Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори муҳоҷирони корӣ дар Русия тақрибан 25% кам шудааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шумори муҳоҷирони корӣ дар Русия дар муқоиса ба моҳи сентябри соли гузашта қариб 25 дарсад кам ва ба наздики 1,8 миллион нафар расидааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дод.

Ба иттилои ВКД, як соли пеш ин нишондод 22,5 дарсад бештар буд ва шумори муҳоҷирон ба зиёда аз 2,3 миллион нафар мерасид.

Пештар аз ин шарҳдори Маскав Сергей Собянин гуфта буд, ки дар соли ҷорӣ ба пойтахт 40 дарсад муҳоҷир камтар ворид шудааст. "Шумори муҳоҷирон дар пойтахти Русия кам шудааст ва ин мушкилро ба бор овардааст", - гуфта буд Собянин.

Ба гуфтаи вай, норасоии муҳоҷирон дар бахши хадамоти коммуналӣ ва поккории кӯчаҳои Маскав мушоҳида мешавад. "Ин кори дастӣ аст, бо белу лом. На ҳамаи муҳоҷирон омодаанд, ки ин корҳоро анҷом диҳанд", - гуфта буд Собянин.

Бино ба таҳлилҳо, паҳншавии бемории коронавирус боис гардид, ки 40 дарсади ширкатҳо дар Русия бо камбуди неруи корӣ рӯ ба рӯ шаванд.

XS
SM
MD
LG