Дар як сӯҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ шоми 2 май ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон фишорҳои эҷодшуда дар нисбати шаҳрвандони Осиёи Марказиро шарҳ дод.
Радиои Озодӣ: Вазъ аз назари шумо дар давоми ду рӯзи гузашта чӣ гуна аст?
Валентина Чупик: Дирӯзу имрӯз (1-2 май) ба номи ман дар бораи эҳтимоли боздошт шудани нафароне иттилое нарасидааст. Бори дигар таъкид мекунам, ки фишорҳо фақат ба шаҳрвандони Тоҷикистон марбут нест. Шаҳрвандони Тоҷикистон тахминан чоряки ҳамаи ғайриқонунӣ боздоштшудаҳоро ташкил медиҳанд. Тахминан нисфи онҳоро шаҳрвандони Узбекистон мебошанд. Шумори шаҳрвандони Қирғизистон ҳам аз тоҷикистониҳо кам нест. Мусофирони тамоми ҳавопайморо боздошт мекунанд. Парвозҳо аз шаҳрҳои гуногун, асосан аз кишварҳои Осиёи Марказиро манъ мекунанд, хабарҳое аз боздошти ҳавопаймое аз Арманистон ва Озарбойҷон ҳам буд. Яъне маҳз чеҳраҳои ғайриславяниро боздошт мекунанд. Ин сирф натсизми русӣ аст. Табъйиз бар асоси шаҳрвандӣ неву нажодпарастӣ аст. Масъала ин аст, ки вақте ҳавопаймое аз Тоҷикистон чеҳраҳои славяниро меорад, онҳо бемонеа ворид мешаванд. Агар чеҳраҳои ғайриславянӣ меоянд, онҳоро намегузоранд вориди кишвар шаванд. Инчунин, ман хабарҳое дар бораи ба Русия иҷозаи вуруд наёфтани шаҳрвандони Русияро ҳам дорам. Ин шаҳрвандонро танҳо баъди тафтиши беш аз 18-соата иҷозаи вуруд доданд. Яъне ин нажодпарастӣ аст, ба шаҳрвандӣ рабте надорад. Яъне агар як мӯйзарду чашмкабуд нестӣ, боздошт мешавӣ. Аз рӯи маълумоте, ки дорам, дар тамоми фурудгоҳҳо 4500 кас боздошт шудааст. Шумори мошинҳои дар гузаргоҳҳои сарҳадиии заминӣ боздоштшуда маълум нест. Вале мову шумо дар видеоҳо навбатпоиҳои бисёр тӯлониро дар гузаргоҳҳои марзӣ дидаем. Ман медонам, ки барои мошинҳои борбар гузаргоҳи дигареро боз карданд, то ки бо мошинҳои мусофирбар як ҷо наистанд ва ба ҷои он ки мусофирбарҳоро иҷоза диҳанд, барои борбарҳо роҳи иловагие боз кардаанд. Ба ҷои ҳалли масъала, ваҳъро сангинтар мекунанд.
Радиои Озодӣ: Дар сатҳи матбуот мо дидем, ки то ҳол танҳо мақомоти Тоҷикистон ин мавзӯъро бо Русия матраҳ кардааст ва Лаврову Муҳриддин баҳсро ба сатҳи оммавӣ бароварданд, вале бо ин вуҷуд, мақомоти Русия шеваи рафтори худро дигар накарданд, чаро?
Валентина Чупик: Ба фикри ман, онҳо хиҷолат мекашанд, ки эътироф кунанд, ки зери фишори кишварҳо рафторашонро тағйир додаанд. Азбаски дар ин ду рӯзи гузашта шикоят аз боздоштҳои нав нарасидааст, мешавад ду хулоса кард: мардум аз парвоз ба Русия худдорӣ мекунанд, ваё ин ки боздоштҳои нав ҷой надорад ваё телефонҳои мардумро мусодира мекунанд ва онҳо дигар огоҳ карда наметавонанд. Ман фақат тахмин мекунам, ки парвозҳои наву мусофирони тоза расидаро дигар боздошт намекунанд. Дар боздошт нафарони аз пеш манъшуда қарор доранд. Ман бар асоси муроҷиат ба худам инро мегӯям. Ба бовари ман, онҳоеро, ки дурудароз нигоҳ доштанд, дубора ба ватанашон мефиристанд ва онҳое, ки камтар боздошт шуданд, ба Русия роҳ медиҳанд. Чаро? Чунки онҳое, ки беш аз ду шабонарӯз дар боздошт буданд, ҳақ доранд ба номи додситонӣ ва додгоҳ аз боздоштшҳои беасоси хадамоти марзбонӣ шикоят кунанд. Барои пешгирӣ аз ин ҳолат дубора ба ватан фиристодани онҳоро авлотар мешуморанд. Онҳое, ки камтар аз 48 соат нигаҳдорӣ шуданд, ба хотири пешгирӣ аз шиддатёбии бӯҳрон дар равобит бо кишварашон, ба Русия кам-кам роҳ дода мешаванд.
Радиои Озодӣ: Яъне баъди ин ҳама коре, ки онҳо мекунанд, шумо боз ба риояи қонун аз ҷониби марзбонҳову дигар сохторҳои ҳифзи қонун умедвор ҳастед?
