шавҳарам фавтид, гуфт, ки ман ҳам домод ва ҳам писарат мешавам, ба Шумо ёрӣ мекунам. Ба хотири мо наомад, то гурусна намонем", -- гуфт ӯ.

Пирим Ёрматов аз ҷумлаи ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик аст, ки бекорӣ дар Тоҷикистон онҳоро ба берун бурдааст. Орзуяш ин аст, ки дар ватан ҷойи кор пайдо шавад ва барои ҳамеша баргардаду орзуҳои ниматамомашро амалӣ кунад.

"Ягон кас аз хурсандӣ ба Русия барои кор намеравад. Ҳар кас нақшаҳои худашро дорад. Мисол, ман хона месохтам, нимкора монд. Дигар дар вақти карантин пули дуруст кор накардем", -- гуфт Пирим Ёрматов.

Соле аз Тоҷикистон ҳудуди як миллион нафар барои кору зиндагӣ ба Русия мераванд. Моҳи марти имсол парвозҳо миёни ду кишвар қатъ шуд ва шумори ками муҳоҷирон танҳо тавассути парвозҳои чартерӣ ба ватан баргаштанд. Қисми дигар, ба мисли Пирим Ёрматов, дар онҷо монданд ва кор дар Русияро афзалтар донистанд. Бахше дигар дар Тоҷикистон мунтазири боз шудани роҳҳо ҳастанд, то ба Русия рафтаву барои харҷи рӯзгор пул ёбанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҷанҷоли муҳоҷирони тоҷик бо кордиҳандаи рус барои пул ба пулис рафт. ВИДЕОВазорати сохтмон хостааст, вуруди муҳоҷиронро ба Русия содда кунандГапи озод: Ҷавонон, муҳоҷират ва ифротгароӣ чӣ пайванд доранд? ВИДЕОБОР аз Тоҷикистон хост, ба сарнавишти муҳоҷирони корӣ бетараф набошадМодари муҳоҷир аз Русия ба воситаи Қирғизистон ба ватан расид. ВИДЕОСоҳибкори тоҷик барои мардикорон дар Душанбе хобгоҳ месозад. ВИДЕО"Нархи билет гарон аст." Муҳоҷирон роҳҳои нави бозгашт аз Русия ба Тоҷикистонро "ёфтаанд" ВИДЕО