Посухи ин суолро Андрей Шевченко, узви Шӯрои Федератсияи Русия, рӯзи 14-уми май аз вазири корҳои дохилии он кишвар Владимир Колоколтсев пурсид. Вазир гуфт, танҳо чаҳор дарсади ҷиноятҳо дар Русия ба муҳоҷирон марбут аст ва хоҳони пешгирӣ аз афзоиши бегонаситезӣ ва саркӯби беасоси коргарони хориҷӣ шуд.
"Баъд аз ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл" ҷомеа нисбат ба муҳоҷирон ҳассосият нишон медиҳад," – илова кард Колоколтсев.
"Шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷи наздик меоянд, гоҳе тарзе рафтор мекунанд, ки тамоми ҷомеаро такон медиҳад. Вале мо набояд ба афзоиши бегонаситезӣ ва бесабаб истифода бурдани чораҳои таъсиррасонӣ нисбат ба онҳо иҷозат бидиҳем. Душманони стратегии мо ҳамин гуна бархӯрдро мунтазиранд. Онҳо интизоранд, ки вазъият дар дохили кишвар муташанниҷ шавад," – гуфт ӯ.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар айни замон муовини вазири корҳои хориҷии Русия дар Маҳфили таҳлилии "Валдай" гуфт, Русия бо шариконаш аз Осиёи Марказӣ кор мебарад, то роҳе барои ворид шудани идеологияи террористӣ вуҷуд надошта бошад.
Михаил Галузин таъкид кардааст, то кунун бозори кори Русия барои муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ягона мемонад. Ба гуфтаи ин мансабдори рус, ҳар сол аз ҳисоби пули муҳоҷирон миллионҳо оила дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон зиндагии худро пеш мебаранд.
"Мо бо шарикони худ барои беҳтар кардани ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират кор мебарем,” – гуфт Михаил Галузин.
"Аз ҷумла, дар самти он ки интихоби муҳоҷирон барои кор дар Русия бонизом амалӣ гардад. Манфиатҳои ҳама ҷонибҳо ба инобат гирифта шавад ва ба василаи воридшавии идеологияи террористиву ифротгароӣ ба кишвари мо табдил наёбад. Дар баробари ин, мо бар ин боварем, ки терроризм ва ифротгароӣ мазҳабу миллат надорад," – изофа кард ӯ.
Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки иқтисодаш сахт пойбанди пули муҳоҷирони корист. Дар чанд ҳафтаи охир шикояти муҳоҷирон дар бораи фишору азият ва ихроҷашон аз сӯи мақомоти рус бештар садо медиҳад.
Вазири корҳои хориҷии Русия тафтишу боздошт ва ихроҷи баъзе аз муҳоҷиронро муваққатӣ ва чораи пешгирӣ аз терроризм донист, вале мақомоти Тоҷикистон бархӯрди номуносиб ва ҳадафмандона арзёбӣ карданд.