Ҳоло бархе муҳоҷирони тоҷик тавассути Қирғизистон ва Узбекистон ба ватан мерасанд.
Видеро ин ҷо тамошо кунед.
Тӯҳфа Аҳмадова, рӯзноманигори тоҷик, ки ба дидорбинии фарзандони муҳоҷираш рафта буд, бинобар маҳдудиятҳо ба хотири коронавирус, чанд моҳ дар шаҳри Сургути Русия дармонд.
Ӯ мегӯяд, ширкатҳои тоҷикӣ аз Сургут то Душанбе бо нархи аз 45 то 54 ҳазор рубли русӣ чипта мефурӯхтанд, ки болотар аз тавоноии ӯ буд.
Ин рӯзноманигори тоҷик то Оши Қирғизистон бо маблағи 22 ҳазор рубл чипта харидааст ва дар маҷмӯъ, бо сарфи 24 ҳазор рубл, то шаҳри Бохтари вилояти Хатлон расидааст.
“Ман як одами нафақахӯр зурам ба нархи чиптаи парвози Сургут‑Душанбе нарасид. Он ҷо аз тоҷирони саховатманд кӯмак пурсидан мумкин буд, вале ман ин корро накардам”,‑‑гуфт ӯ.
Муҳоҷирон аз гаронии нархи чиптаҳои парвозҳои чартерӣ пайваста шикоят мекунанд. Масъулони ширкати “Сомон Эйр”, ки ҳоло парвозҳои чартерӣ ба Русияро анҷом медиҳад, борҳо гуфтаанд, ки ҳавопаймо аз як ҷониб холӣ парвоз мекунад ва аз ин рӯ нархи билет гарон аст.
Нархи чиптаи парвоз аз шаҳрҳои Русия ба кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, мисли Қирғизистон ва Узбекистон ба маротиб арзонтар аст. Аз ин рӯ, муҳоҷирон талош мекунанд, аз тариқи кишварҳои ҳамсоя ба ватан бирасанд.
Парвозҳои маъмулӣ миёни Русия ва Тоҷикистон аз охири моҳи март бинобар хуруҷи бемории коронавирус баста аст. Ҳоло танҳо тариқи парвозҳои чартерӣ, ки онро ширкати “Сомон Эйр” анҷом медиҳад, муҳоҷирон имкони бозгашт ба Тоҷикистонро доранд.