Валентина Чупик: На, аз онҳо чунин умеде надорам. Ба назари ман, онҳо гоҳо талаботи он қонунҳоро иҷро мекунанд, ки он ҷо имкони баҳси додгоҳӣ вуҷуд дорад. Масалан, мавзӯи таъмини инсони боздоштшуда бо эҳтиёҷоти асосии мисли хӯроку ташнобу ҷои хоб механизми ҳуқуқии баҳсу даъворо пешбинӣ намекунад. Медонем, ки онҳо ба ин мардум ғизо намедиҳанду ҳоҷатхонаро ҳам роҳат фароҳам намекунанд. Фарз кардем дар додгоҳ, ки аз пеш маълум аст, аз мавқеи онҳо ҳимоят мекунад, онҳо метавонанд чунин далел пеш оваранд, ки “ин мардум дар ҷои танг ҳам бошад, вале дар амният нигаҳдорӣ мешуд”, “касе онҳоро азият накардааст” ва “ин ки онҳоро касе хӯроку об надод, имкони рафтан ба ҳоҷатхона ваё тамос бо наздиконашон набуд, фақат ба он хотир буд, ки шумори кормандони мо кам буд ва ин мардум мавриди санҷиш қарор гирифтанд”. Вале дар робита бо боздошти беш аз 48-соата мешавад дар додгоҳ баҳс кард, чунки онҳо бояд то ин муддат шахсро ё ба ватанаш фиристанд ё ба Русия роҳ диҳанд. Додгоҳ ҳам бояд ба ин шикоятҳо ба тарзе вокуниш кунад. Аз ин рӯ, бале, онҳо на ҳама талаботи қонун ба ҷуз онеро, ки мешавад дар додгоҳ матраҳ кард, риоя мекунанд.
Боздоштҳо дар фурудгоҳҳои Русия
Радиои Озодӣ: Аз рӯи маълумоти шумо, ҳоло боздоштҳо танҳо дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои асосии Русия ва гузаргоҳҳои марзии мисли Қазоқистон мушоҳида мешаванд, ё дар роҳҳои оҳану тамоми даромадгоҳҳои дигар нуқоти Русия ҳам ҳаст?
Валентина Чупик: Аз рӯи шикоятҳое, ки ба номи ман мерасанд, феълан ҳеҷ ҳолате дар бораи боздоштҳо дар вокзалҳо вуҷуд надорад. Шикоят аз чунин фурудгоҳҳо расидааст: ҳама фурудгоҳҳои шаҳри Маскав, “Пулково”-и Санкт-Петербург, Екатеринбург, Қазон, Самара, Ростов, Оренбург. Дар Оренбург фурудгоҳ хеле хурд аст, ҳатто он ҷо боздошт мекунанд. Намефаҳмам, ки он ҷо чаро боздошт мекунанд, вақте он ҷо фақат аз Қазоқистон мераванд. Аз рӯи маълумоти ман, фурудгоҳи Новосибирск ҳам муҳоҷиронро қабул намекунад.
Радиои Озодӣ: Шумо дар бораи дарсади боздоштшудаҳо аз кишварҳову мардуми дармонда рақами дақиқ ба забон меоред. Ин оморро аз куҷо мегиред ва чӣ гуна онро ҳисоб кардаед?
Валентина Чупик: Ман шумори мусофирони ҳар хатсайрро ҳисоб мекунам. Ба ман шикоят мерасад ва мардум мегӯянд, ки аз фалон ҳавопаймо ба ҷуз 2-3 нафар дигар ҳеҷ касро ба кишвар роҳ надоданд. Фарз кардем, як ҳавопаймо 80% пур мешавад, аз миёни онҳо 2 неву 5 нафарро роҳ медиҳанд. Шумори мусофирони як ҳавопайморо ба 0,8 зарб зада 5 нафарро кам мекунем. Аз ин ҳисоб шумори боздоштшудаҳо дар фурудгоҳро ҳисоб мекунам. Дар бораи шумори мардуми дар гузаргоҳҳои марзӣ бо Қазоқистон боздоштшуда ман иттилое надорам.
Радиои Озодӣ: Рӯзе ба номи шумо чанд шикоят ворид мешавад?
Валентина Чупик: Дирӯз шикояти наве нагирифтам, вале 11 муроҷиат дар робита бо боздоштҳои гузашта буд. То дирӯз ҳамарӯза 40 то 50 муроҷиат дарёфт мекардам. Ҳамин нафарон мегӯянд, ки мусофирони тамоми ҳавопаймо боздошт шудаанд. Ман аз онҳо шумори хатсайрро мепурсам ва месанҷам, ки оё айни ҳамин шикоят аз ҷои дигар омадааст ё на ва агар буд, як хатсайрро як дафъа ҳисоб мекунам. Яъне ҳар маълумот дар бораи ҳавопайморо дақиқ санҷида ҳисоб мекунам.
"ТВ-ҳои Русияро бубандед"
Радиои Озодӣ: Шумо ба муҳоҷирон чӣ машварате доред?
Валентина Чупик: Ман мехоҳам ба ҳукумати Тоҷикистон як муроҷиате кунам: илтимос, телевизиони Русияро бубандед ва хоҳиш ин ки Интернетро фаъол кунед. Коре, ки шумо мекунед, ин аст, ки бо кӯмаки таблиғоти Русия аҳолии кишвари худро аҳмақ мекунед. Шумо дар даруни кишвари худ барои худ душман эҷод мекунед. Онҳо аввал оилаҳои худ ва баъдан кишвари шуморо хароб мекунанд. Худо накарда, агар таҷовузи Русия сурат гирад ва ин як кори воқеан шуданӣ аст, дур будани масофа ҳеҷ аҳамияте надорад. Худо накарда чунин шавад, ҳамин одамон Тоҷикистони худро дифоъ намекунанд, чунки онҳо хабар надоранд, ки Тоҷикистон як давлати мустақил аст. Телевизиони Русияро бикушед, Интернетро боз кунед, ки мардум ба маълумоти дуруст дастрасӣ дошта бошанду ҳарзаҳои онҳоро гӯш накунанд.
Гуфтугӯ